Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тамара як духтари туркмантабори сокини ноҳияи Дӯстӣ аст, ки ҳар рӯз бо шавқи тамом ба мактаб меравад ва ба бачаҳои тоҷик дарс мегӯяд. Ӯ, ки фаротар аз қавмият ва миллат меандешад, мегӯяд, таассуби миллӣ монеи хушбахтиаш шудааст. Вай мегӯяд, волидон монеи ишқи ӯ бо як ҷавони тоҷик шуданд, ҳарчанд, ба қавли ӯ, ин андеша комилан иштибоҳ аст.

Тамара, ки ҳоло 30-сола аст, мегӯяд, “ман як нафарро нағз дидам, ки миллаташ тоҷик буд, ба падару модарам сӯҳбат кардам, вале онҳо розӣ нашуданд. Хешу табори мо то ин вақт бо миллати тоҷику узбек издивоҷ накардаанд ва онҳо ҳам иҷозат намедиҳанд."

Ин туркмандухтар ва ошиқи тоҷиктабораш барои расидан бо ҳам бо тасаввуроти мавҷуд чанд сол мубориза бурданд, вале ӯ ба аҳдаш содиқ монд, аммо ҷавонписар сабр накард ва хонадор шуд. Тамара мегӯяд, ки мехоҳад байни тоҷику туркману узбак фарқе намонад ва байни ин ақвом хешутаборӣ ба вуҷуд биёяд ва таъсири расму русуми бобоӣ дар таъини тақдир коҳиш ёбад, то инсон дар доираи озодиҳои қонунии худ зиндагӣ кунад.

Дар ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликули пешин) ҳудуди 30 ҳазор туркмантабор зиндагӣ мекунанд, ки дар ҳифозати фарҳанги худ, ба қавли мардуми таҳҷоӣ, таассуб меварзанд. Онҳо аз худ “таҳҷоӣ” ва “такатуркман” ном мебаранд. Дар ин минтақа туркманҳо бо тоҷикҳо ва узбекҳо ба сар мебаранд ва ба гуфтаи мақомот, байни узбекҳо ва тоҷикҳо робитаҳои хешутаборӣ вуҷуд дорад, аммо туркманҳо шадидан аз оиладорӣ бо миллатҳои ғайр худдорӣ мекунанд.

Ҷӯрабек Наҷмиддинов, намояндаи ҳукумати маҳаллӣ мегӯяд, ки вақте онҳо духтарашонро ба дигар миллат, яъне ғайритуркман медиҳанд, барои онҳо ин як “нанг” аст ва аз ҳамин сабаб намехоҳанд, ки бо дигар миллатҳо хешу таборӣ барқарор кунанд.

Худи туркманҳо бар инанд, ки рӯз ба рӯз ин ҳошияҳо васеътар мешаванд ва то ҷое онҳо аз маҳдудаҳои анъаноти худ берун мераванд. Абдуғаффор Алаев, як туркмантабори бознишаста дар ин робита мегӯяд, ки "дар замони пеш байни ду миллат фаҳмондадиҳӣ суст буд, ҳоло маданияту фарҳанги мо бо тоҷикон наздик шуда истодааст. Ҳунарнамоии тоҷикону узбакҳо ва туркманҳо дар минтақа муштарак мешавад ва ин шавқовар аст.”

Рӯзноманигор Худайвердӣ Халил, ки фарҳанги туркмантаборони Тоҷикистонро омӯхтааст, эҳтиёткории ин мардумро ба сабабҳои воқеӣ марбут медонад. Ӯ мегӯяд, ки "ин масъалаи ҷиддист. Туркманҳои Тоҷикистон каманд. Онҳо тарс доранд, ки аз байн мераванд. Бинобар ин, аз омезиш бо дигар миллатҳо худдорӣ мекунанд. Ба ин васила мехоҳанд ҳуввияти миллии худро ҳифз намоянд. Ин хоси тамоми аққалиятҳои миллӣ аст."

Барои ҳамин, ба гуфтаи ин хабарнигор, туркмантаборҳо намегузоранд, ки духтарон ва ҷавонписарони онҳо бо намояндаи миллатҳои дигар омезиш ёбанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG