Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорат: Эҳтимоли боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Туркия таҳқиқ мешавад


Акс аз моҳи маи соли 2016

Акс аз моҳи маи соли 2016

Дар миёни 30 муттаҳами боздоштшуда бо гумони ташкили ҳамлаҳои террористии фурудгоҳи байналмилалии Отатурк дар Истамбул, ба қавли президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, хориҷиҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ ҳастанд.

Эрдуғон рӯзи 5 июл дар изҳороте дар Анқара гуфт, дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи ҳамлаҳои интиҳорӣ ба фурудгоҳи Отатурк аз рӯзи 28 июн то кунун 30 нафар боздошт шудаанд. Аз рӯи изҳороти Эрдуғон, дар миёни боздоштшудаҳо эҳтимол шаҳрванди Тоҷикистон ҳам бошад. Эрдуғон дар баробари хабарнигорон гуфтааст, ки тафтишот ба кори дасти ҷангиёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" будани ин ҳодисаҳо бештар бовар дорад, чунки, ба гуфтаи президенти Туркия, методи амалӣ шудани ин ҳамлаҳои террористӣ шабеҳи кори онҳо аст.

Шаби душанбе ба сешанбе мақомоти Туркия ба 17 боздоштшуда, аз ҷумла 11 шаҳрванди Русия барои узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ айб эълон карданд. Ҳамаи онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд. Рӯзи якшанбе мақомоти Туркия ба 13 гумонбари дигар ҳам айб эълон карда, онҳоро ба ҳабс гирифтанд. Дар миёни ин 13 нафар се хориҷӣ мебошанд.

Аз рӯи муқаррароти байналмилалӣ, ба ҳангоми боздошти як шаҳрванди хориҷӣ аз рӯи талабу дархости ин шахс хабари дастгир шуданаш ба намояндагии дипломатии кишвараш дар ҳамон давлат расонда мешавад. Дар сурати адами чунин хоҳиш, мақомоти маҳаллӣ ҳақ доранд ба сафорат муроҷиат накунанд.

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Анқара мегӯянд, ки хабари эҳтимоли боздошти шаҳрванди Тоҷикистонро аз рӯи ин қазия аз матбуот дарёфт кардаанд. То ба ҳол ба ин намояндагӣ ҳеҷ дархост аз шаҳрванди эҳтимолии Тоҷикистон барои дарёфти кумак дастрас нашудааст ва, инчунин, мақомоти тафтишотӣ ҳам дар бораи боздошти тоҷике ба сафоратхона хабар надодаанд.

Муродбек Асламов, котиби сеюми сафорати Тоҷикистон дар Анқара, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, масъулони сафоратхона бо ин вуҷуд ҳатман дурустии ин хабарро таҳқиқ ва дастраси матбуот хоҳанд кард. Ҳанӯз, ба гуфтаи ӯ, на исму ҳуввият ва на эҳтимоли узви гурӯҳи мусаллаҳ будани ин шахс барои онҳо маълум нест.

Дар бораи эҳтимоли аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон анҷом шудани ҳамлаи рӯзи 28 июни соли ҷорӣ, ки 45 кушта ва 240 нафар захмӣ бар ҷой гузошт, бори аввал нашрияи "Milliyet"-и Туркия хабар дод. Дар хабари зидду нақизи ин нашрия аз рӯзи 30 июн гуфта мешуд, ки ҳамлаҳои интиҳориро се шаҳрванди Тоҷикистон анҷом додаанд. Вале он замон сардабирони нашрия натавонистанд дурустии ин хабарро барои ҷониби Тоҷикистон исбот кунанд.

Баъдан мақомоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе ҳам бо пахш изҳороте гуфтанд, ки хабари боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо гумони анҷоми ин ҳамлаҳо дар сӯҳбатҳои мақомоти тоҷик бо амниятиҳои Туркия тасдиқи худро наёфт.

Баъди ин вазорати умури дохилаи Туркия бо пахши изҳороте шоми 30 июн гуфт, ки таркишҳои Истамбул кори дасти шаҳрвандони хориҷӣ мебошад ва дар миёни ҳамлагарон шаҳрвандони Русия, Ӯзбакистон ва Қирғизистон мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG