Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷири тоҷик дар дастаи ҷиноӣ нақши «полис»-ро мебозидааст


Дар Маскав як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ боздошт шуд, ки аз афсарони полис, Хадамоти зидди қочоқи маводи мухаддир ва як шаҳрванди Тоҷикистон иборат будааст.

Шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун узви як гурӯҳи созмоёфтаи ҷиноӣ бо дастури афсарони полис ва Хадамоти зидди қочоқи маводи мухаддир ба қаллобӣ ва пулситонӣ машғул будааст.

Полиси Русия мегӯяд, як моҳ пеш дастаеро кашф ва боздошт кардааст, ки аз афсарони полис ва идораи зидди қочоқи маводи мухаддир таркиб ёфта, як шаҳрванди Тоҷикистон низ узви он будааст.

Бино бар ин хабаркапитани полис ва ду афсари аршади Хадамоти зидди қочоқи маводи мухаддир ҳамроҳ бо як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон афродеро интихоб намуда, ба ҷайби онҳо миқдоре ҳероин мепартофтаанд ва сипас бо таҳдиди боздошт аз ӯ маблағҳои калон меситондаанд. Ин гурӯҳ дар ҳоле ба даст афтодааст, ки мехост бо айни нақша аз як корманди «Мослифт» 1 миллиону 200 ҳазор рубл ситонад.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар ин қазия нақши афсари полисро бозида, барои гуфтушунид ба «сайд» фиристода шудааст. Боздолшти ӯ дар рӯзи 21-уми ноябр ҳамаи дастаро ифшо намуд. Полис гумон дорад, ки бо чунин нақша афроди зиёде зарар дидаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчунин ҳамватанони худро ба қурбониёни ин тавтеаҳо табдил дода бошад.

Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, капитани полис аз кор ронда шуд ва раҳбарони он низ ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд. Ин манбаъ аз додани тафсилоти бештар дар бораи қазияи мазкур худдорӣ намуд.

Рӯшан нест, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон дар чӣ заминае ба ин дастаи мутшаккили ҷиноӣ шарик шудааст ва ин гурӯҳ чанд муддат ба ин ҷониб амал мекардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG