Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шавҳари Мафтуна Раҳмонова -- ҷавонзане, ки 2-уми апрел худ ва тифли шашмоҳаашро дар Кофарниҳон ғарқ кард, боздошт шудааст.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки Оятулло Ҷӯраеви 28-сола, шавҳари Мафтуна -- ҷавонзане, ки рӯзи гузашта худ ва тифли шашмоҳааш Сулаймонро дар дарёи Кофарниҳон андохт, дар боздошт қарор дорад ва наздиконашро додситонии ноҳияи Ваҳдат бозпурсӣ мекунад.

Субҳи дуюми апрел, соати 7:50 дақиқа Мафтунаи 21-сола бо тифли шашмоҳа бо вуҷуди зораву таваллои шоҳидон, худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохт. Ҷасади ӯ пас аз се соат аз деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ, 30 километр поинтар аз маҳаллӣ ҳодиса пайдо шуд, аммо то ҳанӯз ҷасади тифлаш бедарак аст. Ин ҷавонзан 1,5 соли пеш бо Оятулло Ҷӯраев, сокини деҳаи Қанғелии ноҳияи Файзобод издивоҷ карда буд.

Ҷанҷол барои ҷои хоб

Пайвандони Мафтуна мегӯянд, ӯ зери лату куб, таҳқир ва фишори “аз андоза зиёд”-и шавҳару хушдоманаш ба чунин кор даст задааст. Ҳарамбибӣ Раҷабова, модари Мафтуна дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, соатҳои 11-и шаб, 9 соат қабл аз ҳодисаи худкушӣ бо Мафтуна ва шавҳараш сӯҳбат дошт.

Акси арӯсии Мафтуна.

Акси арӯсии Мафтуна.

-Шавҳараш гуфт, ҳамин духтаратро насиҳат намекунӣ, ки доим қавоқ андохта мегардад ва ин бегоҳ курпачаҳоро напартофтааст. Духтарам вазифадор буд, ки ҷои хоби тамоми аъзои хонаводаро партояд, аммо ҳамон шаб кӯдакаш гиря кардааст ва ин корро натавонистааст бикунад. Бо духтарам гап задам, мегирист ва гуфт, ки шаҳараш ӯро барои напартофтани ҷои хоби хушдоману хусур ва дигар аъзоёни хона лату куб кардааст. Ӯ гуфт, ки натавонист кӯдаки гирёну беморро гузошта ин корҳоро кунад,-гуфт,ӯ.

“Фақат аз хусураш шикоят надошт”

Модари Мафтуна гуфт, қаблан духтараш шикоят карда буд, ки аз ҷониби хушдоман, шавҳар ва бародари шавҳараш бо баҳонаҳои мухталиф лату куб мешавад. Аммо модар ба ӯ насиҳат мекардааст, ки сабр кунад ва шояд рӯзе ин ҷанҷолҳо поён биёбанд.

Абдулҳаким Раҳмонов, бародари Мафтуна мегӯяд, то издивоҷ хоҳараш бо ӯ дар бозори марказии Ваҳдат тиҷорат дошт. Ӯ мегӯяд, хоҳараш хоҳиш кард, то ӯро аз ин ҷавон ҷудо кунанд ва дубора ба тиҷорат баргардад, аммо бародар ба ин пешниҳоди хоҳараш зидд мебарояд.

Абдулҳаким мегӯяд, чанд рӯз пеш аз марг, хоҳараш ба ӯ гуфт, ки шавҳараш тамоми ҷавоҳироташро фурӯхтааст: “Тиловориҳояшро фурӯхта ба додараш ва худаш билети самти Русия мегирад. Додараш ду рӯз пеш ба Русия рафт ва худаш баъди ин ҳодиса мехост биравад, ки боздошташ карданд. Хоҳарамро ба ғайр аз хусураш ҳамаи аҳли хонавода ғам медод. Фақат аз хусураш шикоят надошт”.

Раиси деҳа: “Касе Мафтунаро намезад”

Раҳматхуҷа Ваҳҳобов, раиси деҳаи Қанғелии ноҳияи Файзобод 3-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло тамоми аъзои хонаводаи Оятулло -- шавҳари Мафтуна дар додситонии ноҳияи Ваҳдат бозпурсӣ мешаванд. Раиси маҳалла гуфт, ҳоло хушдоман, хусур ва дигар наздикони Мафтуна наздаш қарор доранд ва онҳо лату кубу фишор ба ин ҷавонзанро рад мекунанд.

-Ҳоло мо ҳама дар прокуратураи ноҳияи Ваҳдат қарор дорем. Бовар кунед, ки ин оила оилаи хуб аст ва ман ягон бор ҷангу ҷанҷол дар ин хона мушоҳида накарда будам. Ҳайронем, ки чаро келин ин корро кардааст. Хусуру хушдоманаш ҳам ҳайрон аст. Ҳоло пеши ман ҳастанд, мегӯянд, ӯро чизе нагуфта буданд,-гуфт, раиси деҳаи Қинғолии Файзобод.

Охирин сухан: “Ман хоҳари Умеди донафурӯшам”

Шоҳидони ғарқ шудани Мафтуна мегӯянд, ин зан ба зораву таваллои онҳо гӯш надод. Мавлон Ҷумъаев, шоҳиди ҳодисаи ғарқ шудани Мафтуна мегӯяд, ин зан бо кӯдакаш дар лаби соҳил буд ва занҳо мехостанд, ба ӯ наздик шаванд, вале ӯ бо забон овардани ин сухан, ки

“ман хоҳари Умеди донафурӯшам” худро ба мавҷи рӯдхона ҳаво дод. Ин ҷавон мегӯяд, чанд бор Мафтуна болои об зоҳир шуд, вале кӯдак пас аз ғарқ шудан, дигар дар чашмҳо намоён нагашт.

-Об хеле сард аст ва ҳамон лаҳза об зиёд буд. Касе ҷуръати худро ба об ҳаво додан накард, зеро ин имкон надошт. Аз сардии об ё дар сангҳо зада, одам зуд мурданаш мумкин буд,-гуфт, ин ҷавон.

Сулаймони шашмоҳа чӣ гуноҳ дошт?

Муҳаммадалӣ, як фурӯшандаи 56-солаи бозори “Хайр”, ки ҳодиса дар назди пули ин бозор сурат гирифтааст, мегӯяд, ин кирдори зан қобили қабул нест. Ӯ мегӯяд, инсон дар ҳама ҳолат бояд сабр кунад ва ба ояндаи беҳтари зиндагии худ бовар дошта бошад.

-Агар ӯро шавҳараш ҳам зада бошад, наход барои ин кор ҷони худро қурбон кунӣ. Охир, худатро куштӣ, кӯдаки шашмоҳа чӣ гуноҳ дошт. Ба бесабриву бетоқатии занҳо ҳайрон мешавам. Бо шавҳарат, ки соз нагирифтӣ, рав, ҷудо шав. Худатро мекушӣ, кӣ парвои ту дорад. Як сол ду сол пас ҳама фаромӯшаш мекунанд. Фақат ҷони ҷавони худаш ҳайф мешавад, дигар касе зарар намебинад,-гуфт ӯ.

Аммо Ҳарамбибӣ Раҷабова мегӯяд, ин кори духтараш нодуруст буд, аммо бо кӯдак худро ғарқ кардан далел дошт: “Ӯро ҳамеша таъна мекарданд, ки чаро Сулаймон аз 3 килограм зиёд намешавад. Кӯдакро нигоҳ карда наметавонӣ гуфта, ҷанҷол мекарданд.”

Мақомот мегӯянд, дар пайванд ба ин ҳодиса ва баёнотҳои ибтидоӣ бо моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “ба худкушӣ расондан”, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG