Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар интизори издивоҷ бо духтари хола


Як ҷавони тоҷик аз эҳтимоли манъ шудани издивоҷҳои хешутаборӣ дар Тоҷикистон ошуфта шудааст.

Баҳодур Ҷӯраев, як сокини ноҳияи Панҷакент, ки ҳоло дар як тарабхонаи Маскав чун пешхизмат кор мекунад, аз ин эҳтимол, ки издивоҷи хешутаборӣ аз тариқи қонун мамнӯъ мешавад, нороҳат шудааст. Ӯ мегӯяд, се сол боз интизори тӯи арӯсӣ бо духтари холааш аст ва аз даъвати вакилони парлумон барои ҷилавгирӣ аз издивоҷҳои хешутаборӣ нигарон шудааст.

Саодат Амиршоева, вакили порлумони Тоҷикистон рӯзи 14 март дар ҷаласаи парлумон пешниҳод кард, ки издивоҷи хешутаборӣ аз роҳи қонун манъ карда шавад. Хонум Амиршоева «тоза кардани хуни миллати тоҷик ва генафонди миллӣ»-ро ҳадафи ин пешниҳоди худ унвон мекунад. Пешниҳоди ӯ дар чорчӯби ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси оила дар нишасти ахири Шӯрои Маҷлиси намояндагон, палати поёнии порлумон ба инобат гирифта шуд ва ба ин хотир гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи вакилон ташкил гардид.

Вай мегӯяд, паёмади мушкили издивоҷи хешутаборӣ, ки дар пайи он фарзандони маъюбу носолим ба дунё меоянд, ӯро водор кардааст, то ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кунад ва тавонад аз роҳи қонунӣ пеши роҳи ин падидаро бигирад.

Ин дар ҳолест, ки оморҳои расмӣ ҳокист, ки 50 дарсади кӯдаконе, ки дар пайи издивоҷи хешутаборӣ ба дунё меоянд, мубталои бемориҳои мухталифи ирсӣ ҳастанд ва танҳо 25 дарсади онҳо солиманд. 25 дарсади кӯдакони ин гуна хонаводаҳо, гирифтори бемориҳои модарзодӣ ҳастанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ дар ин авохир ба ҷилавгирӣ аз равнади издивоҷҳои хешутаборӣ таваҷҷӯҳ карда ва тариқи шабакаҳои радио ва телевизион барномаҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳандози кардааст.


Вале чунин пешниҳод на ба ҳама хушоянд будааст. Баҳодур Ҷӯраев, як ҷавони тоҷик дар тамоси телефонӣ тавассути Skype дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ Искандари Хоҷамирзода андешаҳояшро баён кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG