Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як сержант дар робита ба қазияи марги Шӯҳрат Таваллоев


Шӯҳрат Таваллоев.
Шӯҳрат Таваллоев.

Як сержанти Горди миллии Тоҷикистон дар робита ба марги сарбоз Шӯҳрат Таваллоев, боздошт шудааст. Хабари марги ин сарбози Горди миллӣ ҳафтаи гузашта расонаӣ шуд ва наздиконаш аз қавли масъулини қисми низомӣ гуфтанд, ки гӯё ӯ худро паррондааст.

Манобеъ аз додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе рӯзи панҷшанбеи 27 октябр тасдиқ карданд, ки дар робита ба қазияи марги Шӯҳрат Таваллоев, сарбози қисми низомии Горди миллии Тоҷикистон воқеъ дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе, як сержанти ҳамин қисми ҳарбӣ боздошт шудааст. Манбаъ ба хотири "халал нарасонидан" ба раванди тафтишот, аз бурдани номи ин сержант худдорӣ кард, аммо гуфт, ки вай ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва бозҷӯӣ мешавад.

Пайвандони Шӯҳрат Таваллоев низ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки мақомоти тафтишотӣ онҳоро аз боздошти ин сержант дар ҷараён гузоштаанд ва гуфтаанд, ки “вай қабл аз худро паррондани Шӯҳрат, ӯ ва ду тан аз сарбозони дигарро латукӯб кардааст ва эҳтимол дорад, ки ин амалкарди сержант боиси худро паррондани Шӯҳрат шуда бошад."

Пайвандони Шӯҳрат Таваллоев умедворӣ карданд, ки тафтишот битавонад, "мӯйро аз хамир” ҷудо кунад ва сабақе барои дигар сарбозони “меҳтарсолор” шавад. Зеро гуфта мешавад, сержанте, ки ҳамакнун дар иртибот ба ин қазия боздошт шудааст, бо истифода аз “меҳтарсолорӣ”-и худ, Шӯҳрат ва дигар сарбозонро латукӯб кардааст ва ин ҳодиса эҳтимолан ба худкушии Шӯҳрат боис гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир дар нисбати ин сержант тибқи моддаи 109, қисми 1, яъне "ба худкушӣ расонидан", парвандаи ҷиноятӣ боз шудаааст ва аз сӯи муфаттиши додситонии низомии гарнизони Душанбе Сӯҳроб Мирзозода, таҳқиқ мешавад

Наздикони Шӯҳрат Таваллоев қаблан аз қавли масъулони ин қисми низомӣ гуфтанд, ки гӯё ӯ рӯзи 16 октябр ҳангоми адои хизмат дар қисми низомӣ худро бо истифода аз автомати “Калашников” парондааст. Ҷасади ин сарбози ғӯрамарг бо кӯмаки пайвандонаш 17 октябр ба зодгоҳаш ноҳияи Роштқалъа интиқол дода шуд.

Шӯҳрат Таваллоев соли гузашта ба яке аз Коллеҷҳои шаҳри Душанбе дохил шуд, вале ба сабаби дер мондан, дар нимсолаи дуввум хориҷ гардид. Ҳамин тавр, ӯро моҳи майи соли ҷорӣ ба хизмат дар артиш даъват карданд ва пас аз ҷо ба ҷо кардан, сарбози қисми низомии Горди Миллӣ, воқеъ дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе гардид. Аммо пас аз панҷ моҳи хизмат, авоили ҳафтаи гузашта, ҷасади беҷони ӯро ба зодгоҳаш интиқол доданд.

Cолҳои охир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аксарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон сабт шуда, волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад."

Марги Шӯҳрат дар ҳолест, ки моҳи феврали соли гузашта Наҷмиддин Қаюмов -- сарбози як қисми ҳарбии вазорати дифоъ бо истифода аз силоҳи “Калашников” қасди ҷони худ кард ва маъюб шуд. Волидони сарбоз фишору мушкилот дар хизматро боис ба талоши худкушии фарзандашон унвон карданд, аммо худи Наҷмиддин баъди ба ҳуш омадан гуфта буд, аз беэҳтиётӣ ба сӯи худ тир холӣ кардааст.

Дар соли 2014 созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, 8 парвандаи марг ё осеби ҷисмонии сарбозонро ҳангоми хизмат ба қайд гирифт, ки яке аз онҳо талоши худмаъюбкунии сарбоз буд. Бархе аз мақомдорон дар ин маврид худи ҷавононро, барои омода набудан ба хизмати ҳарбӣ ва тоб наовардан ба оддитарин мушкилот дар хизмат, интиқод мекунанд.

Дар ду соли охир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аксарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон сабт шуда, волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад.

Агарчӣ мақомоти низомӣ бахше аз ин парвандаҳоро то додгоҳ бурда, муҷримонро ба солҳои тӯлонӣ ҳабс карданд ва сӯҳбатҳои тарбиявиро бо аскарон ба роҳ мондаанд, аммо фаъолони ҳуқуқи башар, решакан шудани падидаи меҳтарсолорӣ ё "дедовшина"-ро кори сахт медонанд.

XS
SM
MD
LG