Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбари қатли пиразани қирғиз дар Исфара


Мақомоти тоҷик як фарди муттаҳам дар қатли сокини Бодканди Қирғизистон Сорохон Нурматоваро боздошт кардаанд.

Баъди муроҷиати фарзанди Сорохон Нурматова, зани 63-солаи сокини шаҳри Бодканди Қирғизистон ба раисҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати ёрӣ барои дарёфти қотили модараш, мақомоти додситонии тоҷик шахси гумонбари аслӣ дар куштори ин соҳибкори қирғизро дастгир кардаанд.

Сорохон Нурматова, зани 63-солаи сокини шаҳри Бодканди Қирғизистон моҳи июни соли равон барои харид ба бозори “Атуш”-и ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд рафта, дар бозгашт ба Қирғизистон нопадид шуда буд.

Мақомоти додситонӣ шахси гумонбар дар куштори Сорохон Нурматоваро тавассути бозҷӯии телефони ҳамроҳи вай дастгир карда, таҳқиқи парвандаи ӯро додситонии шаҳри Исфара пеш мебарад. Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, як марди 37-солаи ин маҳал, ки аз бурдани номаш ба далели пинҳон доштани сирри тафтишотӣ замони таҳқиқи парванда худдорӣ мешавад, дар қатли Нурматова муттаҳам эълон шудааст.

Ҳамакнун алайҳи вай мутобиқи банди 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “куштор” иттиҳом пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин шахс хонум Нурматоваро дар мошини худ ба Бодканд мебурд, вале дар нимароҳ байнашон муноқиша бархоста, ӯро бо роҳи буғӣ кардан бо рӯмоли сараш ба ҳалокат расонида ва ҷасадашро дар кони Шӯроб пинҳон кардааст. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ, мақомот ҷасади Нурматоваро аз як шахтаи нофаъоли Кони Шӯроб пайдо кардаанд.

Мухторбек Мадазимов, писари Нурматова дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Исфара инро тасдиқ кард ва гуфт, ки гумонбар ба қатли модарашро тавассути телефони ҳамроҳи хонум Нурматова, ки шахси гумонбар ба куштор баъди содир кардани ҷиноят ба ҳамсараш додааст, маълум кардаанд. Вай афзуд: “Ҷасади модарамро рӯзи 18 - уми август аз Кони Шӯроб пайдо карда, 19-уми август баъди ташхис ба дасти мо доданд. Ӯро дар Бодканд гӯронидем”,- афзуд мусоҳибам.

Баъди тақрибан 2 моҳи нопадид шудани Сорохон Нурматова, моҳи июни соли равон писари вай Мухторбек Мадазимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бо ирсоли номае аз рисҷумҳури Тоҷикистон барои пайдо кардани модараш ёрӣ хост. Вай аз Эмомалӣ Раҳмон дархост карда буд, ки барои бо роҳи “пилинг” ё роҳи вижаи мухобиротӣ ёфтани телефони ҳамроҳи модараш ва соҳиби нави он ба додситонии кишвар дастур диҳад.

Ҳоло ҷаноби Мадазимов маълум намудани тақдири модараш аз сӯи мақомоти тоҷикро ба муроҷиаташ ба раисҷумҳури Тоҷкиистон иртибот медиҳад ва мегӯяд: “Ман мехостам ба мақомоти додситонӣ ва милисаи тоҷик барои таҳқиқашон изҳори миннатдорӣ намоям. Ва ҳам ба шумо, ки дар маълум кардани тақдири модарам ёрмандӣ кардед.”

Вале аз додситонии шаҳри Исфара нахостанд дар бораи ҷузъиёти бо чӣ роҳ маълуму дастгир намудани қотили эҳтимолии зани кӯҳансоли сокини шаҳри Бодканди Қирғизистон сӯҳбат кунанд. Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд, ки нахост аз вай ном бурда шавад, гуфт, шахси дастгиршуда сокини ҳамин ноҳия аст, ки қаблан низ ӯву ҳамсараш бо Нурматова шиносоӣ доштаанд.

Мухторбек Мадазимов, писари Сорохон Нурматова мегӯяд, модараш субҳи рӯзи 7-уми июни соли равон ба нияти харид ба бозори “Атуш”-и ноҳияи Ғафуров, ба вилояти Суғд омада, дар бозгашт баъди ним рӯз дар роҳ нопадид шуда буд. Ба гуфтаи вай, модараш дӯзандагӣ мекард ва барои хариди матоъ ба вилояти Суғд меомад.

Пайгириҳои расмии зангҳои телефонии хонум - Нурматова ва наворҳои видеоии бозори "Атуш"-и ноҳияи Ғафуров маълум кардааст, ки вай рӯзи 7-уми июн харид карда, вақти бозгашт ба Бодканд дар ноҳияи Исфара ғайб задааст.

Мухторбек Мадазимов афзуд, қотили модараш ороишот, дандонҳои тилоӣ ва матоъҳоеро, ки аз бозори “Атуш”-и Ғафуров харида Бодканд мебурд, рабудааст.

Ҳоло додситонии Исфара таҳқиқ дорад, ки муноқишаи марговар байни зани қирғиз ва сокини Исфара сари чӣ бархостааст.

XS
SM
MD
LG