Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қиссаи дар кӯча ва бидуни кӯмаки момодаяе кӯдак таваллуд кардани як зани тоҷик дар Қазони Русия, бисёриҳоро дар ҳайрат гузошт ва ба яке мавзӯъҳои расонаҳои маҳаллӣ табдил ёфтааст.

Гулбаҳор Мирзоева, муҳоҷирзани 35-солаи тоҷикро шаби 3- июл замоне дарди кӯдак гирифт, ки на шавҳар ва на касе аз наздикон дар ин шаҳр ҳамроҳаш набуд. Ба танҳоӣ ва бо мушкилу азоби зиёд, ӯ тифли батнашро дар яке аз хиёбонҳои Қазон ба дунё овард ва нофашро бо дастони худ бурид. Баъдан ӯ ба яке аз биноҳои наздик рафт ва дари яке аз хонаҳоро кӯфт ва кӯмак пурсид.

Гулбаҳор дар сӯҳбат бо Озодӣ, 27-уми июл аз он шаб ёд овард ва гуфт, “ бо вуҷуди он, ки соат 11-и шаб буд, кӯчаҳо серодам буданд. Вақте дардам авҷ гирифт, ба як каноре рафтам. Ва писарамаро таваллуд кардам. Дар сумкаи дастиям қайчиву дока доштам. Нофи кӯдакро буридам ва дар куртаам печондам.”

Ба нақли Гулбаҳор, сипас ӯ ва тифлашро субҳ ба яке аз дармонгоҳҳо бурданд. Гулбаҳорро барои нақзи қавонини будубош дар Русия дар боздоштгоҳи муваққат ба маблағи 2 ҳазор рубл ҷарима карданд ва бо фарзандаш ба маркази буҳронии “Надежда” супоранд.

Гулбаҳор зодаи ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон аст ва дар моҳи сентябри соли гузашта ба Қазон омадааст. Дар Қазон ӯ бо як шавҳранди Узбакистон изивоҷ мекунад.

“Бо ин мард ман ду соли пеш дар Регар шинос шуда будам. Ӯ ба меҳмонии пайвандонаш омада буд. Ӯ дар Қазон дар сохтмон кор дошт ва мо бо ҳам ду сол бо ӯ тариқи телефон сӯҳбат мекардем. Тақрибан 10 моҳ пеш ба Қазон омадам ва мо бо ҳам никоҳ кардем. Аммо вақте замони таваллуд кардани ман наздик омад, ӯ як бора ғайб зад.”-гуфт Гулбаҳор.

Гулбаҳор мегӯяд,аз шавҳари қаблияш, ки панҷ соли пеш фавтидааст, се кӯдак дорад ва онҳоро ҳоло падари бемораш нигоҳубин мекунад. Ба гуфтаи ин зан, бори мушкили зиндагӣ ва ҳам таънаи наздикону ҳамсояҳо дар мавриди бева мондааш, ӯро водор кард, ки ба Русия рахти сафар бандад ва онҷо бо ин мард издивоҷ кунад: ”Дар Регар зиндагии мо мушкил буд. Дар боғча кор мекардам, пуле, ки пайдо мекардам, ҳатто ба хӯрокворӣ ҳам намерасид. Падарам ҷарроҳӣ шуд, аз ин хотир ман маҷбур шудам, ки муҳоҷиратро ихтиёр кунам.”

Гулбаҳор, ҳоло бо писараш Сардорбек дар маркази бӯҳронии “Надежада” нигаҳдорӣ мешавад. Олга Бакаева, раҳбари ин марказ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Гулбаҳор то замони муайян шудани истирдод шуданаш ба Тоҷикистон, дар ин ҷо хоҳад монд: “Ӯ дар ин марказ аз чизе танқисӣ надорад. Дар шароити хеле хуб нигаҳдорӣ мешаванд. Мо ҳатто барои навзод либсҳову дигар чизҳои заруриро ҷамъоварӣ кардем.”

Олга Бакаева гуфт, ин аввалин ҳодисае нест, ки онҳо ба занони бесаробонмондаи тоҷик кӯмак мекунанд. Дар моҳи ноябри соли гузашта, низ як муҳоҷирзани тоҷик баъд аз таваллуди фарзанд дар шароити бад қарор гирифтааст ва дар ин марказ ним сол ӯро сарпаноҳ додаанд ва баъдан ба шаҳри Хабаровск фиристодаанд.

Аммо Гулбаҳор Мирзоева -- муҳоҷирзани тоҷике, ки бо ҳазор умед рахти сафар ба Русия баста буд, ҳамагӣ баъд аз даҳ моҳ бо ҳамёни холӣ ва навзод дар даст, ба ватан истирдод мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG