Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: Фирори маҳбусҳо ба ҳукумат хатар дорад


Дар робита ба фирори маҳбусон ва талошҳои то ҳанӯз бенатиҷаи боздошти дубораи онҳо Радиои Озодӣ бо Мэтю Клементс, мудири барномаи Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар Маркази омӯзиши таҳдидҳои Ҷейн дар Лондон, сӯҳбате орост. Суоли нахуст аз ӯ ин буд, ки чаро фирори маҳбусон дар расонаҳои ҷаҳон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст?

Вай гуфт: "Ба фикрам, як бахши мушкил ин аст, ки Тоҷикистон дар минтақаи хеле ноором воқеъ аст. Афғонистони ҳаммарз дар ҷануб на танҳо манбаи бузурги маводи мухаддир аст, ки роҳҳои қочоқаш аз Тоҷикистон мегузаранд, балки манбаи муайяни норозигии исломӣ низ дар Афғонистон реша дорад. Ва як бахши бузурги худи Тоҷикистон зери назорати воқеии ҳукумат нест ва ин минтақаи кӯҳистониест, ки барои қочоқи маводи мухаддир истифода мешавад. Гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, чӣ гурӯҳҳои қочоқи маводи мухаддир ва чӣ ситезаҷӯёни исломӣ, баъзан омезаи ҳарду, метавонанд, ин минтақаҳоро ба ҳайси пинҳонгоҳи худ истифода кунанд. Бахши умдаи ҳамин мусаллаҳоне, ки ахиран аз маҳбаси Тоҷикистон фирор карданд, дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои амниятии ин кишвар дар тобистони соли гузашта дар ҳамин гуна маҳалҳо боздошт шуданд. Метавон ҳадс зад, ки бозгаштани онҳо ба чунин манотиқ барои иттиҳоду ташкили дубора як хатари умда ва ҷиддии эҳтимолиро барои ҳукумати Тоҷикистон ба вуҷуд меорад."

-Аммо ин ақида ҳам вуҷуд дорад, ки фирориён талош хоҳанд кард ба ҷойҳое нараванд, ки он ҷоро метавон тахмин зад ва талош хоҳанд кард, ки нопадид гарданд.

-Бале, ин ҳам яке аз имкониятҳост. Тавре пештар гуфтам, минтақа ва вазъи он ба онҳо чунин имкониятро медиҳад. Онҳо метавонанд рӯ ба Афғонистон оранд ё Покистон ва ё баръакс Қирғизистону Русия ва ғайра. Ҳама гуна таҳаввул имконпазир аст. Ва инро ҳам метавон ҳадс зад, ки мумкин аст, бахше аз онҳо боздошт шаванд, ҳарчанд бояд гуфт, талоши нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ ва боздошти дубораи онҳо ба тавононии ин нерӯҳо бастагӣ хоҳад дошт. Манзурам ин аст, ки онҳо ҷиддан ба камбуди васоит ва тамрину таҷриба рӯбарӯянд ва аз сатҳи баланди фасод зиён мебинанд. Бо вуҷуди ин комилан имконпазир аст, ки нерӯҳои Тоҷикистон ҳамоҳангӣ нишон диҳанд ва теъдоди муайяне аз фирориён боздошт ва ё аз тарафи нерӯҳои амниятӣ дар рӯзҳои оянда нобуд карда шаванд.

-Тоҷикистон гуфтааст, барои кӯмак ба ниҳодҳои марбутаи Русия ва Афғонистон муроҷиат мекунад. Дар навбати худ Русия, Афғонистон ва Қирғизистон изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар боздошти фирориён ба Тоҷикистон мадад хоҳанд расонд ва ҳатто Ӯзбакистон гуфтааст, аз масъала огоҳ аст. Кӯмаки онҳо, аз нигоҳи Шумо чӣ шакл ва мизоне хоҳад дошт?

-Бо назардошти вазъи Афғонистон ва тавонмандиҳои он метавон гуфт, ин кӯмак бештар бо таҳкими марз бастагӣ хоҳад дошт. Ва нерӯҳои марзбонии ин кишвар шояд аз ҳувияти фирориён огоҳ карда шудаанд ва дар сурати убури онҳо аз марз мумкин аст, талоши боздошти онҳо сурат гирад. Дар мавриди Русия, ман гуфта наметавонам, ки бояд нерӯҳои амниятии ин кишвар ба Тоҷикистон фиристода шаванд ва мо шояд бештар шоҳиди пуштибонии иктишофии Русия шавем.

- Ба назари Шумо, Метю, таъсири сиёсии ин воқеа ба ҳукумати ҷаноби Раҳмон чӣ хоҳад буд?

-Ман фикр намекунам, ин таъсир ҷиддӣ ё шадид хоҳад буд. Вай тавонистааст, як низоми нисбатан амнеро бунёд кунад. Мавқеи раҳбари худкомаи Тоҷикистон гумон аст, аз тарафи мухолифоне ҳадафи таҳдид қарор дошта бошад. Яке аз омилҳои таҳким, ки ӯ ва ҳамтоёни минтақавияш ин ҳама солҳо бунёд кардаанд, рӯёрӯӣ ба таҳдиди ситезаҷӯёни исломист. Яъне зоҳири як чунин таҳдид сохта шудааст, ки бояд бо он мубориза кард. Ва ӯ инро батакрор тақвият додааст. Биноан, ман гумон намекунам, ки таъсири сиёсии воқеа ба ҳукумати Раҳмон хосса ва шадид бошад.
XS
SM
MD
LG