Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбари қатли тиллофурӯшҳо дар боздоштгоҳ вафот кард


Хонаводаи Бобоевҳо дар ин ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд

Хонаводаи Бобоевҳо дар ин ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд

Мақомот мегӯянд, Муҳиддин Раҳматов бар асари сактаи қалбӣ чанд рӯз пеш даргузашт.

Яке аз гумонбарони қатли 5 узви хонаводаи Бобоевҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар боздоштгоҳи Хуҷанд даргузашт. Муҳиддин Раҳматов, сокини 49-солаи шаҳри Хуҷанд, ки ба ҳайси гумонбари аслӣ дар куштори пурсару садои оилаи Бобоевҳо ҳамроҳи дигар аъзои оилааш дар ҳабси пешакӣ қарор дошт, рӯзи 7-уми сентябр дар муассисаи нигаҳдории муваққат ё СИЗО-и № 2 шаҳри Хуҷанд даргузашт.

Навбатдори Раёсати назорти маҳбасҳо дар вилояти Суғд рӯзи 11 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ инро тасдиқ кард. Ба гуфтаи манбаъ, Раҳматов аз сактаи дил ё инфаркт ҷон дода, ин чиз дар санади ташхиси тиббиаш ҳам сабт шудааст. Муҳиддин Раҳматов 49 сол дошт ва писари ин хонадон буд. Дар боздошт ҳамроҳ бо ӯ, бародари дигар ва фарзандони ӯ нигаҳдорӣ мешуданд.

Ихтиёр Шодиев, вакили дифои Муҳиддин Раҳматов ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз мурдани зерҳимояаш дар маҳбас аз сактаи дил ӯро чанд рӯз қабл муфаттиши парванда хабардор кард, вале ҳанӯз худи ӯ бо ҷузъиёти қазия ошно нест.

Шодиев гуфт, сабаби аз ҷузъиёт бехабар будани ӯ дар он аст, ки мақомот ӯро даъват накарда, "фақат дар ин бора хабардор кардаанд. Вақте ки тафтиши парванда ба охир мерасад, ҳақ дорем бо он шинос шавем, он вақт аниқ маълум мешавад зерҳимояам аз чӣ мурдааст. Дар парванда хулосаи ташхиси додгоҳиву тиббӣ навишта мешавад", гуфт ӯ. Вакил гуфт, ки дигар маъмурияти ӯ ҳам дар нисбати ин нафар ба анҷом расидааст.

Бобоевҳо дар ин бозор бо тиллофурӯшӣ машғул буданд

Бобоевҳо дар ин бозор бо тиллофурӯшӣ машғул буданд

Ҳодисаи куштори ваҳшиёнаи хонаводаи Бобоевҳо ду сол пеш рух додааст. Дар он ҳодиса тамоми аъзои хонаводаи соҳибкор Аҳмадхӯҷа Бобоев - худи ӯ, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбек, ки сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданд, кушта ва хонаашон оташ зада шуд.

Танҳо моҳи августи имсол мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки гумонбарони аслии ин кушторро мушаххас кардаанд. Бар тибқи иттилои радиои Озодӣ, дар аввалҳои моҳи сентябри имсол аз шаҳри Екатеринбурги Русия бо дархости сохторҳои тафтишотии Тоҷикистон ду узви дигари хонаводаи гумонбар дар қатли Бобоевҳо - падару писар Олим (44-сола) ва Қиёмиддин (20-сола) Раҳматовҳо истирдод шуданд. Онҳо дар пайгарди қонун қарор доштанд.

Моҳи августи имсол 3 узви дигари хонаводаи Раҳматовҳо – Муҳиддин ва фарзандони ӯ Адҳам ва Сарвиноз Раҳматовҳо дастгир шуданд. Тафтишот гуфт, ки як қисми далелҳои шайъӣ - ҷавоҳироти тиллоии тасарруфгардида ва олоти ҷиноят - силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников”, бо 12 адад тири ҷангии қутраш 5,45 мм дарёфт ва мусодира карда шуд.

Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, рӯзи 11 август дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд ҷузъиёти боздошти аъзои оилаи Раҳматовҳоро шарҳ дода гуфта буд, Раҳматовҳо, сокинони шаҳри Хуҷанд ва Чкалов, тайи тақрибан даҳ соли охир ба "шикор"-и асосан тоҷирони маҳсулоти заргарӣ ва кормандони мубодилаи асъор машғул будаанд. Ба қавли генерал Назарзода, ин хонавода дар ин муддат 7 нафарро кушта, 1 миллиону 600 ҳазор сомонии тоҷирон ва кормандони мубодилаи асъорро тасарруф кардаанд.

Рӯзи 2 июни соли 2013 афроди мусаллаҳ аз болои девор ба хонаи Аҳмадхӯҷа Бобоев, воқеъ дар канори шаҳраки Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамроҳи ҳамсараш ба фурӯши ҷавоҳирот машғул буд, ворид шуда, бо истифода аз "Калашников" ӯву ҳамсар ва фарзандонашро ба қатл расонданд. Ба қавли мақомот, қотилони хонаводаи Бобоевҳо бо ҳадафи рӯпӯш кардани корашон хонаро оташ заданд. Баъдан Санҷарбек, як фарзанди хурдсоли ин хонадон, ки дар ҳаммом пинҳон шуд, аз дуди оташ заҳролуд шуда ба ҳалокат расид. Додситонии вилояти Суғд дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз карда, як гурӯҳи махсуси тафтишоти фавриро масъули таҳқиқи ин ҳодиса таъйин кард. Ин куштори пурсарусадои хонаводаи Бобоевҳо аксариятро такон дод, вале боздошти омилонаш бештар аз ду сол давом кард.

Тафтишот муайян кардааст, ки мардони хонадон бо содир кардани куштор ва зану духтари Муҳиддин бо фурӯши тилловориҳои дуздӣ машғул буданд. Дар наворвҳои видеоии тафтишот, ки қаблан дар телевизиони маҳаллӣ ҳам намоиш дода шудааст, Раҳматовҳо ба гуноҳи худ эътироф карда ҷузъиёти содир кардани ин кушторро шарҳ додаанд. Бар тибқи эътирофи падари бародарон Олим ва Муҳиддин Раҳматовҳо - ӯ дар бораи ба даст гирифтани силоҳ ва нияти содир кардани ҷинояти фарзандонаш хабар дошт, вале онҳоро пуштибонӣ намекард.

Оилае, ки 10 сол боз тилофурӯшонро "шикор" мекард​

Видео аз 11 августи соли 2015

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG