Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як турк бо гумони даъват ба Сурия


Як шаҳрванди 50-солаи Туркия бо иттиҳоми ҷалби ҷавонони Тоҷикистон ба "ҷиҳод" дар Сурия боздошт шудааст. Ин шахс бо номи Меҳдӣ Якуш рӯзи 16 март бо раводиди сайёҳӣ вориди Тоҷикистон шуда, сокинони ноҳияи Рӯдакии ин кишварро барои кор ба Туркия ҷалб кардааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши хабар ҷузъиёти зиёд надодааст, аммо гуфта мешавад, омодагиҳои афроде, ки Якуш ба сафари Туркия ҷалб намудааст ва ҳам маҳалле, ки қарор буд, як оилаи тоҷик сафар кунад, дар наздикии марзи Туркия бо Сурия будааст.

XS
SM
MD
LG