Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати меҳнату муҳоҷират: Маҳкумшуда ходими ин сохтор нест


Додгоҳи Кемерово Мирзосаидовро чун намояндаи хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ айбдор донистааст.

Дар вилояти Кемеровои Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро дар тақаллуби санадҳо гунаҳгор дониста ба се соли зиндони шартӣ маҳкум карданд.

Додгоҳи марказии Кемерово дар ҳукме, ки ахиран содир кардааст, Иброҳим Мирзосаидови 36-соларо чун корманди хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия муаррифӣ карда, барои даст доштанаш дар тақаллуби ҳуҷҷатҳо ва қонунӣ кардани будубоши 8 шаҳрванди хориҷӣ гунаҳгор донистааст.

Дар ҳукми додгоҳ инчунин исми В.Потапови 68-сола чун шарики Мирсозсаидов зикр мешавад. Ирина Кокорина, намояндаи хадамоти матбуоти ин додгоҳ ба матбуоти русӣ гуфтааст, ки ду нафар барои даст доштан дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ айбдор дониста шудаанд. Додгоҳ ин ду нафарро шартан ба се соли зиндони шартӣ бо се соли дигари мӯҳлати санҷишӣ маҳкум кардааст.

Ходими матбуоти додгоҳ гуфтааст, ки Мирзосаидов ва Потапов ҳарду дар рӯзи бланкҳои хадамоти муҳоҷирати Русия санад таҳия карда, дар рӯи ин коғазҳо мӯҳрҳои тақаллубии убури марзи давлатии Русияро мегузоштанд.

Ин кори ғайриқонунии онҳо дар мӯҳлати беш аз як сол – аз тобистони соли 2012 то сентябри соли 2013 идома кардааст. Дар давоми ин мӯҳлат, 8 шаҳрванди хориҷӣ ба таври ғайриқонунӣ дар Русия зиндагӣ кардаанд, мегӯяд додгоҳ.

Айни замон, Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Мирзосаидов корманди ин сохтор нест:

- Дар намояндагии хадамоти муҳоҷират чунин шахсе бо исми Иброҳим Мирзосаидов кор накардааст. Як вақтҳо корхонаи давлатии воҳиди "Тоҷикхориҷакор" буд, ки порсол фаъолияти он қатъ шуд. Шояд ин шахс дар ҳамон ҷо кор мекард. Вале бо барҳам хӯрдани ин корхона, агарчанд ин шахс корманди ин сохтор буд, дигар аз ин ҳақ маҳрум мешавад.

Иброҳим Аҳмадов мегӯяд, эҳтимолан, Мирзосаидов ҳам худро корманди ин сохтор дар минтақаи Кузбасс муаррифӣ кардааст.

Мақомоти Русия пайваста зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳам афроди дастдошта дар ташкили будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG