Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шавҳарам туфангро ба сӯи ман гардонд ва тир холӣ кард"


Як зани 31-солаи суғдӣ 14 сол боз бо тири пневматик, ки шавҳараш ба пояш зада буд, зиндагӣ дорад. Ин зан мегӯяд, аз азобу азияти шавҳараш 3 бор қасд ба ҷони худ кардааст.

Мавсума, сокини шаҳри Хуҷанд, дар соли 2001, ки ҳанӯз дар синфи 11 таҳсил мекард, волидайнаш ӯро ба як ҷавони 18-солае аз хешовандони дури хонаводаашон номзад карда ва пас аз муддати кӯтоҳ хонадор намуданд. Мавсума мегӯяд, вай шавҳараш – Аҳруллохонро бори аввал вақти бастани ақди никоҳ дид. Мавсума умедвор буд, зиндагии якҷояи хушу гуворое хоҳанд дошт. Ин буд, ки бо хоҳиши шавҳару падару модар тарки таҳсил кард.

Вале муҳаббати Мавсума беҷавоб монд ва умеду орзуҳояш барбод рафтанд. Шавҳараш аз нахустин рӯзҳои оиладорӣ бо ҳамсари навҷавонаш муносибати сард дошт ва бо ночизтарин баҳонаҳое ӯро лату кӯб мекард. Мавсума мегӯяд, дар вақти муноқишаи навбатӣ моҳи декабри соли 2011 шавҳараш ба вай аз аслиҳаи пневматикӣ тир зад.

Ӯ мегӯяд: “Он вақт нав ҳомиладор будам. Аз дег хӯрок кашиданӣ будам, ки шавҳарам ба тарафам аслиҳа рост кард. Гуфтам, ки мабодо назанед, ки маъюб мешавам. Ханда карда тирро ба тирдон гузошт ва як тир ба пои ростам зад. Ба замин нишастам, хун аз поям рехтан гирифт. Ҳозир он тир мондагӣ, 4-5 соли охир ҷои захм ва поям сахт дард мекунад, азобам медиҳад.”

Мавсума мегӯяд, он замон табибон ба сабаби ин, ки дар батнаш кӯдак дорад ва ҷарроҳӣ ба саломатии кӯдак хатарзо аст, берун овардани тирро ба таъхир андохтанд. Баъд шавҳараш таҳдид кард, ки агар мехоҳад зиндагии якҷояи онҳо давом кунад, ин сирро пинҳон дорад ва ҷарроҳиву берун овардани онро дигар фаромӯш кунад. Ҳоло Мавсума бо тири пневматикӣ дар пои рост, осори захми доси шавҳар дар бозу ва шоҳраги бурида ба қасди худкушӣ дар дасти рост зиндагӣ мекунад.

ҚАСДИ ХУДКУШИҲОИ МАВСУНА АЗ АЗИЯТИ ШАВҲАР

Ин ҷуфт тибқи одати шарқӣ, ки ҳанӯз ҳам бархе хонаводаҳои тоҷик ба он пойбанданд, бе он, ки ҳамдигарро бубинанду бо ҳам ошно шаванд, издивоҷ карданд.

Мавсума Назирова дар Хуҷанд зода ва калон шуда, баъди арӯсӣ то моҳи июни соли равон, 14 сол дар хонаи шавҳараш дар шаҳри Чкалов зиндагӣ кард. Вай духтари ягонаи хонадон буд ва ду бародар дорад. Аҳруллохон низ писари ягонаи оилааш аст ва 5 хоҳар дорад, ки ҳама хонадор ва соҳиби хонаву дари худ шудаанд. Дар тӯли зиндагии якҷоя Мавсумаву Аҳруллохон 3 писар ба дунё овардаанд, ки ҳоло Аҳлидин 6-сола, Азамат 12-сола ва Авазхон 13-сола мебошанд

Ҳаёти 14-солаи оилавии вай бо шавҳараш достони зиндагии як зани тоҷик аст, ки ба хотири ҳифзи оилаву обрӯи хонаводагӣ ва “аз остона набаровардани сирри хона” ин ҳама сол ба муносибати бад, зарбу лат ва азияти шавҳараш тоқат кардааст.

Мавсума мегӯяд, дар як соли охир, ки дигар лату кӯб ва азияти шавҳараш аз ҳад гузашт, чанд бор қасди худкушӣ кард. Моҳи майи соли 2014 дар пайи латукӯби шавҳар, як дандони Мавсума шикаст ва қасди худкушӣ намуд ва 15 дона доруи амитриптилин фурӯ бурд. Вале шавҳару пайвандонаш ӯро бо роҳи шустану тоза кардани меъдааш ба худ оварданд.

Мусоҳибам мегӯяд, “охири моҳи майи ҳамин сол аз задани шавҳараш сару рӯям сахт дард мекард. Аз ҷонам сер шуда, оғилхона рафтам, ки худро бо арғамчин ба дор занам. Писари калониам ҳозир шуда гуфт, ки модарҷон, моро партофта наравед. Дилам об шуд ва ҳамин ҳарфи фарзандам маро аз худкушӣ боздошт.”

Вале моҳи июни соли равон Аҳруллохон Назиров ҳамсараш Мавсумаро ба иттиҳоми муносибати маҳрамона бо мардони дигар, се талоқ дод ва аз хонааш берун кард. Ин бор косаи сабри Мавсума лабрез шуд ва бо ёрии падараш, ки нав аз муҳоҷирати кории Русия баргашта буд, ҷиҳати додхоҳӣ аз мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ то Додситонии кулл шикоят бурд.

Убайдулло Боқиев
Убайдулло Боқиев

Падари Мавсума – Убайдулло Боқиев мегӯяд, вай домодашро як ҷавони орому ботамкин медонист ва ҳеҷ гумон надошт, ки ӯ даст ба бадном намудани ҳамсари худ мезанад.

Додситонии Хуҷанд алайҳи шавҳари Мавсума – Аҳруллохон Назиров, ки занашро то ҳадди сӯиқасд ба ҷонаш расонидааст, 30-уми сентябри соли равон бо иттиҳоми “азобу уқубат додан” мутобиқи банди 117 - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз карда, барои таҳқиқ дар ихтиёри пулиси Хуҷанд гузошт.

ЧАРО МАВСУМАРО ШАВҲАРАШ АЗИЯТ МЕДОД?

Мавсума Назирова муносибати сарду дурушти шавҳарашро ба хӯй ва хислати бад ва бадрашкиву бадгумонии вай рабт медиҳад. Мавсума мегӯяд, агар шавҳараш аз кор бо табъи хира бармегашт ё бо падараш муноқиша мекард, “қасос”-ашро аз ҳамсар мегирифт ва ба сараш мушт мебардошт. Ин зани 31-сола мегӯяд, эҳтимол, шавҳараш бо муносибати таҳқиромезу зарбу лат мехост ҳамсар аз вай ҷудо шавад ва бидуни даъвое ба хонаи волидайн баргардад. Вале хомӯшӣ ва сабру таҳаммули зан хашми ӯро бештар мекард.

Билохира, рӯзи 4 - уми июни соли равон ба ҳамсараш гуфт, ки сӯҳбати телефонии маҳрамонаи ӯро бо марде сабт кардааст ва бо дос зада дасташро маҷрӯҳ кард ва аз хона ронд. Ҳоло Мавсума бо 3 фарзандаш дар Хуҷанд, дар манзили падару модараш зиндагӣ мекунад.

ШАВҲАРИ МАВСУМА ЧӢ МЕГӮЯД?

Аҳруллохон Назиров, шавҳари Мавсума хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буда, вале аз рӯи ихтисосаш кор намекунад. Вай то соли 2009 ба муҳоҷирати кории мавсимӣ ба Русия мерафт ва аз он замон то кунун таксиронӣ мекунад. Вай ду маротиба ваъда дод барои сӯҳбат наздамон ҳозир мешавад, аммо наомад. Аммо дар сӯҳбати телефонӣ, орому бидуни шӯру ҳаяҷон моҷарои оилавиашро нақл кард.

Аҳруллохон мегӯяд, бо ҳамсараш ҳудуди 10 соли аввал зиндагии хушу ороме доштанд ва даъвои ҳамсараш, ки вай ҳамеша зери азобу шиканҷа рӯз мегузаронид, дуруст нест. Вай афзуд, занашро барои он талоқ дод ва барои ҷудо шудан ба додгоҳ арз кард, ки хиёнати вай ва бо марди бегона муносибати маҳрамона доштанашро маълум намуд.

Аҳруллохон соли 2009 аз муҳоҷирати кории Русия баргашта, дар телефони ҳамроҳи занаш зангҳову сӯҳбатҳои тӯлонии ӯро бо мардони бегона дидааст ва дар дилаш гумонҳои бад роҳ ёфтааст. Вай мегӯяд, рафтору зангҳои мобили ҳамсарашро таҳти назорат гирифт ва моҳи июни соли равон сӯҳбати ӯ бо мардеро пинҳонӣ дар диктофон сабт намуд. Вай мегӯяд, ки ташхиси судиву тиббӣ дар Душанбе ҳақиқӣ ва сӯҳбати миёни марду зан будани онро маълум кардааст.

Мусоҳибам мегӯяд, мақомоти додситонӣ як навбат парвандаи алайҳи ӯро бо иттиҳоми “ба худкушӣ расонидан” қатъ карданд, вале дар пайи арзи дуюми ҳамсараш додситонии Хуҷанд онро дубора рӯи даст гирифт.

Саволи асосие, ки дар зеҳнҳо пайдо мешавад, ин ки агар Аҳруллохон Назиров ва ҳамсараш то 5 соли пеш бо ҳамсараш муносибати хуб доштанд ва даъвои занаш, ки мегӯяд шавҳараш ӯро аз рӯзҳои аввали хонадорӣ азобу азият медод, нодуруст аст, пас, чаро шавҳар 14 сол пеш, дар арафаи соли нави 2001 ба ҳамсари ҳомилааш аз аслиҳаи пневматикӣ тир зад ?

Аҳруллохон Назиров ин рӯйдодро пинҳон намедорад. Вай мегӯяд, ба ҳамсараш бадқасдона не, тасодуфан тир зад. Ҷиянҳои хурдаш ба тирдон сангча ё мош мондаанд, ки бо зер кардани забонаки аслиҳа ба бадани ҳамсараш задааст.

Аммо ин савол, ки чаро дар тӯли 14 сол боре ҳамсарашро назди табибон набурд, то тирро аз пояш берун оранд, беҷавоб аст.

Қиссаи зане, ки аз азияти шавҳар чанд дафъа даст ба худкушӣ задааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:43 0:00

НАЗАРҲОИ МУХТАЛИФИ ВАКИЛОНИ ДИФОЪ

Элвира Арюкова, вакили дифои Аҳруллохон Назиров ҷанҷоли оилаи Назировҳоро як “моҷарои хонаводагӣ” меномад, ки дар он “зану шавҳар мушкилоти муносибати байниҳамдигариашонро бояд худашон ҳал кунанд.”

Вале Абдуқаҳҳор Ғафуров, вакили дифои Мавсума Назирова мегӯяд, ин муносибати 14-солаи заношавҳарӣ аз доираи моҷароҳои оддии хонаводагӣ берун рафта, аҳамияти муҳими ҷамъиятӣ касб кардааст. Ӯ мегӯяд, ин як ҷинояти вазнини аз ҷониби шавҳар то ҳадди худкушӣ расонидани зан аст. Ба гуфтаи мусоҳибам, ин даъво “бо хулосаи ташхис, доғу изҳои сӯиқасд ба ҷони худ ва шаҳодати шоҳидон ба исбот мерасад.” Ва бояд гунаҳкор назди қонун ҷавоб гӯяд.

ХУДКУШИҲОИ ЗИЁДУ ПАРВАНДАҲОИ КАМ

Додгоҳи Хуҷанд моҳи август аризаи Аҳруллохон Назиров барои ҷудо шудан аз ҳамсараш баррасӣ намуда, барои ҳалли масъалаҳои тақдири ояндаи фарзандон, алимент ва манзили зист ба онҳо 3 моҳ мӯҳлат дод.

Дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, аз Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парванда нисбат ба А. Назиров аз додситонии Хуҷанд ҷиҳати тафтиш ба онҳо расида, ҳоло мавриди омӯзиш қарор дорад.

Дар вилояти Суғди Тоҷикистон назар ба манотиқи дигари кишвар сокинон зиёд даст ба худкушӣ мезананд. Бино ба ба маълумоти додситонии Суғд, дар нимсолаи аввали соли 2015 136 нафар сокини ин минтақа даст ба худкушӣ задаанд, ки 55 нафари онҳо занонанд.

Мисли Мавсума даҳҳо занони тоҷик, ки даст ба худкушӣ задаву зинда мондаанд, то корд ба устухонашон нарасад, сару садо баланд намекунанд ва асрори оилавии худро пинҳон медоранд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд дар тӯли 6 моҳи аввали соли равон дар мавриди 6 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани сокинон парванд боз кардаанд.

Мавсума Назирова, ҳамсари Аҳруллохон Назиров мегӯяд, 14 сол ба дарди захми тире, ки шавҳараш сари қаҳру ғазаб ба пояш задаву тайи ин солҳо бо азобу шиканҷа ӯро то ҳадде расонд, ки чанд бор қасди худкушӣ кард, сабру тоқат мекард. Аммо ҳоло таҳаммули бардоштани бори тӯҳмати хиёнаткориву фоҳишагӣ, ки шавҳараш шояд барои осон ҷудо шудан ба вай баст, надорад. Ва ҷиҳати барқарор намудани номи неку обрӯи поймолшудаи худ то охир мубориза хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG