Пайвандҳои дастрасӣ

Чӯпон Ёқубов: "Зиндагӣ бо гургу гӯсфанд беҳтар аз муҳоҷират аст"


Ҳусейн Ёқубов

Ҳусейн Ёқубов

Чӯпонҳои тоҷик умри худро дур аз хонавода дар минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ мегузаронанд. Аммо мегӯянд, чӯпони касбест, ки дар ҳама давру замон ба кор меояд.

Чӯпонҳои тоҷик умри худро дур аз хонавода дар минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ мегузаронанд. Аммо мегӯянд, чӯпони касбест, ки дар ҳама давру замон ба кор меояд.

Ҳусейн Ёқубов, чӯпони 70-солаи сокини ноҳияи Данғара зиндагии худро ба ду фасл қисмат карда, шаш моҳ - аз оғози тобистон то тирамоҳро дар кӯҳистони салқин ва баҳору зимистон дар водиҳои гарм сипарӣ мекунад. Ӯ дар як сол як бор ба хонааш дар деҳкадаи дурдасти "Иттиҳод"-и ноҳияи Данғара меравад, ки аз баъзе чарогоҳҳо дар фосилаи 300 километр қарор дорад.

“Мо мисли кӯчманчием, - мегӯяд Ҳусейн Ёқубов. - Дар муҳоҷират ҳам набошем, лекин мисли муҳоҷирони Русия соле як маротиба ба хонаамон меравем". Бо он ки синни ин мард ба 70 наздик шудааст, аммо ӯ нисбат ба синну соли воқеияш 20 сол ҷавонтар ба назар мерасад. Ҳусейн Ёқубов ҳамроҳ бо ду фарзандаш 1500 сар бузу гӯсфанди давлативу хусусии мардумро ҳамарӯза то 15 километр роҳ ба доманаи кӯҳ ва даштҳо мебарад.

Данғара аз маноқи гарми ҷануби Тоҷикистон аст, ки даштҳои сабзи он аз гармӣ дар нимаи тобистон зард мешаванд. Алафҳои сабзро танҳо дар доманакӯҳҳои дуртар пайдо кардан имкон дорад. Ӯ мегӯяд, касби чӯпониро аз падару бобоҳояш ба мерос гирифтааст, аммо бо ин ҳам аммо эмин нигоҳ доштани рамаи бузу гӯсфанд аз чанголи хирсу гург ва даррандаҳои дигар дар дашту саҳро хеле душвор аст. Бахусус, дар фасли сармо, ки рама пайваста мавриди ҳамлаи гургҳои гурусна қарор мегирад. Ӯ мисли ҳамаи чӯпонҳо силоҳ дорад, аммо шабҳое, ки дар хоб мемонад, танҳо ба ҳушёрии ин ду саги гӯшбуридаи чӯпонӣ умед мебандад, ки хеле бадҳайбатанд.

Чӯпонҳо шабро маъмулан дар хаймаҳои латтагин рӯз мекунанд, рӯзона бошад, батареяҳои офтобӣ мегиранд. Сарпаноҳ, ғизо ва ашёи рӯзғорашон дар ин сафарҳо дар пушти хару асп барбаста мешавад. Феҳрасти ғизои онҳо рангин нест ва аксаран аз гӯшти буз ё гӯсфанд таҳия мешавад. Гоҳо Ҳусейн Ёқубов, дар кӯҳдоман маконеро барои зиндагии як ё ду ҳафта интихоб мекунад ва дар чунин мавридҳо келинҳо ва ҳамсарашро барои ёрӣ даъват карда як муддат аз корҳои занона халос мешавад.

Вақте мо бо Ёқубов сӯҳбат мекардем, онҳо дар 30-километрӣ аз маркази ноҳияи Данғара дар доманаи кӯҳе қарор доштанд. Аз бонуҳои хона онҳоро келини хурдӣ ҳамроҳӣ мекард. Келини Ҳусейн Ёқубов, ҳомила аст. Ӯ ӯзбакзабон буда, тоҷикиро хуб намедонад. Ӯ мегӯяд, вақте ки шавҳару падарарӯсаш ҳамроҳаш ҳастанд, торикӣ ва уллоси гургҳо ӯро ба ҳаррос намеоранд. Гаштугузор дар саҳро барои ин зани ҳомила осон нест. Аммо ӯ намехоҳад фурсати ҳамроҳӣ бо шавҳарашро, ки аз даштҳои дур ба наздикиҳо фаромадааст, аз даст бидиҳад. Ӯ ҳам шавҳарашро дар як сол ду-се дафъа мебинад.

Ҳусейн Ёқубов ба қавли худаш “даҳмардаи современный” аст. Ӯ ва писаронаш аз ҳама ҳодисаҳои дохил ва хориҷи кишвар огоҳанд. Онҳо пайваста радио гӯш мекунанд. Телефони ҳамроҳ низ доранд. Батареяи хуршедӣ дар торикиҳои кӯҳистон манзилашро мунаввар месозад ва ниёзи онҳоро ба энержӣ бароварда месозад. Хабари охирине, ки шунидааст, сафари президенти Тоҷикистон ба Амрико буд. Хабарҳои дигар, ки ӯ давоми моҳу ҳафтаҳо пайгирӣ кардааст, ба Сурия рафтани ҷавонон ва ҳуҷуми мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим ба низомиёни давлатӣ будаст.

Ҳамчунин, ба нақли ин чӯпон, ӯ пеш аз пеш аз радио хабар меёбад, ки фасли сармо чӣ гуна меояд ва барои зимистонгузаронии бузу гӯсфандонаш чӣ омодагӣ бигирад. Ҳусейн Ёқубов, ба фарзандонаш насиҳат мекунанд, ки “касби чӯпонӣ беҳтарин касб аст ва онро бояд идома диҳанд”. Наврӯзбек Ёқубов, писари 20-солаи ӯ пас аз хатми мактаб барои таҳсил ба донишкада нарафт. Ӯ ҳамроҳи падар подабонӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, подабонӣ беҳтар аз муҳоҷират аст. Ҳусейн Ёқубов ҳарчанд хилофи таҳсил кардани фарзандон, махусан писаронаш нест, аммо мегӯяд, фарзандон бо нони товагии чупонӣ бузург шудаанд ва намаки онро пос хоҳанд дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG