Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афвшуда: "Муаттара Ҷӯраева дар зиндон ба мо дарс мегуфт" (ВИДЕО)


Як зане, ки тибқи қонуни афв аз зиндон раҳо шудааст, дар бораи ончӣ паси панҷара сурат мегирад, нақл кард. Бар асоси қонуни афв ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо зан, аз зиндонҳо озод шуданд.

Марҷонаи 28-сола тибқи қонуни афв чанд рӯз қабл аз маҳбас озод шуд. Ӯ бо ҷурми дуздӣ барои ду сол равонаи зиндон гардида буд, аммо баъди 8 моҳу 21 рӯзи адои ҷазо, берун омад. Мисли даҳҳо зани дигари маҳкумшуда, Марҷона дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак нигаҳдорӣ мешуд. Моҳҳое, ки пушти панҷараи зиндон сипарӣ гардид, ӯро хеле тағйир дод ва бисёр чизҳоро ҳам он ҷо омӯхт.

Аз ошхона то кунҷи маҳбас

Марҷона дар яке ошхонаҳои шаҳри Душанбе, ҳамчун ёрдамчии сарошпаз фаъолият мекард, маоши зиёд ҳам надошт, вале ба қавли худаш, зиндагиашро пеш мебурд. Ҳаваси зиндагии хуб ва маблағи калон, ӯро оқибат ба маҳбас бурд. Марҷона мегӯяд, баъзе аз дӯстонаш дар бораи кори нав ба вай гуфтанд, ки маблағи хуб дошт, аммо шарти аслӣ ин буд, ки барои ин кор бояд 1 ҳазору 200 сомонӣ пардохт мекард.

Маҳбаси занонаи Норак. Акс аз бойгонӣ.

Маҳбаси занонаи Норак. Акс аз бойгонӣ.

Васвосаи шароити зиндагии беҳтар ӯро водошт, ки ба яке аз дӯстонаш барои дарёфти маблағ муроҷиат кунад. Он дӯсташ ҳам барои Марҷона аз яке аз шиносҳояш барои ду моҳ қарз гирифт. Аммо кори Марҷона дар коргоҳи нав давоми ин муддат барор нагирифт ва натавонист он маблағро баргардонад.

Ӯ мегӯяд, пас аз он, ки натавонист маблағро сари вақт баргардонад, он дӯсташ таҳдидаш кард, ки ӯро ба додгоҳ мекашад. Марҷона дар оғоз ин ҳарфи дӯсташро ҷиддӣ нагирифт, аммо баъд аз се моҳ ӯро ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт даъват карданд. Баъд аз мурофиаҳои зиёди судиву баҳсҳо, Марҷона маҳкум шуд ва аввал ба муассисаи ислоҳии рақами 1 ва баъдан ба маҳбасхонаи занонаи шаҳри Норак фиристода шуд.

Рӯи замини сард то саҳар дар як шаби зимистон...

Марҷона бо ёдоварӣ аз он аём мегӯяд, “рӯзе ки ба муассисаи ислоҳии рақами 1 фиристода шудам, ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад. Зимистон буд, аммо аз сабаби он, ки дигар занҳои маҳбус намегузоштанд дар кат хоб равам, рӯи замини сард то саҳар бедор мондам. Саҳар занҳо тарсиданд, ки мабодо ба нигаҳбонҳо хабар мебарам. Якеаш фармон дод, ки зуд ба ман чойи гарм карда диҳанд ва маро ҷобаҷо кунанд.”

Марҷона он рӯзҳои сахтро ёд оварда ва нақл мекунад, ки аввалҳо аз фиристода шуданаш ба маҳбасхонаи шаҳри Норак хурсанд ҳам буд, зеро мегӯяд “он ҷо (манзур маҳбаси рақами як - РО) хеле бароям даҳшатовар буд ва хурсанд ҳам шудам, ки аз ин гуна ҷой раҳо шудам, ҳарчанд, ки ба маҳбасхона фиристода шуда бошам.”

"Мактаб" дар маҳбас...

Марҷона мегӯяд, давоми 15 рӯзи аввали зиндагӣ дар маҳбаси Норак ба онҳо Муаттара Ҷӯраева риояи қоидаҳои махсуси зиндонро меомӯхт. Масалан, ба онҳо меомӯхт, ки бояд нисбати кормандони маҳбас хеле эҳтиром гузоранд, замони рӯ ба рӯ шудан бо онҳо, на камтар аз 5 метр бояд дастҳояшонро пушт монда, дар ҷояшон истода, салом диҳанд ва агар аз онҳо чизе мехостанд, бояд худро муаррифӣ карда ва баъдан мушкилоташонро мегуфтанд.

Муаттара Ҷӯраева.

Муаттара Ҷӯраева.

​Муаттара Ҷӯраева моҳи октябри соли 2014 аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуда, рӯзи 17 март ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.

Муаттара Ҷӯраева дар гузашта аз гӯяндагони маъруфи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон буд ва дар интихоботи парлумонии соли 2005 аз ҳавзаи Ашт номзад шуда вале ноком гашт. Ӯ баъди тарки кори телевизион тиҷорат мекард ва гуфта мешавад, аз мардум барои сохтани як тарабхона пул гирифта, сари вақт баргардонда натавонистааст.

Бо он, ки Марҷона 8 моҳу 21 рӯзи ҳаёти худро паси панҷара кардааст, мегӯяд, зиндагӣ дар маҳбас чандон бад набуд, зеро вай тавонист ба қадри бисёр чизҳое, ки замони дар озодӣ буданаш намедонист, бирасад. Вай ҳамчунин мегӯяд, аз сӯҳбатҳои занҳои дигар низ сабақи зиндагӣ омӯхтааст.

"Дар зиндон ба Худо наздик шудам"

Ба гуфтаи Марҷона, онҷо бо занҳову духтароне ошноӣ пайдо кард, ки ҳатто барои 1 телефон ба муддати 9 сол паси панҷара рафтанд. Занҳоеро дид, ки бо тӯҳмат маҳкум шуда буданд ва баъзеи дигараш барои куштор зиндонӣ ба кунҷи маҳбас афтоданд. Вай мегӯяд, ки дар озодӣ камтар ба тоату ибодат ва китобхонӣ машғул буд, аммо он ҷо ба Худованд наздик шуд, нисбати худаш ақидаҳояш дигар гашт, ба худ раҳм пайдо кард. "Фикр мекунам, ки барои гунаҳҳоям ҷавоб додам”, - нақл мекунад ӯ.

Марҷона маблағи он дӯсташро, ки аз 1 ҳазору 200 ба 2 ҳазору 500 сомонӣ афзуда буд, ба ӯ баргардонд, аммо худро дар баробари иттиҳоми дуздӣ натавонист ҳимоят кунад ва пушти милаҳои зиндон рафт.

Тибқи қонуни афв, ки дар остонаи ҷашни 25 солагии истиқлолияти Тоҷикистон аз сӯи раиси ҷумҳур пешниҳод шуд, гуноҳи беш аз 12 ҳазор нафар, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ бахшида хоҳад шуд. Афв аллакай аз охирҳои моҳи август татбиқ шуда, гурӯҳе аз зиндониён ба озодӣ баромаданд, ки Марҷона аз ҷумлаи онҳо буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG