Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти Русия боз як шаҳрванди Тоҷикистонро қотил эълон кард


Бино ба хабари матбуоти Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба эҳтимоли куштори Дмитрий Любашенко-муттахассиси муди Русия боздошт кардаанд.

Ин хабарро сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ таъйид кард. Куштор дар аввалҳои моҳи июн дар Маскав рух дода буд. Аз шахси гумонбар телефонеро пайдо кардаанд, ки ба Любашенко тааллуқ дошт.

Любашенко яке аз шахсиятҳои машҳур дар доираҳои ҳунарии Русия дар хонаи худаш аз зарби корд ҷон дода буд. Дар ин бора раёсати умумии тафтишоти Маскав хабар додааст. Бино ба навиштаи матбуот, қотил шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон аст, вале аз вай ном намебаранд. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо мо, Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ҳоло кормандони консулгарии Тоҷикистон ба таҳқиқи воқеияти ин хабар машғуланд:

Эгамзод: Ҳоло масъулини консулгарии сафорат ин қазияро баррасӣ доранд. Онҳо бо мақомоти корҳои дохилаи шаҳри Маскав дар тамос шуданд ва ман фикр мекунам, ки рӯзи душанбе дар бораи ин парванда ва ҷузъиёти ин ҳодиса сафорат маълумоти заруриро дар ихтиёр хоҳад дошт. Аммо масъала ин аст, ки муттаассифона, рӯзҳои охир мавзӯи муҳоҷирони корӣ яке аз мавзӯъҳои калидии расонаҳои хабарии Русия гаштааст ва мову шумо хуб медонем, ки ин ҳама дар остонаи интихоботи мири шаҳри Маскав аст ва он тобишҳои сиёсӣ ҳам дорад. Дар гузашта чунин ҳодисаҳое буданд, ки дар они воҳид хабар дода мешуд, ки масалан ин ё он шаҳрванди Тоҷикистон дар ягон ҳодисаи шаҳри Маскав ё шаҳрҳои дигари Русия даст дорад. Аммо баъдтар маълум мешавад, ки дар он ҳодиса шаҳрванди Тоҷикистон аслан шарик нест ва ё он хабар ба Тоҷикистон ягон алоқамандӣ надорад ва ё дар он радди пои шаҳрвандони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дида мешавад. Бинобар ин ман фикр мекунам, ки то омадани ҷавоб аз сӯи мақомоти интизомии Русия дар робита бо ин ҳодиса маълумоти дақиқ пешкаш кардан душвор аст. Барои ҳамин ин қазия бояд дақиқ
Муҳаммад Эгамзод
Муҳаммад Эгамзод
аррасӣ шавад. Ҳоло мо аз мақомоти зидахли Русия расман дар бораи ин ҳодиса маълумот дастрас накардаем.

Озодӣ: То чӣ андоза қобили эътимод аст, ки гуфтаанд, аз ин шаҳрванди Тоҷикистон телефони Любашенко, яъне шахси кушташударо пайдо кардаанд, дар ҳоле, ки ин телефонро қотил метавонад дар бозор ба фурӯш гузорад ва ҳар шахсе онро бихарад? Матбуоти Русия фақат ҳамин далелро нишондиҳандаи қотил будани шаҳрванди Тоҷикистон эълон кардаанд.

Эгамзод: Албатта мо интизорем, ки сухани охирро тафтишот хоҳад гуфт, яъне дақиқан тафтишот нишон хоҳад дод, ки то чӣ андоза ин фарзия дуруст аст. Аммо мо дар хотир дорем, ки чанд муддат пештар як донишҷӯи тоҷикро низ барои он, ки телефони дуздиро харидааст, ба муҷозот кашонида буданд. То ҳол вакилони мудофеи ин шаҳрванд сари ин масъала кор мебаранд ва кӯшиш мекунанд, ки бегуноҳии вайро пурра собит намоянд. Ман фикр мекунам, ки Кумитаи тафтишотии Маскав, ки ин парвандаро тафтиш мекунад ва ҳақиқатро нишон хоҳад дод. Гузашта аз ин, ин масъала таҳти назорати сафорати Тоҷикистон дар Маскав қарор дорад ва мо ин масъаларо пайгирӣ хоҳем кард.
XS
SM
MD
LG