Пайвандҳои дастрасӣ

Зиёдуллоҳ Хоҷаев, ки як сол пеш дар садамае маъюб шуд, ронандаи муовини раиси дастгоҳи порлумони Тоҷикистонро масъули бадбахтии худ медонад, вале ронанда мегӯяд, ҳама кӯмаки мумкинро ба ин ҷавон расондааст.

Садамае дар кӯчаи Теҳрон, марказии Душанбе ду нафарро ба ҳам шинос кард. Яке Зиёдуллоҳ Хоҷаев, донишҷӯи Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ва дигаре Абдуллоҳ Нуруллоев, ронандаи муовини раиси дастгоҳи парлумони Тоҷикистон Асадуллоҳ Алиев. Зиёдуллоҳ дар соатҳои фориғ аз донишгоҳ рӯзномафурӯшӣ мекард, вале як сол ба ин сӯ бемор аст. Баъд аз он садама ва ҷарроҳиҳо як пояш тақрибан аз ҳаракат монда, ӯ маъюби гурӯҳи сеюм шудааст.

Ин ҳодиса бо Зиёдуллоҳи 21-сола, рӯзи 14 апрели соли 2014, соати панҷуними шом рӯй дод. Вай аз садамаи мотосиклаш бо мошини сабукрави тамғаи “Ниссан” маҷрӯҳ шуд. Пизишкон се бор пояшро ҷарроҳӣ карданд, вале мегӯяд, дигар аз пой маҳрум шудааст. Вай ронандаи “Ниссан”-ро сабабгори садама медонад ва мегӯяд, ба ваъдаҳои Абдулло Нуруллоев, ки гуфта буд, Зиёдуллоҳро табобат мекунад, бовар кард ва фиреб хӯрд:

“Ман аз оилаи камбағалу нодоре ҳастам, ки барои харҷи табобати ман наздиконам имконият надоранд ва бе ин ҳам дар ҷараёни табобатам зиёд қарздор шудаанд. Бар замми ин, бародарам низ маъюб аст ва падару модарам ҳам бештар бо ӯ машғул ҳастанд. Ман пештар каме ҳам бошад пул кор карда ба хонаамон кӯмак мекардам ва дубора мехоҳам саломатиамро барқарор намоям. Аммо он ронанда, ки маро ба ин ҳол овардааст, инро ба гардан намегирад ва кӯмак намерасонад”.

​Аммо ронандаи “Ниссан”, Абдулло Нуруллоеви 64-сола, ки собиқаи 40-солаи ронандагӣ дорад ва тақрибан се сол ба ин сӯ ба ҳайси ронанда дар парлумони Тоҷикистон кор мекунад, ҳодисаро ба таври дигар шарҳ медиҳад ва барои кӯмак накарданаш чанд сабабро пеш меорад. Ба гуфтаи вай, садама фалокатест, ки аз таги по бармехезад ва ҳамон шоме, ки ин ҳодиса рух додааст, барояш аз чанд ҷиҳат нохушоянд буд:

“Аввал ин, ки завҷаам дар ҳолати бад қарор дошт ва ин буд, ки баъди як моҳи ин ҳодиса аз олам даргузашт. Дуюм, ман дар ин садама худамро қисман бегуноҳ меҳисобам, чунки ҳамон ҳолат ҳама роҳҳо маҳкам шуда буду ман низ ба қафоям баргаштанӣ будам, ки ногаҳон вай бо дучархааш аз куҷое пайдо шуда, бо ман бархӯрд. Дигар ин, ки бо вуҷуди ин ман ӯро худам ба беморхона бурдам ва ҳатто ба ҷарроҳии нахустинаш то рентгену томография маблағашро супоридам. Баъди аз беморхона ба хонаи тағояш рафтанаш, мо ҳамроҳи муфаттиш ба наздашон рафтем ва онҳо дар аризаи сесаҳифагиашон ба мо навишта имзо гузошта доданд, ки нисбати шумо ҳеҷ даъвои дигар надорем”.

Зиёдуллоҳ Хоҷаев, ҳарчанд мавҷудияти чунин ариза ва имзои худро дар он тасдиқ мекунад, мегӯяд, ин маънои онро надошт, ки вай минбаъд аз кӯмакпуливу ёрмандӣ даст кашад: “Ман он имзоро дар ҳоле гузоштам, ки волидайн ва хешовандонам гӯё вазъи пасти ронандаро ба инобат гирифта, маро ба имзомонӣ маҷбур карданд, вале ман дар асл намехостам имзо гузорам ва аз даъвоям даст кашам”.

Аммо Абдулло Нуруллоев, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, аз вазъи мушкилоти иқтисодияш қисса кард ва гуфт, ки дар пайи мусибате, ки ба сараш омад, яъне даргузашти завҷа ва ҳам наберачааш, қарздор шудааст: “Ман дар як моҳ ҳамагӣ 400 сомон маош мегирам ва ин ба ману ҳафт фарзандам тамоман басандагӣ намекунад, бо ин маблағ ҳеҷ имконияти ӯро дар хориҷа ҷарроҳӣ карданро надорам”.

Зиёдуллоҳ Хоҷаев мегӯяд, ба номаҳояш, ки ба додгоҳу додситонӣ фиристодааст, ҷавобҳои ноумедкунанда мегирад ва масъулон бо пеш овардани санади ариза ва қонуни авф ва муҳимтар аз ин боз нашудани парванда ба иллати аз даъво гузаштани Зиёдуллоҳ ба бегуноҳии Абдулло Нуруллоев таъкид мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, танҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар ҷавоби номаи Зиёдуллоҳ, як бор ӯро ройгон ҷарроҳӣ намудаанд ва он ҳам ҷуброни ҷарроҳии пешинаи табибон будааст, ки гуфта мешавад, нодуруст ҷараён гирифтааст.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, вобаста ба вазъи Зиёдуллоҳ Хоҷаев, ки маъюби гурӯҳи сеюм аст, мегӯяд дар натиҷаи ташхис мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки ӯро бо нафақа таъмин кунанд: “Ҳарчанд дар раёсатҳои тобеи вазорат вобаста ба ҷароҳатбардоштагони садамаҳои нақлиётӣ омори махсусе нест, вале агар онҳо тибқи нишондоди табибон, ки ба кадом гурӯҳи маъюбӣ шомил ҳастанд, муайян созанд, нафақаи махсус ҷудо карда мешавад. Масалан, барои маъюби гурӯҳи сеюм ҳадди ақал 130 сомонӣ моҳонаи нафақа таъин гардидааст”.

Ба иттилои Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ, танҳо дар соли 2014 дар қаламрави кишвар беш аз 1500 садама сабт шудааст, ки дар натиҷа 446 нафар фавтида, зиёда аз 1700 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG