Пайвандҳои дастрасӣ

Як сокини 30-солаи ноҳияи Ваҳдат, ки соли гузашта ҳашт моҳро дар сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" сипарӣ кардааст, мегӯяд, барои таблиғгарони пуртаҷрибаи ДОИШ "ҷиҳодӣ" сохтан аз тоҷики содда, кори панҷрӯза аст.

Як ҷангии тоҷик, ки чаҳор моҳро дар сафҳои "Давлати исломӣ" сипарӣ кардааст, мегӯяд, ки барои таблиғгарони пуртаҷрибаи ДОИШ ба сафҳои ин гурӯҳи моил сохтани як тоҷики камсавод, вақти зиёд талаб намекунад.

Бобоҷон Қарабоев мегӯяд, ки моҳи апрели соли 2015 як таблиғгари ДОИШ бо номи Абдураҳмон, ки тоҷик буд ва мебоист ба Қарабоев дар ёфтани кор дар Подмоскове кӯмак мекард, дар муддати як ҳафта бо пахши видеову хондани маводи гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" мағзи ӯро шуст ва роҳии Сурия кард. Бобоҷон Қарабоев, ки бинобар дарсшиканӣ дар соли 2009 аз Коллеҷи ҳарбии Душанбе ронда шуда буд, то рафтанаш ба Русия ва баъд Сурия, дар ноҳияи Ваҳдат бо таксӣ мусофир мекашонд.

Ӯ мегӯяд, “пас аз таблиғи панҷрӯза мисле, ки гипноз шудам. Пули билетамро аз Маскав гирифтанд. Ба хонаводаам гуфтам, ки Олмон меравам ва он ҷо шаҳрвандӣ мегирам. Дар Туркия, мувофиқи маслиҳати пешакӣ маро як нафар интизор буд. Аз он ҷо маро ба Ғозиёнтеппа бурданд. Он ҷо ҳамроҳ бо як ҷавони тоҷик ва як хонаводаи узбак озодона ба Сурия гузаштем. Дар марз бо як рақам занг задем ва ду бор "Сулейман "гуфтем. Ин рамз буд ва моро омада бурданд. Дар марзи миёни Сурия ва Туркия на касе моро боздошт кард ва на пурсид.”

Тасдиқи воқеияти қиссаи Бобоҷон Қарабоев аз манобеи дигар имкон надорад, аммо мақомоти Тоҷикистон алайҳи аз рӯи банди 401, қисми 1- "зархаридӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва баъдан бо назардошти ҳамкорияш бо мақомот ӯро афв карданд.

Бобоҷон мегӯяд, онҳоро дар фосилаи ду соат роҳ аз марзи Туркия дар мактаби вайронае дар хоки Сурия ҷобаҷо карданд, ки дар онҷо садҳо нафари дигар нигаҳдорӣ мешуданд. Ин афрод баъдан ба лагери омӯзишии ДОИШ интиқол мешуданд ва он ҷо дарси шариату низомӣ мегирифтанд. Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, ки баробари расидан ДИИШиҳо шиносномаи ӯро сузонданд ва ба ӯ номи нав- Абу Абдулло ат Тоҷикӣ гузоштанд. Бобоҷон Қарабоев мегӯяд, ки ҳамроҳ бо ӯ ҳудудан 100 тани дигар аз Тоҷикистон буданд. Ӯ мегӯяд, пас аз ду рӯзи расиданаш ба Сурия, як ҷавони тунисиро бо гумони ҷосусӣ дар пеши чашми онҳо сар буриданд.

​“Ин куштор маро такон дод ва гӯё аз хоб бедор шудам. Баъдан бераҳмиҳои онҳоро дида кам-кам эътироз мекардам. Он ҷо касе ба касе бовар намекард. Ҳама аз ҳама гумони бад дошт ва марг аз чор тараф моро суроғ мекард. Пас аз ду рӯз аллакай сахт пушаймон шуда ба худ нақшаи гурез мекашидам. Ҳуҷҷатҳоямро гирифта сӯзонда буданд ва намегуфтанд, ки мо дар куҷо қарор дорем. Бо кӣ ҷанг мерафт, кӣ киро мекушт, маълум набуд”- мегӯяд Бобоҷон Қарабоев.

“Зиндон ва даҳ дарра барои кӯтоҳ кардани риш”

Қарабоев ба гуфтаи худаш дар шаҳрҳои Раққа, Табқа, Ҳалаб ҳузур дошта, вайронкориҳои ДОИШ дар шаҳри таърихии Палмираро низ шоҳид будааст. Ӯ мегӯяд, дар як муҳориба дида буд, ки 50 ҷавони тоҷик ба якборагӣ кушта шуданд ва касеро парвои ҷони онҳо набуд. Ӯ мегӯяд, зоҳиран аксари ҷавонони узви ДОИШ мисли девона буданд. Бисёре аз ҷавонони тоҷик пушаймон буданд, вале имкони бозпас гаштан надоштанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, онҳо ба муҳорибаҳо мерафтанд ва ба назар мерасид ба хотири раҳоӣ аз ранҷу азобу даҳшат, худашонро ба куштан медоданд. Қарабоев мегӯяд, ки ӯ низ дар ҷанги калон иштирок кардааст, аммо мегӯяд ин корро аз маҷбурӣ кардааст, вагарна кушта мешуд . Гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” барои аъзоён ва сокинони минтақаҳои таҳти назораташ қонунҳои шадиди шариатиро ҷорӣ карда буд",- мегӯяд Бобоҷон Қарабоев.

