Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳоҷирро ҳатто барои нодуруст истодан ихроҷ мекунанд"


Муҳоҷирони кории тоҷик мегӯянд, барои дарёфти иҷозатномаи корӣ ё патент дар Маскав ба мушкил рӯбарӯ шудаанд.

Дар шӯъбаҳо ва ё марказҳои иҷозатномадиҳӣ ҳар рӯз бештар аз сад нафар муҳоҷирони кории хориҷӣ муроҷеа мекунанд ва дар миёни онҳо муҳоҷирони тоҷик хеле зиёданд. Вале шумораи хеле ками онҳо метавонанд иҷозатномаи корӣ дарёфт намоянд. Бо гузаштани мӯҳлати иҷозатномаи кӯҳна ва сабти ном онҳоро аз Русия ихроҷ ё депорт мекунанд. Чунин ҳолат онҳоро нигарон сохтааст ва яке аз онҳо аз номи муҳоҷирони корӣ ба Радиои Озодӣ занг зад, то барои дарёфти кӯмак доди онҳоро ба мақомоти зидахли Тоҷикистон расонем. Таваҷҷуҳатонро ба яке аз чунин сӯҳбатҳои телефонӣ аз Маскав ҷалб мекунам.

Аз он тарафи хат: Салому алейкум, ман Рустам Фармонов, аз шаҳри Воскресенски вилояти Маскав ба шумо занг зада истодаам.

Озодӣ: Шумо бо ин занги телефонӣ чӣ мехоҳед? Ҳадаф чӣ аст?

Фармонов: Ҳадафи занг задани ман ин аст, ки мо шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Воскресенски вилояти Маскав кор мекунем. Маркази бақайдгириашон ҳуҷҷатҳои моро дар вақти муайяншуда намедиҳад. Бо мо, одамоне, ки ба ин марказ меоянд, то патенташонро (иҷозатномаи корӣ) бигиранд, хеле бад муносибат мекунанд.

Озодӣ: Шумо медонед, ки ин чӣ идора аст ва он адрес дорад?

Фармонов: Ин ҷо идораи Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Воскресенск, кӯчаи Пионерский, хонаи рақами 5.

Озодӣ: Онҳо намехоҳанд иҷозаи корӣ диҳанд ё ҳуҷҷатҳои шумо нодуруст аст?

Фармонов: Мо, бачаҳо ҳама ҳуҷҷатҳоро супурдаем. Ҳамааш дуруст аст. Вақте, ки мӯҳлати патент тамом шуд, бояд онро нав кунанд. Дар ин ҷо як-ду нафар не, 150 то 200 нафар ҳастанд. Вақте ки ба коргарони ин марказ муроҷиат мекунед, онҳо баҳона меоранд ва мегӯянд, ки печатамон нест, пагоҳ биё. Пагоҳ, ки рафтӣ, мегӯяд, ки вақти патент тамом шудааст, ту бояд аз ягон сарҳад гузарӣ ва дубора вориди Русия шавӣ. Вале муҳоҷир ҳазор рубли русӣ пул супурдааст. Дар худи ҳамон ҷо низ пул супурдааст. Ана ҳамин хел бо муҳоҷирон “сарсонбозӣ” мекунанд. Патенти се нафарро худашон ба ақиб партофта мӯҳлаташро гузарониданд. Ба онҳо "баъди як ҳафта биёед” гуфтаанд. Онҳо омаданд, алакай як-ду рӯз гузаштагӣ буд. Ман худам шоҳид будам, ки ба ҳамин баҳона як зан ва як писарбачаро депортатсия карданд.

Озодӣ: Оё шумо ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ё ба ҷои дигар муроҷиат кардед?

Фармонов: Мо ба Хадамоти муҳоҷирати вилояти Маскав телефон кардем. Ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кардем. Охир ин масъаларо ҳал кардан даркор.

Озодӣ: Ба тахмини шумо, ин гуна муҳоҷирон чанд нафаранд?

Фармонов: Ҳар рӯз барои гирифтани патент 100 то 200 нафар ба ин марказ меоянд. Аз инҳо шояд фақат 10 нафар патент гирифта тавонанд. Намемонанд, ки ба он ҷо дароянд. Дар даромадгоҳ милитсия истодааст. Ба ҳамон ҳам пул медиҳанд, баъд вай ҳуҷҷатҳоро мегирад. Бе пул намемонад, ки наздик шавӣ.

Озодӣ: Пас ин муҳоҷирон, ки наметавонанд дар вақташ патент бигиранд, чӣ кор хоҳанд кард?

Фармонов: Ба онҳо мегӯянд, ки бояд ба Украина раванд ва аз сарҳад гузашта, дубора вориди Русия шаванд ва ба таври расмӣ сабти ном шаванд. Вале вақте, ки аз марз гузашт, номаш ба таври автоматӣ дар компютер пайдо мешавад, ки мӯҳлати патент ё сабти ном тамом шудааст. Ҳаминро баҳона карда муҳоҷирро депорт мекунанд. Инро ҳамаи муҳоҷирони мо намедонанд. Як мисоли дигар. Бечора як зани тоҷик забони русиро ҳам хуб намедонад. Милиса дар пеши чашми мо вайро дошта, ба назди дар бурда нишон дода мепурсад, ки “ту инро дидӣ, чӣ аст?” Дар он дар навишта шудааст, ки “Отдел депортации”. Он зан гуфт, на намедонам. Бо вуҷуди ин, ки ҳуҷҷатҳои вай дуруст буд, ба вай таҳдид карда гуфт, ки ман туро ба ҳамон шӯъба мефиристам. Милиса баҳона карда ба зан мегӯяд, ки ту дар сари роҳи дамромади ман истодаӣ. Бовар кунед, мардуми моро ба ҳар баҳона азоб медиҳанд.

Озодӣ: Оё дар назди ин марказ ҷое нест, ки муҳоҷирон бо низом навбатро риоя кунанд ва мунтазир шаванд?

Фармонов: Ягон ҷо барои нишастан нест. Маҷбуранд дар роҳ истанд. Алафро поймол кардӣ гуфта, ҳуҷҷатҳояшонро кашида мегиранд.

Озодӣ: Ҳуҷҷатро гирифта чӣ кор мекунанд?

Фармонов:
Депортатсия мекунанд.

Озодӣ: Фақат барои нодуруст истодан?

Фармонов: На фақат барои он. Масалан, дар сари як нафар шапка (кулоҳ) буд. Ту шапка дорӣ гуфта, ба вай дарафтоданд. Ду нафари дигар дар назди панҷара истода буданд, дасташон дар панҷара буд. Барои ҳамин ҳуҷҷатҳои онҳоро гирифтанд, барои депортатсия.

Озодӣ: Ба назаратон сарнавишти ин гуна одамон чӣ хоҳад шуд? Онҳо оила доранд, зану фарзанд доранд. Шояд ба умеде омада буданд, ки барои хонаводаашон ризқу рӯзӣ пайдо кунанд?

Фармонов: Намедонам... Як нафари онҳо бо занаш буд, бечора занаш вазнин буд... Ба онҳо гуфтанд, ки дар давоми даҳ рӯз бояд баромада раванд, тамом. Онҳо гириста-гириста баромада рафтанд. Намедонам сарнавишти онҳо чӣ мешавад.

Шикояти дувум

Озодӣ: Оё дар наздикии шумо ҳамин гуна шахсе ҳаст, ки натавонистааст патент бигирад? Мо мехоҳем бо ин гуна одам сӯҳбат кунем?

Фармонов: Ҳаст. Ана дар назди ман як нафар истодааст. Марҳамат гап занед.

Аз он тарафи хат: Ман Қодиров Саид.

Озодӣ: Мушкил чӣ аст, ки шумо ба Радиои Озодӣ муроҷиат мекунед?

Қодиров: Мушкили мо ин аст, ки вақте ба ҳуҷраи ба қайдгирӣ меравем, моро дашном мекунанд. Дар сари роҳ меистанд, касеро ба тарафи ҳуҷра рафтан намемонад. Касе, ки пул диҳад, роҳ медиҳанд, набошад, намемонанд. Мардуми бечора аз соати 4 саҳар то соати 6 бегоҳ мешинанд, муродашон ҳосил намешавад, баргашта мераванд. Дар як рӯз 5-10 нафар иҷозатномаи корӣ мегиранд, дигарон ҳар рӯз ҳамин тавр меоянду мераванд. Мо ҳар рӯз аз 150 нафар зиёдтар дар сари роҳ меистем. Дар назди бино одам зиёд аст. Ҳатто раҳгузарон гузашта наметавонанд. Ҳуҷраи иҷозатномадиҳӣ он қадар калон нест. Мисли як кулба аст. Як дарича дорад, як нафар медарояду халос.

Озодӣ: Оё дар минтақаи шумо марказҳои дигари додани иҷозатномаи корӣ (патент) вуҷуд надорад?

Қодиров: Дорад, дар фурудгоҳи Домодедово ҳаст, дар табақаи дуввум. Ё мегӯянд, ки ба фурудгоҳи Шереметево равед. Он ҷо ҳам ҳамин аҳвол. Ҳамон ҷо ҳам рафтем. Аз саҳар то бегоҳ шиштем, боз гашта ба ҳамин ҷо омадем. Ҳоло намедонем бо ин мушкил чӣ кор кунем.

Ва назари намояндагӣ

Ин ду шунавандаи мо изҳор доштанд, ки барои кӯмак ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав телефонӣ муроҷиат кардаанд. Мо бо ин намояндагӣ тамос гирифтем. Саид Боев, сухангӯи ин намояндагӣ гуфт:

Боев: Чунин хабар аз шаҳри Воскресенск ба мо низ расид ва ман бо яке аз муроҷиаткунандагон сӯҳбат доштам. Ман хоҳиш кардам, ки чунин муҳоҷирон бо ҳуҷҷатҳое, ки дар даст доранд, ба мо муроҷиат кунанд ва мо бо назардошти қонун ин масъаларо бо мақомоти дахлдор баррасӣ мекунем. Агар онҳо иҷозатномаи корӣ гирифта натавонанд, ба онҳо тавсия дода мешавад, ки аз қаламрави Русия берун раванд ва дубора аз марз гузаранд. Дар он сурат онҳо метавонанд худро дубора дар Хадамоти муҳоҷирати Русия сабти ном кунанд. Бар асоси қонуни нави Русия ба шаҳрванди хориҷӣ барои сабти ном як моҳи дигар мӯҳлат дода мешавад. Агар дар ин муддат дубора сабти ном нашаванд, ба таври автоматӣ дар маълумотномаи хадамоти муҳоҷирати Русия роҳи вуруд баста ва иқомат мамнуъ карда мешавад ва муҳоҷири хориҷӣ ҳаққи вуруд ба Русияро надорад. Вақтҳои ахир бисёр муҳоҷирони мо ба ин мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Солҳои пеш чунин қонун набуд. Ҳоло муҳоҷирони мо ин муқаррароти навро намедонанд ва бепарвоӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG