Пайвандҳои дастрасӣ

Як мактабхони 17-сола аз Қубодиён аз баҳри хариди телефони ҳушманду планшет гузашта, пули дар ихтиёр будаашро барои кӯмак ба оилаҳои фақиру нодор сарф кард.

Ҳарчанд наврасоне дар ин сину сол талош мекунад, ки аз фановариҳои наве барои худ харидорӣ кунад, вале ин наврас дар сар хаёли дигаре дорад, ки устодон ва атрофиёнашро ба ҳайрат гузоштааст. Абубакр Юсупов, дар бозори ноҳияи Қубодиён ба аробакашӣ машғул буда, аммо сари вақт ба дарс ҳозир шуда ва аз шогирдони фаъол ҳам ба шумор мешавад.

Ин хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 1 дар маркази ноҳияи Қубодиён баъди соати дарсӣ дар бозор аробакашӣ, борбардорӣ ва дигар корҳои сиёҳро анҷом дода, ва дар ниҳоят 500 сомонӣ ҷамъ кард ва барои як хонаводае, ки чаҳор нафар маъб дорад, орду равған ва шакар харидорӣ намуд. Тасмими Абубакр Юсупов, сокини маҳаллаи Гузари болои маркази ноҳияи Қубодиён омӯзгорони мактаб ва сокинони ноҳияро ба ҳайрат гузошт.

Аз хурдӣ дар орзуи амали хайр...

Худи Абубакр аз хонаводаи миёнаҳол аст ва мегӯяд, “аз хурдӣ фикр мекардам, ки бояд ба нафаре кумак кунам, хусусан ба камбағалу маъюбон, ҳоло дар бозор кор кардам, пулро оҳиста-оҳиста ҷамъоварӣ намудам, 500 сомонӣ шуд. Мақсади кӯмак карданамро ба устодам гуфтам, ки мехоҳам пуламро ба ятимхона диҳам. Устодамро хуш омад, ба ман як хонаводаи ниёзмандро, ки маъюб ҳастанд муарифӣ кард, ки кумак кунам.”

Кумакпулии Абубакр Юсупов бо заҳмати ҳудуди як моҳа кашидаи ӯ аз устохона ва аробакашиву борбардорӣ дар бозори ноҳияи Қубодиён ба даст омадааст.

Устод амали шогирдашро меситояд

Ҳилол Зиёдалиев, мудири мактаби шумораи 1 ва роҳбари синфи Абубакр Юсупов мегӯяд, ки дирӯз орду равған, шакару биринҷи харидаи шогирдашро бо ҷамъи дигар ҳамсинфонашон ба хонаводаи Бозорбой Қурбоназаров, ки худ маъюб аст ва се духтари маъб ҳам дорад, бурда расониданд.

Ҳилол Зиёдалиев зимни хушҳолӣ аз иқдоми шогирдаш гуфт, “дар мошини худам бурда додам, шогирдам заҳмат кашида, дар бозор кор карда, пул ҷамъ овардааст. Маслиҳат карда пулро бурда ба ин хонаводаи маъб доданд. Амали як шогирди мактаб, ки дар миёни мардум гуфт мехоҳад кумак расонад, моро ба ҳайрат гузошт, ҳама дастгирӣ кардем.”

Ҳар, ки дилеро шод кунад...

Бозорбой Қурбоназаров, сокини деҳаи Арабхонаи ноҳияи Қубодиён, ки маъюб ва падари се духтари маъб ҳам аст, гуфт, ки аз талабаҳои мактаб ва мудири мактаб шакару макарон ва орду равған гирифтааст, вале намедонад, ки ин кумаки кӣ буд: “Директори мактаб бо онҳо буд. Хабар гирифта бо духтаронам, ки роҳ гашта наметавонад, шиштанд, макарону орд, равғану шакар оварданд. Фарзандони ман бисёр шод шуданд, вале нагуфтанд, кӣ ин кумакро ба мо расонд, танҳо директори мактаб Зиёдалиевоо муарифӣ карданд.”

Хайри фарзанди оҳангар

Нодир Юсупов, падари Абубакр Юсупов, ки оҳангар аст, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз кор кардани писарашон огоҳ буданд, вале намедонистаанд, ки мехоҳад хайр кунад: “Писарам ба мо чизе нагуфт, ба модараш гуфтааст, ки нони гарм пазад. Ӯ нонро гирифта барои анҷоми кори хайраш рафтааст, аз муаллимон шунида хушҳол шудам, худамон хонаводаи миёнаҳол ҳастем, ки аз пули кишоварзӣ ва оҳангарӣ пул меёбем ва зиндагӣ мекунем. Гап сари дороӣ ва зиёд доштан нест, муҳим саломатию хушбахтӣ ва тарбияи дурусти фарзанд мебошад.”

"...на аз таҳсин, балки аз шодии маъюбон хушҳолам"

Абубакр дар хонаводае бо бобою бибии бознишаста ва 5 бародару падару модар зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки на аз шунидани офарину таҳсини намояндагони мақомоти ноҳия, балки аз шодии хонаводаҳои фақиру нодор ва маъбони барҷомонда, ки аз дасташ кумак гирифтаанд, хушҳол шудааст. Ба ин далел дар оянда низ талош хоҳад кард, то иқдоми кумак кардан ба афроди ниёзмандро идома диҳад.

Дар ҳамин ҳол масъулони ҳумати ноҳияи Қубодиён иқдоми кумакрасонии як хонандаи ноболиғро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки ин амр шоёни таҳсин аст. Аммо Абубакр Юсупов мегӯяд, ки ҳадафаш хайр кардан аст ва намехоҳад то аз “кумак бо дасти рост, дасти чапаш огоҳ шавад”.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ноҳияи Қубодиён беш аз 10 хонаводаи маъб сабт шудааст, ки дар арафаи идҳои расмӣ ва мазҳабӣ аз ҷониби мақомот ва соҳибкорони муваффақ кумакҳо, аз ҷумла маводи ғизоӣ дарёфт мекунанд. Шумораи маъбону барҷомондагон дар вилояти Хатлон, ки ба кумаку дастгирӣ ниёз дорад, беш аз 1000 нафар гуфта мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG