Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Эмиссарҳои ДИИШ шиносномаи тоҷикиро ба 300 евро фурӯхтаанд"


Мақомоти Украина як тоҷики гумонбар ба узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро ба ҷониби Тоҷикистон таслим кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ин шаҳрванди Тоҷикистон се моҳи пеш аз тарафи пулиси байналмилалӣ ё Интерпол боздошт шуда буд.

Дар ҳамлаҳои моҳи сентябр ба сафорати Чин дар Бишкек, мақомоти ин кишвар маълум карда буданд, ки ду ҳамлагар аз шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон истифода кардаанд.

Як ҳамсӯҳбати мо дар мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 3 январ гуфт, нафари боздоштшуда Далер Наҷмиддинов, сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакист. Аммо ӯ дар Украина бо шиносномаи узви дигари ДИИШ Бахтиёр Сатторов дастгир шудааст. Ба иттилои манбаъ, Бахтиёр Сатторов, сокини 35-солаи Фархор, соли 2014 ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста ва бино ба гузоришҳо тобистони соли гузашта дар як ҳамлаи маргталабона дар Сурия кушта шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки хабари марги 300 шаҳрванди кишвар дар ҷангҳои Ховари Миёна ба наздиконашон расидааст
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки хабари марги 300 шаҳрванди кишвар дар ҷангҳои Ховари Миёна ба наздиконашон расидааст

Мусоҳиби мо гуфт, то лаҳзаи истирдод ба Тоҷикистон мақомот фикр мекарданд, нафари боздоштшуда Бахтиёр Сатторов аст. Аммо баъди бозпурсии аввалия ин фард гуфтааст, Далер Наҷмиддинов аст ва ҳангоми бозгашт аз Сурия шиносномаи Бахтиёр Сатторовро дар ивази 300 евро аз гумоштаҳои ДИИШ дар Туркия харидааст.

Шиносномаи тоҷикӣ дар Туркия?

“Вай фикр кардааст, ки номаш шояд дар рӯйхати Интерпол бошад. Барои ҳамин, дар ҷустуҷӯи шиносномаи дигар шудааст. Эмиссарҳои ДИИШ барояш ин шиносномаро фурӯхта гуфтаанд, ки Бахтиёр Сатторов таҳти пайгард қарор надорад ва бо шиносномаи ӯ метавонӣ сафар кунӣ", - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Вале то ҳол кай ва чигуна то Сурия рафтану пайдо шудани Далер Наҷмиддинов дар Украина маълум нест. Наздиконаш мегӯянд, ин сокини деҳаи Дуоби ноҳияи Рӯдакӣ соли 2012 ба Русия рафта ва дар онҷо ба корҳои сохтмонӣ машғул буд. Фотима Латифова, модари Далер, рӯзи 3 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз боздошту истирдоди фарзандаш ба Тоҷикистон "шок" шудааст. Вай афзуд, бо фарзандаш дар боздоштгоҳ як вохӯрии кӯтоҳ дошт, аммо ҳоло аз фишори баланд наметавонад тафсилоти бештар диҳад.

Раиси Дуоб: Солҳо боз надидаам

Чанде аз сокинони Тоҷикистон ба ҷурми тарафдорӣ аз ДИИШ ё талоши пайвастан ба ин гурӯҳи террористӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.
Чанде аз сокинони Тоҷикистон ба ҷурми тарафдорӣ аз ДИИШ ё талоши пайвастан ба ин гурӯҳи террористӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Фотима Латифова гуфт, то ҳашт моҳи пеш бо фарзандаш телефонӣ сӯҳбат мекард, вале хонаводааш бехабар буданд, ки ӯ воқеан дар куҷост, дар Русия ё гӯшаи дигар. Амриддин Камолов, раиси деҳаи Дуоби ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, ин ҷавон солҳо боз дар деҳаи онҳо зиндагӣ намекард. «Далер бо хонаводааш аз ноҳияи Ваҳдат ба деҳаи мо омада буданд. Худам соли 2007 ҳамин бачаро дида будам. Ҳашт моҳ пеш ба модараш занг зада будааст. Дар сӯҳбатҳояш мегуфтааст, ки ӯ дар Русия аст. Ӯ дар онҷо бо кӣ будааст ва чӣ кор мекардааст, маълум нест. Ҳоло мақомот ҳамаашро маълум мекунанд», - афзуд ӯ.

Бори аввал нест, ки гумонбарони узвият дар созмони тундгарои “Давлати исломӣ” аз шиносномаҳои афроди дигар ва тақаллубӣ истифода мекунанд. Дар ҳамлаҳои моҳи сентябр ба сафорати Чин дар Бишкек, мақомоти ин кишвар маълум карда буданд, ки ду ҳамлагар аз шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон истифода кардаанд.

Қазияи монанд ба Фирдавсу Зоир

Акси гумонбарои ҳамла ба сафорати Чин дар Бишкек
Акси гумонбарои ҳамла ба сафорати Чин дар Бишкек

Нафароне, ки шиносномаҳояшон мавриди истифода қарор гирифта буд, Бобоҷонов Фирдавс Муъминҷоновичи 21-сола, сокини ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ва Халилов Зоир Абдуҳалимовичи 33-сола, сокини ноҳияи Панҷакент будаанд, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон соле пеш ба Сурия рафта, дар сафи ҳайати гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор доранд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳузури 1100 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ тасдиқ шуда, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Инҳо аксаран ҷавонанд ва аз тариқи Русия ба Сурия рафтаанд. Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аксу маълумот дар бораи ин афродро дар вебсайташ чоп карда, барои ҷустуҷӯ ва пайдо кардани онҳо аз сокинон ёрӣ хост.

XS
SM
MD
LG