Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WADA: Беш аз 1000 варзишгари Русия допинг истифода кардаанд


Ричард Макларен
Ричард Макларен

Камисиюни байналмилалии оҷонсии зидди-допингӣ - WADA таҳти раҳбарии Ричард Макларен гуфт, ки беш аз ҳазор варзишгари Русия дар 30 намуди варзиш допинг ё дорӯҳои нерӯафзо истифода кардаанд. Бахши дуввуми гузориши WADA дар бораи истифодаи дорӯҳои нерӯафзо аз тарафи варзишгарони Русия рӯзи 9 декабр пешниҳод мешавад.

Рӯзи сешанбеи гузашта Кумитаи байналмилаиии Олимпӣ (МОК) таҳримҳоро алайҳи Русия тамдид кард ва аз федератсияи байналмилаии бозиҳои зимистонаи олимпӣ даъват кард, ки омодагиро барои баргузории бозиҳо дар ин кишвар қатъ ва барои бозиҳо макони дигарро интихоб кунад.

Баъди пахши гузориши қаблии Макларен Кумитаи байналмилалии Олимпӣ алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кард. Дар натиҷа даҳҳо варзишгари ин кишвар аз иштирок дар бозиҳои Олимпӣ дар Бразилия маҳрум шуданд ва варзишгарони паралимпӣ бозиро дар ҳайъати комил аз даст доданд.

XS
SM
MD
LG