Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Данғара як донишҷӯи тоҷикро дар ҳамлаи ғоратгарона ба намояндагии бонки “Агроинвестбонк” дар ин минтақа ба 11 соли зиндон маҳкум кард.

Раҳмат Қосимзода, раиси додгоҳи ноҳияи Данғара рӯзи панҷшанбеи 29 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Беҳрӯз Рауфов мутобиқи моддаи 249, қисми 2, банди "в", яъне роҳзанӣ... барои ҳамлаи ғоратгарона ба филиали “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Данғара муҷрим шинохта шуда ва ба 11 соли зиндон маҳкум шуд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Қосимзода, Беҳрӯз Рауфов мӯҳлати ҷазҳоро дар зиндони низомаш пурзӯр сипарӣ хоҳад кард. Тибқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, моддаи 249, қисми 2, банди "в" маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати 10 то 12 сол бо адои ҷазо дар зиндони низомаш пурзӯр ва мусодираи амволи муҷримро дар назар дорад.

Беҳрӯз Рауфов, сокини деҳаи Каёнуши ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара, ҳангоми боздошт донишҷӯи соли дуюми яке аз донишгоҳҳои Қазоқистон будааст. Маҳмадулло Саидализода, раиси ноҳияи Данғара рӯзи ҷумъаи 29 июл дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ин ҷавон барои пайдо кардани маблағи шартномаи донишгоҳ ба ин кор даст задааст.

М.Саидализода

М.Саидализода

Ҷаноби Сайдализода афзуд, ки Беҳрӯз Рауфов аз Қазоқистон баргашта, аз волидайни худ пули шартномаи донишгоҳро талаб кардааст. Аммо чун дарёфтааст, ки волидайн тавони пардохти маблағи шарномаи ӯро надоранд, ба намояндагии “Агроинвестбонк” ҳамлаи ғоратгарона кардааст. Маҳмадулло Сайдалиев дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки ин ҷавон "ба бонк даромада ягон чиз пайдо намекунад ва дар ин ҳолат бо корманди милиса рӯ ба рӯ мешавад ва ӯро захмӣ мекунад."

Раиси ноҳияи Данғара гуфт, ки баъди ин ҳодиса Беҳрӯз Рауфов ба комиссариати ҳарбии ноҳия рафта ва хоҳиш кардааст, то ӯро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намоянд. Беҳрӯз Рауфов чанд рӯз баъд аз ин ҳодиса боздошт шуда буд.

Охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ дар пайи ҳамлаи ғоратгарона ба "Агроинвестбонк"-и ноҳияи Данғара, Аҳлиддин Қурбонов, муҳофизи ин бонк бо 17 захми корд дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20 апрел ҷузъиёти ҳамлаи ғоратгарона ба бинои "Агроинвестбонк" дар ноҳияи Данғараро расман шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, ки ҳамла аз сӯи як сокини 22-солаи ҳамин ноҳия субҳи барвақти 19 апрел сурат гирифтааст. Дар натиҷа, ба иттилои ВКД, ​муҳофизи бонк, як милитсионери ШХДМ ШВКД ноҳияи Данғара, марди 36-солаи сокини ноҳия бо 17 зарби корд ба бемористон интиқол ёфт.

Феълан маълум нест, ки вокуниши худи маҳкумшуда ба ин ҳукм ва иттиҳомоти зидди ӯ чист. ​Ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар тақрибан 100-километрии ҷанубушарқи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

XS
SM
MD
LG