Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи минтақаи Нагатинои Маскав Гулғунча Амонбеговаро ба муддати ду моҳ ба ҳабс гирифт. Ин зани 38-сола ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 7-уми феврал кӯдаки навзодашро ба партовгоҳ андохтааст.

Гулғунча Амонбегова, як шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи додгоҳи минтақаи Нагатинои шаҳри Маскав ба иттиҳоми андохтани тифли навзодаш дар партовгоҳ, ба муддати ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Ин шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон чаҳор рӯз қабл кӯдаки навзодашро ба қуттии партовҳо дар маҳаллаи Борисовские Пруды, андохта буд.

Гулғунча Амонбегова субҳи 7 феврал кӯдаки навзод ва норасиди худро бо латтапораҳо ва селофан печонида, аз ошёнаи панҷум бо лулаи партовҳо ё “мусоропровод” ба поин ба қуттии партовҳо равон кардааст. То ҳол диқақ нест, ки оё ин зан мехост аз кӯдаки навзоди худ халос шавад ё сабаби дигаре вуҷуд дорад. Вале дар Кумитаи тафтишотии Маскав дар ҷараёни бозпурсӣ вай эътироф кардааст, ки мехостааст бо ин роҳ кӯдакро бикушад ва аз вай ба қавле “халос шавад”.

Раёсати умумии Кумитаи тафтишоти Маскав баъд аз бозпурсӣ бар зидди ин зан парванда боз кардааст ва эҳтимол меравад, ки вай бо банди 30, моддаи 106 Қонуни ҷиноии Русия барои сӯиқасд ба ҷони кӯдаки навзод, муттаҳам дониста шавад.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, аз рӯзи аввали вуқӯи ин ҳодиса ба Кумитаи тафтишотии Маскав барои дарёфти маълумот дархост фиристодааст ва то ҳол ин кумита натиҷаҳои расидагии аввалияро дар ихтиёри сафорат нагузоштааст.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи нави сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт: “Шаҳрванди мо аст. Бояд таҳқиқ кунанд, ки барои чӣ ин кор рух додаст ва дар кадом ҳолат рух додааст. Агар ин зан воқеан ҳам ин корро карда бошад, қонунҳои Русия барои он муҷозот пешбинӣ мекунанд, чунки ин кор сӯиқасд ба ҷони кӯдак дониста мешавад ва шояд, ки барои сӯиқасд модар ҷазо бигирад. Консулгарии мо бо Кумитаи тафтишотии Маскав ҳамкорӣ дорад.”

Кумитаи тафтишотии Маскав дар як хабари матбуотӣ ишора кардааст, ки ин кӯдак дар натиҷаи зиндагии печидаву номуназзами ин зан ба дунё омадааст ва модари вай хостааст аз ин кӯдаки нохоста халос шавад.

Ба шарофати Ҳомид Абдуллоев, шаҳрванди 19-солаи сокини ноҳияи Бохтари Тоҷикистон ин кӯдак-духтарча зинда монд ва ҳоло дар яке аз бемористонҳои Маскав зери назари табибон қарор дорад. Ҳомид якуним сол пеш дар ҷустуҷӯи кор аз Бохтар ба Маскав омад ва ҳоло ба рӯбучини хиёбонҳо машғул аст. Вай лаҳзаҳои пайдо кардани кӯдак дар қуттии партовҳоро дар субҳи 7 феврал дақиқ дар ёд дорад ва мегӯяд, ҳатто баробари ворид шудан ба долони қуттиҳои партов дар танҳоӣ ва дар торикӣ овози кӯдакро шунида ҳаросидааст.

Вале ба зудӣ ҷустуҷӯро шуруъ кардааст: “Дарро кушодам, ки як овоз баромада истодааст, гиря неву овози кӯдак. Тарсидам, ин тараф он тараф нигоҳ кардам. Пештар рафтам, аторофи контейнерро (қуттии партовро) пурра нигоҳ кардам. Касе набуд. Гӯш кардам, ки овоз аз даруни контейнер меояд. Партовҳоро кофтан гирифтам, ки як салафан кам-кам ҷунбида истодааст. Бардоштам ва камтар кушодам, ки кӯдакро дидам. Бо латта печондагӣ буд, дар даруни пакет. Гирифтаму дар ҷои ҳамвортар мондаму зуд берун баромадам. Дворникҳои ҳамсояамон кор карда истода буданд. Даъват кардам. Фонарик оварданд, кӯдакро дидем. Як-ду нафар ба диспетчерский давиданд, ки мошини "Ёрии таъҷилӣ"-ро хабар кунанд. То омадани ёрии таъҷилӣ кӯдакро дар либосамон печондем, ки хунук нахӯрад. Аввал пулис омад. Баъд "Ёрии таъҷилӣ" омаду бурд”.

Баъд аз бурдани кӯдак ба бемористон пулис ба ҷустуҷӯи модари кӯдак шурӯъ кард. Бо ёрии ҳамсояҳо модари кӯдакро дар ошёнаи панҷуми бино пайдо карданд. Наталия Каряшкина, корманди фаннии хадамоти коммуналии манзилҳо, ки раҳбари Ҳомид аст, ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: “Маълум шуд, ки кӯдакро зане аз ошёнаи панҷум партофтааст. Ин зан ҳоло боздошт шудааст ва тавре ки ман медонам, дар ин бора гувоҳӣ дода истодааст. Вақте ки аз вай пурсидаанд, ки чаро ёрии таъҷилиро даъват накардааст, вай гуфтааст, ки тарсидааст ва надонистааст, ки бояд чӣ кор кунад. Дар пакет гирифтаасту партофтааст”.

Дар ҳар ҳолат, вақте ки парванда боз мешавад, аз эҳтимол дур нест, ки санҷишҳои ДНК гузаронида шавад, зеро зан ҳеҷ гоҳ бидуни сабаби ҷиддӣ ба чунин кор даст намезанад. Абдулло Давлатов, пизишки тоҷик

Абдулло Давлатов

Абдулло Давлатов

дар Маскав мегӯяд, мушкили муҳоҷирон набуди маблағи кофӣ аст, то онҳо битавонанд бо ёрии пизшкон дар моҳҳои аввали бордорӣ аз кӯдаки нохостаи батни худ дар бемористонҳо халос шаванд. Аммо намунаҳои дигар ҳам ҳаст ва он поин рафтани ахлоқи баъзе занону духтарон аст, ки аз ҳамхобагиҳои номуназзам бордор ва ба мушкилиҳои равонӣ гирифтор мешаванд.

Оқои Давлатов мегӯяд: “Беҳтар аст ин гуна пешомадҳо расонаӣ шаванд, то давлату мардум ва падару модарон ва ононе, ки фарзандонашонро ба Русия мефиристанд, каме фикру андеша кунанд. Дувум, ин гуна занону духтарон мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ доранд, ки ба табибон муроҷиат намекунанд. Мушкилоти равониро ҳам бояд фаромӯш накунем. Лекин онҳоро ҳам гунаҳгор кардан он қадр одилона нест. Решаҳои он маълум аст, ки онҳоро кадом мушкилиҳо ба ин ҷо овардааст”.

Натиҷагирӣ дар бораи ҳодисаи партофтани кӯдаки норасид ба қутти партовҳо ва сабабҳои сӯиқасди модар ба ҷони кӯдаки худ то ҳол эълон нашудааст. Вале коршиносон мегӯянд, ки дар ҷараёни расидагӣ ва бозпурсӣ шояд зан воқеиятро эътироф кунад. Дар бораи ин, ки оё кӯдакро баъд аз муолиҷа ба модараш бармегардонанд ё на ва ба модар чӣ ҷазоро раво хоҳанд дид, танҳо додгоҳ тасмим мегирад ва шояд расидагӣ ба парванда чандон тӯл накашад.

Бо вуҷуди тахмин фарзияҳо дар мавриди сабабҳои даст задани Гулғунча Амонбегова ба ин амал, то ба ҳол ба таври дақиқ маълум нест, ки чӣ ангеза ӯро ба ин кор тела додааст -- стресси баъди таваллуд ва ё мушкилоти дигар?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG