Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7000 доллар барои санҷиши имон


7000 доллар барои санҷиши имон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00

Шерзод Насруллоев, як ҷавони тоҷик, ки чанд рӯз қабл дар таваққуфгоҳи яке аз фурӯшгоҳҳои Маскав ним миллион рубли русӣ пайдо кард ва онро ба соҳибаш баргардонд, мегӯянд, ки аз кардаи худ ифтихор мекунад.

Шерзод Насруллоев, як муҳоҷири ҷавони тоҷик зодаи Панҷакент, ки дар шаҳри Маскав дар фурӯшгоҳи “Реал гипермаркет” кор мекунад, рӯзи 29 феврал ҳангоми ҷамъ овардани аробаҳо дар таваққуфгоҳи мошинҳои ин фурӯшгоҳ сумкаеро бо 520 000 рубли русӣ, муодили беш аз 7 000 доллар пайдо карда, ба соҳибаш баргардонд.

Шерзод ба ихтиёри ӯ афтодани ин миқдор пули калонро санҷиши Худованд медонад, ки ӯро мавриди имтиҳон қарор дод, то бубинад, ки бо он пул чӣ рафтор мекунад. Шерзод мегӯяд, "шунида будам, ки чизи пайдокардаро гирифтанаш ҳаром аст ва бояд то се рӯз нигоҳ дошт ва агар соҳибаш пайдо нашуд, онро ба ягон сағирахона ва ё афроди камбизоат ва ашхоси бемор бояд хайр кард."

Ба гуфтаи Шерзод, бархе ёру дӯстон ва ҳамсояҳояш дар Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ бо ӯ шӯхимоез гуфтаанд, ки чаро пулро баргардонд, зеро бо ин миқдор пул метавонист дар ватан соҳиби зиндагии роҳат ва ё мошину хона шавад. Аммо Шерзод мегӯяд, ба онҳо гуфт, ки ин ҳама як санҷиши Худованд аст, то бубинад бандааш дар чунин ҳолатҳо чӣ гуна рафтор мекунад.

Сафармад Нурматов, яке аз ҳамкорони Шерзод мегӯяд, бачаҳое аз ҷумлаи муҳоҷирони кории тоҷик буданд, ки ба Шерзод гуфтанд, то пулро бардорад ва ба Ватан баргардад. Аммо Шерзод нахост ин корро бикунад ва гуфт, "ин пули ёфта барои ман ҳаром аст ва ман бояд ба соҳибаш баргардонам". Ба гуфтаи Сафармад Нурматов, албатта дар ин миёни бачаҳое ҳам буданд, ки Шерзодро ташвиқ карданд то пулро ба соҳибаш баргардонад.

Сафармад Нурматов бо ситоиш аз ин амали ҳамдиёри тоҷикистониаш мегӯяд, ки барои ба даст овардани 500 ҳазор рубл дар Русия бояд 1-2 сол заҳмат кашид ва ин пули каме барои як муҳоҷири корӣ нест ва на ҳар як кас "дилу гурда мекунад", ки чунин тасмими оқилона бигирад.

Яке дигар аз ҳамкорони тоҷикистонии Шерзод мегӯяд, ки "ӯ кори хуб кард. Ҳам соҳиби пул хурсанд шуд ва мо ҳам хурсандем, ки номи тоҷику Тоҷикистонро баланд бардошт. Раҳмат ба падару модараш, ки ҳамин корро кард."

7000 доллар барои санҷиши имон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00

​Шерзод Насруллоев дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки албатта, 520 ҳазор пули кам нест ва соҳибонаш барои он ба фурӯшгоҳ баргаштанд ва ӯ, ки мунтазири онҳо буд ва вақте пурсиданд, дар ҳузури маъмурияти фурӯшгоҳ пулашонро пас дод.

"Якуним-ду соат баъд соҳиби пул баргашта омад ва пулро гирифтанд ва ба ман ташаккурӣ карданд. Зану шавҳар буданд, мард панҷ ҳазори русӣ дароз кард, ман нагирифтам. Боз занаш исрор кард, ки пулро бигир. Ман аз онҳо суол кардам, ки оё онҳо розӣ ҳастанд? Онҳо дар посух гуфтанд, ки албатта розӣ ҳастанд ва мард дар шонаҳоям тап-тап зад ва гуфт, ки ман тоҷиконро дар ҳар куҷо кӣ бинам, ҳурмат мекунам. Ҳамин тавр боз панҷ ҳазор пул, дар маҷмӯъ 10 ҳазор рубл занаш ба ман дароз кард. Ман исрор кардам, ки намегирам, аммо дар ҷайбам онро ба зӯр андохт. Ман ин пулро гирифтам ва ба падару модарам ба Тоҷикистон фиристодам, то рӯзи ҷумъа худоӣ кунанд."

Шерзод мегӯяд, ки ӯ дар моҳ 30 ҳазор рубли русӣ маош мегирад ва 20 ҳазори онро ба хонаводааш мефиристад, чаҳор ҳазор панент месупорад ва 3,5 ҳазори дигарро иҷораи хона медиҳад ва боқимондаро сарфи хӯрок мекунад.

Дар моҳи сентябри соли 2015 қиссаи Равшан Файзалов ном ронандаи тоҷик аз шаҳри Екатеринбург низ расонаӣ шуда буд. Ин ронанда, ки матбуоти Русия "ронандаи поквиҷдон" номаш кард, дар микроавтобусаш қариб 900 000 рубли фаромӯшкардаи як зану шавҳари кӯҳансолро пайдо карда, ба соҳибонаш баргардонд. Маълум шудааст, ки ин зану шавҳар маълул буда ва ин пули мотосикли ягона фарзанди дар садамаи нақлиётӣ ҳалокшудаашон будааст.

Дар моҳи октябри соли 2015 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти Русия достони поквиҷдонии Забеҳулло Шафеъзода ном муҳоҷири дигаре аз Тоҷикистон сарусадои зиёд ба по карда буд. Забеҳуллоҳи 25-сола, ки аз Панҷрӯди Панҷакент аст ва дар Маскав таксӣ мезанад, рӯзи 28 октябр дар роҳ ба сӯи мағоза ҳамёни пур аз корти бонкӣ ва пулро пайдо карда, талош мекунад, то ба соҳибаш баргардонад. Соҳиби ҳамён ӯро ягон қаллоб гумошта, бовараш намекунад. Аммо Забеҳуллоҳ пайваста баҳисоби соҳиби ҳамён пул гузошта, ӯро мутақоид мекунад, ки ягон тамаъ надорад ва танҳо мехоҳад ҳамёну кортҳои бонкиашро пас бидиҳад.

Алёна Куратова – соҳиби ҳамён баъди пас гирифтани чизҳояш ба Забеҳуллоҳ 8 000 рубл тӯҳфа мекунад, вале ҷавони тоҷик аз ин пул ҳам даст кашида, онро ба ҳисоби Насриддин -- як кӯдаки 2-солаи тоҷик, ки модараш аз вай даст кашида ва дар яке аз ятимхонаҳои Русия тарбия мегирад, фиристодааст.

Алёна Куратова аз тариқи Фейсбук рафтори Забеҳуллоҳ Шафеъзодаро ҳамчун як намунаи баланди поквиҷдонӣ таблиғ кард ва ӯро дар як они воҳид ба қаҳрамони матбуоти Русия табдил дод .Шӯҳрати ин ҷавони тоҷик ба ҳадде расид, ки “Сбербанк” – бузургтарин бонки Русия – дар рекламааш аз қиссаи чигуна ҳамён ёфтану бо истифода аз хидматҳои бонкӣ ба соҳибаш расондани Забеҳуллоҳро истифода кард.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, намунаҳое, чун ин ду мавриди поквиҷдонии Шерзод ва Забеҳуллоҳ метавонанд дар сохтани имиҷи мусбат аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия хидмат кунанд ва фикри мардуми маҳаллиро нисбат ба муҳоҷирон хеле дигар кунанд.

XS
SM
MD
LG