“Боре хостам каме ришамро ба тартиб дарорам. Аз ин огоҳ шуданд ва барои кӯтоҳ кардани риш маро ду рӯз зиндон карданд ва даҳ дарра дар пуштам заданд. Бо назарҳои каме мухолифам ва нақзи қонунҳои ДОИШ маро зери шубҳа бурданд ва рафторҳоямро мушикофона назорат мекарданд.”

Бобоҷон Қарабоев.

Бобоҷон Қарабоев.

​Бобоҷон мегӯяд, зистан дар қаламрави таҳти назорати ДОИШ ваҳшатнок буд. Аз як сӯ, ДОИШ ҳамарӯза афроди зиёдеро бо баҳонаҳои мухталиф бо тариқи намоишӣ қатл мекард, аз тарафи дигар ҳавопаймоҳо болои сарашон бомба мерехтанд: “Ҳавопаймоҳо зуд-зуд ҳамла мекарданд. Намедонам, ин ҳавопаймоҳо аз кадом кишвар буданд, вале вақте мезаданд, роҳҳои асфалтпӯш ба ҳаво мехестанд. ДОИШ паногоҳҳои зеризаминии бетонӣ сохта буд, ки дар ин лаҳза мо онҷо паноҳ мебурдем”

Мусобиқа барои “шаҳидон”

Ӯ мегӯяд, фармондеҳонро дар ДОИШ амир ном мебурданд ва зоҳиран онҳо аз кушта шудани сарюбозонашон хеле шод мешуданд. Ба гуфтаи Бобоҷон, обрӯи амирони ДОИШ ба он вобаста буд, ки чӣ қадар “шаҳид” дорад, яъне чӣ миқдор зиёд сарбозашро кушта бошанд.

“Аз ҷанг меомаданд ва мегуфтанд, ки ман 50 шаҳид дорам. Дигараш мегуфт, аз ман 70 шаҳид аст. Дар ҷанги дигар ин амир аз амири дигар сарбозони кушташудаашро бештар мекард. Баъдан ба ман гуфтанд, ки баъзан амирон ба хотири шаҳиди бештар доштан, сарбозони худро ҳатто аз пушт ба гранатамиёт мезананд.”

Бобоҷон Қарабоев мегӯяд, ки ваҳшонияти ДОИШ нақшаҳои ӯро барои фирор метезонид ва ӯ нақшаи берун рафтан аз ин дӯзахро мекашид. Ӯ мегӯяд, бо фиреб аз ҳалқаи ДОИШ берун шуд ва ба яке аз амирони ДОИШ гуфт, ки бародар ва якчанд хешонаш низ мехоҳанд ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шаванд ва ӯ бояд онҳоро аз марзи Туркия ба Сурия раҳнамоӣ кунад.

“Коғазе бароям навиштанд ва бо нишон додани он, аз дидбонгоҳҳои ДОИШ мегузаштам. Бисёр мавзеъҳоро намешинохтам. Дар ҳар дидбонгоҳ ба ман шубҳа мекарданд. Дар охирин дидбонгоҳ нафаре ба ман ҳамроҳ шуд ва ба хотири санҷиш, автоматашро дар дастам дод. Ӯ фикр мекард, ҳоло ман бо автомати ӯ алайҳаш коре мекунам, вале накардам. Ӯ бовар кард, вале ман чун минтақаи марзиро шинохтам, фирор кардам. Ҳангоми бозгашт ҳам дар марз маро касе боздошт накард. Дар Ғозиёнтеппа худро ба пулиси Туркия таслим кардам ва онҳо маро ба ихтиёри сафорати Тоҷикистон супурданд”- қисса кард Бобоҷон Қарабоев.

Бобоҷон мегӯяд, розӣ буд, ки дар Тоҷикистон ҳабс шавад, вале дар сафи ДИИШ боқӣ намонад.

“Духтарон ҳамсарам намешаванд”

Бобоҷон Қарабоев моҳе пеш пас аз анҷоми тафтишот мавриди авф қарор гирифт ва як ҳафта боз дар як сохтмон дар Душанбе кор пайдо кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳоло мехоҳад, аз роҳи дуруст пул пайдо кунад ва зиндагиашро пеш барад. Бобоҷон Қарабоев эътироф мекунад, ки доғи ҳамкорӣ бо ДОИШ-ро аз номи инсон зудудан кори осон нест ва он дар ҳар бахши зиндагии ҷангии собиқ таъсир дорад. Ӯ мехоҳад издивоҷ кунад, аммо хонаводааш ба чанд хонае ба хосгорӣ рафт, духтардорҳо ҷавоби рад доданд.

“Гуфтанд, ки мо духтарамонро ба як бачаи аз Сурия омада намедиҳем. Ҳар ҷое меравем, вақте мефаҳманд, ки аз Сурия омадаам, ҳамин хел мегӯянд”- гила кард ҷангии собиқи ДОИШ.

Ҳоло Бобоҷон Қарабоев барои афроде, ки аз ДОИШ пушаймон шудаанд ва мехоҳанд ба ватан баргарданд, раҳбалад шудааст. Ӯ дар давоми ду моҳи ахир дар ҳамкорӣ бо мақомот шаш ҷавони дигарро аз Сурия ва Ироқ бо раҳбаладӣ ба Тоҷикистон баргардонидааст.

“Бархеро модаронашон муроҷиат карданд, ки бачаҳои мо пушаймон шудаанд, вале намедонанд, ки чӣ тавр ба ватан баргарданд. Ман макони онҳоро мепурсидам ва тариқи вотсапу вайбер роҳбаладиашон мекардам. Барояшон баҳона нишон медодам ва роҳи хуби фирорро пешниҳод мекардам.”

Бобоҷон Қарабоев мегӯяд, ки ӯ як инсони комилан мухолифи ДОИШ шудааст ва то умр дорад, дар доираи тавон муқобили ин созмон мубориза мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG