Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як ҷавони тоҷик дар фосилаи як қадам аз “зиндагии беҳтар”


Як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон дар марзи Беларус бо Литва дастгир шудааст. Ӯ иқрор кардааст, ки ба ҷустуҷӯии як зиндагии беҳтар ба Иттиҳодияи Аврупо рафтан мехост.

Кумитаи давлатии марзбонии Беларус мегӯяд, як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро дар марзи вилояти Гродно бо Литва дастгир кардааст. Як намояндаи қисми навбатдории Гурӯҳи марзбонии Гродно рӯзи 15 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари боздошти ин ҷавони тоҷикро тасдиқ кард. Ӯ гуфт: “ Як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1995, рӯзи якшанбе, 12 июл замоне дастгир шуд, ки мехост аз як минтақаи берун аз гузаргоҳи расмӣ сарҳади Беларус бо Литваро убур кунад.”

Ин ҷавони тоҷик, ба гуфтаи марзбонони Беларус баъди боздошт иқрор кардааст, ки ба хотири ҷустуҷӯи як зиндагии беҳтар дар Иттиҳодияи Аврупо марзро шикастааст. Дар бахши тафтишоти Гурӯҳи марзбонии Гродно аз ироаи ҷузъиёти парвандаи ин шаҳрванди Тоҷикистон худдорӣ карданд, вале гуфтанд, ба сафорати Тоҷикистон дар Беларус дар ин бора номаи расмӣ фиристодаанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Беларус ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз номаи расмие аз ҷониби Беларус нагирифтаанд, вале аз боздошти як ҷавони тоҷик дар марзи Беларус бо Литва аз матбуот хабардор шудаанд. Корманди масъули сафорат рӯзи 15 июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё сафорат ва консулгарӣ ин шаҳрванди боздоштшудаи тоҷикро бо ҳимояти ҳуқуқӣ таъмин хоҳанд кард?, гуфт: “албатта, сафорат дар ҳолати зарурӣ аз шаҳрванди Тоҷикистон ҳимоят хоҳад кард.”

Падару писари муғули боздоштшуда

Падару писари муғули боздоштшуда

Гурӯҳи марзбонии Гродно рӯзи 12-уми июлро як рӯзи барои худ “ ба сурати умум хеле бобарор” меномад, зеро чанд соат баъд аз боздошти шаҳрванди Тоҷикистон ду шаҳрванди Муғулистон – падару писарро, ки мехостанд бо қаиқи резинӣ тавассути дарёи Неман ба Литва гузаранд, дастгир карданд. Маълум шуд, ки ин падару писарро дар соли 2014, баъди 3 соли зиндагии ғайриқонунӣ аз Олмон ихроҷ кардаанд ва онҳо барои дубора пайвастан ба боқӣ аҳли хонаводаи худ аз Муғулистон тавассути Русия роҳи тӯлониеро тай карда, ба Беларус омадаанд ва баъди омодагии ҷиддӣ ва аз қабл харидани қаиқ ба шикастани марз азм кардаанд.

Мақомоти Беларус мегӯянд, ҳарсе шаҳрванди хориҷӣ бо иттиҳоми марзшиканӣ дастгир шудаанд. Онҳоро метавонанд аз қаламрави Беларус ихроҷ ва вуруди дигарбораашон ба қаламрави ин кишварро ба мӯҳлати то 5 сол манъ кунанд.

Кишварҳои пасошӯравии соҳили Балтик – Литва, Латвия ва Эстония, ки узви Иттиҳодияи Аврупоянд, дар солҳои охир, бавижа дар пайи ба минтақаи Шенген пайвастани ин кишварҳо ба як масири умдаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Аврупо аз паҳнои пасошӯравӣ ва ҳамчунин аз кишварҳое, чун Ветнаму Афғонистон ва Муғулистон, табдил ёфтаанд.

Зимнан дар моҳи апрели соли равон дар минтақаи марзии Пински Беларус як шаҳрванди Сурия бо шиносномаи қалбакии Тоҷикистон дастгир шуда буд. Ҳангоми тафтиш маълум шуд, ки ин мард аксашро дар шиноснома иваз кардааст. Ӯ баъди боздошт гуфтааст, баъди хатми донишгоҳи Тернополи Украина намехост ба Ватани ҷангзадааш баргардад ва азбаски раводиди сафар ба Беларусро надошт, барои вуруд ба ин кишвап аз шиносномаи тоҷикӣ истифода бурдааст.

XS
SM
MD
LG