Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сил Субҳиддини муҳоҷирро бехонумон кард


Субҳиддин Ҷалолов.
Субҳиддин Ҷалолов.

Бар асоси омори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, дар соли 2015 аз миёни ҳар 100 ҳазор сокини Тоҷикистон 60 нафари онҳо ба сил мубтало будаанд.

Субҳиддин Ҷалолови 43-сола 12 сол пеш баъди издивоҷ ба муоинаи тиббӣ рафт ва маълум шуд, ки бемории сил дорад. Дарҳол ба муолиҷа пардохт, аммо тангии зиндагӣ ва набуди ҷои кори мувофиқ ӯро маҷбур кард, муолиҷаро бигузораду барои кор ба Русия равад.

Зиндагӣ дар манзилҳои сард аз як тараф ва гуруснагӣ аз тарафи дигар, боиси авҷ гирифтани бемориаш шуд ва ӯ ночор ба ватан баргашт. Вале набуди дастгоҳҳои пешрафтаи ташхиси сил ва ҳамин тавр камбуди доруҳо, талошҳои ӯ барои муолиҷаи ин бемориро беасар гузошт.

Се сол қабл табибон ба Субҳиддин машварат доданд, ки вай бояд дар шароити беморхона ба табобати ҷиддӣ пардозад. Чунки дигар ҳамроҳи хонавода зиндагӣ кардани вай барои атрофиён хатари ҷиддӣ доштааст. “Дуввуним сол дар беморхонаи Мачитон бо сабаби ҳамин беморӣ хоб рафтам. Маро дар ҷомеа зараррасон гуфта, маҳкам карданд ва дар инзиво қарор доданд.” -гуфт, Субҳиддин Ҷалолов.

Субҳиддин, ки дар даст ташхиси рентгени шушашро дошт, афзуд, ки шуши чапаш аллакай ба нестӣ расидааст: “Шуши рост Худоро шукр ҳоло ҳаст, бо ҳамин чанд дарсаде монда бошад, нафас кашидаву зиндагӣ дорем...”

Ҷалолов муддати дуввуним сол дар шароити махсус дар бемористон табобат гирифт. Табобате, ки аз як тараф ба анқариб маҳв шудани вируси сил дар баданаш шуд, вале аз тарафи дигар, дар зиндагияш тағйироти ҷиддие ба миён омад. Субҳиддин мегӯяд, “давоми 2 солу 5 моҳе, ки дар беморхонаи Мачитон бистарӣ шуда хоб будам, ҳамсарам меомад ва мерафт. Оқибат гуфт, ба фикри ман сиҳат намешавӣ, акнун биё ман зиндагиямро бинам. Бо ҳамин ду фарзандам ҳоло дар интернатанду ҳамсарам шавҳар кард...”

Қаблан Субҳиддин Ҷалолов дар яке аз ошхонаҳои Душанбе кор мекард, вале то ҳол намедонад ин бемориро аз куҷо бо худ гирифтааст -- аз муҳоҷират ё дар ҳаминҷо. Чунки яке аз гурӯҳҳои осебпазир ба ин беморӣ маҳз муҳоҷирони меҳнатӣ ба шумор мераванд.

Муҳоҷиронро сил аз пой меафтонад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

Мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҷараёни таҳқиқу ташхиси сиҳатии бештар аз 400 ҳазор муҳоҷири корӣ ва хонаводаҳои онҳо дар миёни онҳо тақрибан 10 ҳазор нафарро пайдо кардаанд, ки нишонаҳои бемории силро доранд. Дар ин миён якуним ҳазор нафари онҳо ба табобати фаврӣ эҳтиёҷ доштаанд.

Таҳқиқ дар чаҳорчӯби тарҳи "TB REACH" ва бо ёрии молии як муассисаи хайрияии Ҳолланд сурат гирифтааст. Маъмурони беҳдоштӣ хона ба хона гашта ва дар бораи муҳоҷирони корӣ, ки қариб дар ҳар се хонаводаи тоҷик ҳастанд, маълумот ҷамъ кардаанд. Мавлуда Маҳмудова, роҳбари дафтари Бунёди сил KNCV дар Тоҷикистон гуфт, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, ки ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, аз ночорӣ табобати худро идома намедиҳанд.

“Бемории сил ин мушкили танҳо соҳаи тандурустӣ нест. Барои мубориза бо ин беморӣ ҳамаи ҷомеа масъуланд. Инро ҳамаи мо медонем. Аксари гирифторони ин беморӣ гурӯҳи осебпазири ҷомеа, аз ҷумла хонаводаҳои камбизоатанд. Новобаста аз он, ки мо корҳои зиёде мекунем, аз ҷумла созмонҳои ҷаҳонӣ доруҳои заруриро дастрас мекунанд, ки ҳамаи онҳо амалан ройгонанд, вале беморон бояд хонаводаҳои худро хӯронанду пӯшонанд -- мушкиле ки онҳоро маҷбур мекунад табобати нопурра гирифта ва ба Русия раванд.”

Бар асоси омори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, дар соли 2015 аз миёни ҳар 100 ҳазор сокини Тоҷикистон 60 нафари онҳо ба сил мубтало будаанд. Аслиддин Раҷабов, иҷрокунандаи роҳбари Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои ахир бо сабаби таъмини таҷҳизоти нав, дараҷаи бемории сил дақиқ муайян мешавад ва доруҳои зарурӣ ба онҳо дода мешавад, ки ин сабаби беҳбуд шудани вазъи гирифторон ба ин беморӣ гаштааст:

“Ба дилпурӣ гуфта метавонам, ки бемории сил дар айни ҳол дар як сатҳ қарор дорад, фоизи каму беш ҳам бошад, рӯ ба пастӣ задааст. Айни ҳол нисбати солҳои гузашта ташвишовар нест. Даҳ сол пеш дар мо доруҳои зидди сил набуд ва таҷҳизоту техника муосире, ки ин беморон ташхис карда наметавонистем, ҳоло ҳамаи инҳо дастрасанд. Доруҳои зидди бемориҳои сил дар тамоми ҷумҳурӣ ба таври ройгон таъмин карда мешавад.”

Дар Тоҷикистон ташхису табобати бемории сил ройгон аст. Аммо бисёре аз беморон қаблан борҳо аз он шикоят кардаанд, ки на ҳамеша ба доруҳои лозима дастрасӣ доранд ва ҳам бо табобати тӯлонӣ аз ин беморӣ раҳо намешаванд. Масъулони маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ҳам эътироф мекунанд, ки қаблан бо сабаби набуди дастгоҳи замонавии ташхис, наметавонистанд дараҷаи ин бемориро дуруст муайян кунанд. Ҳоло дар давоми ду соат бо истифода аз дастгоҳи “Ҷин эксперт”, дараҷаи беморӣ пурра муайян мешавад ва вобаста ба он, ба беморон дору тавсия мешавад.

Фирӯз Шарифов
Фирӯз Шарифов

Фирӯз Шарифов, директори беморхонаи табобати бемориҳои сил, воқеъ дар деҳаи Мачитони шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ташвишовар аст, ки синни гирифторони сил сол то сол ҷавон мешавад. Ба гуфтаи Шарифов, ҳоло дар маркази табобати беморони сил 255 бемор ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо бемории силро ба барномаҳои стратегии кишвар шомил кардааст ва соли гузашта барномаи 5-солаи Назорат бар бемории сил барои солҳои 2010-2015 анҷом ёфт. Бо вуҷуди он, ки кашфи бемориҳои сил дар кишвар дар ин муддат беҳтар шудааст, аксаран онҳое гирифтори ин беморӣ мешаванд, ки мисли Субҳиддин дар шароити сахт дар Русия кор мекунанд.

Ҳоло Субҳиддин Ҷалолов, маъюби гуруҳи якум аст ва 130 сомонӣ нафақапулӣ мегирад. Аз ин ки ки бемории сил табобатшаванда аст, умед дорад, рӯзе сиҳат меёбаду зиндагии солимро аз нав оғоз мекунад. Вале ягона нигаронии Субҳиддин надоштани хонаи алоҳида ва то лаҳзаи табобат дур будан аз атрофиён, хусусан кӯдакони бародаронаш аст, ки ҳоло дар манзили онҳо ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG