Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳе, ки баъди ҷашн аз кор монд


Ягона нерӯгоҳи обии барқии хурд, ки соли 2006 дар кӯчаи «Чармгарони Поён» шаҳри Кӯлоб сохта шуда буд, баъди се ҳафта фаъолият аз кор боз монд ва сокинон низ дигар аз ин нерӯгоҳ қувваи барқ нагирифтанд.

Як нерӯгоҳи обии барқии хурд, ки ҳудуди 9 сол қабл дар кӯчаи «Чармгарони Поён» шаҳри Кӯлоб сохта шуда буд, ҳамагӣ се ҳафта фаъолият кард ва аз кор монд. Ин нерӯгоҳи хурдро дар маркази шаҳри Кӯлоб соҳибкори инфиродӣ Бобоҷон Пираков, дар арафаи 2700-солагии Кӯлоб сохта, замони ташрифи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба истифода доданд, аммо ин нерӯгоҳ баъди се ҳафтаи фаъолияташ аз кор боз монд ва дигар натавонист ба сокинон қувваи барқ диҳад.

Тӯрахон Саидов, як масъули шикати "Барқи тоҷик" дар шаҳри Кӯлоб сешанбеи 5 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, иллати фаъолият накардани нерӯгоҳ, набуди об ва надоштани обанбор аст. Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, аз ин рӯ ин нерӯгоҳ то имрӯз натавонистааст, ки фаъолияти худро идома диҳад. Ӯ мегӯяд, ки ин нерӯгоҳ худ ҳамагӣ се ҳафта фаъолият кард:

Вай афзуд, ки «ин нерӯгоҳ ба иқтидори дар як шабонарӯз 200 киловат соат сохта шуда буд. Вақте соҳибкор аз ӯҳдаи истифодабарии он намебарояд, ба тавозуни "Барқи тоҷик" мегузаронад. Ин дар ҳамон шабу рӯз ҳамагӣ 11 хонаро бо қувваи барқ таъмин мекунад ва хонаи 12 ба ин неругоҳ пайваст мешавад, ин аз кор мемонад ва то имрӯз фаъолият надорад.»

Зимнан, ин нерӯгоҳ баъди аз фаъолият боз мондан дарашро баст ва дар пайи ин болои таҷҳизотҳои ин нерӯгоҳ бо селофан (келонка) пӯшонида шудааст.

Абдураҳмон Тағоймуродов, сокини кӯчаи «Чармгарони Поён» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аввалин одаме буд, ки аз ин нерӯгоҳи хурд қувваи барқ гирифт. Ба гуфтаи ҷаноби Тағоймуродов, замоне об бештар буд, ин нерӯгоҳ фаъолият мекард, аммо ҳоло аз набуди об кор намекунад. Ӯ мегӯяд, ки вақте ба кор даромад, қувваи барқаш хело бо сифат буд.

«Рости гап, сабаби кор накардани ин хуб сохта нашудани обанбор ва обпарто аст. Аз ин рӯ, ин нерӯгоҳ дигар натавонист доимӣ кор кунад. Аз як тараф об нест, аз тарафи дигар обанбор надорад, ки обро захира кунад ва ба мардум кувваи барқ диҳад. Ин нӯҳ сол мешавад, ки ҳаминхел хобидааст.»

Аммо баъзе аз коршиносон маҳаллӣ мегӯянд, ки нақшаи ин нерӯгоҳ аз замони Шӯравӣ монда буд, аммо бо пош хӯрдани СССР, масъулин натавонистанд, дар инҷо нерӯгоҳро бисозанд.

Бурҳон Сафарӣ, коршиносӣ маҳаллӣ, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, бетон ва дигар масоиле, ки дар назди ин нерӯгоҳи хурд аст, пеш аз замони Шӯравӣ сохта шуда буд. Ба гуфтаи ҷаноби Сафарӣ, ин бояд ҳамон вақт сохта мешуд, аммо бо пошхӯрии шӯравӣ, бунёди ин нерӯгоҳ ба таъхир афтод. Ӯ мегӯяд, онро дар соли 2006 бунёд карданд, ки дар он замон аллакай ин мавзеъ барои нерӯгоҳ номуносиб буд. Ӯ мегӯяд, ки барои ин нерӯгоҳ харҷи бештар шуд, ҳатто аз Чин таҷҳизот оварданд, аммо ин фаъолият накард.

Зимнан, масъулин "Барқи тоҷик" дар шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтанд, ки ин нерӯгоҳи хурди барқиро ба дигар мавзеъ интиқол диҳанд, аммо дақиқан ҳоло мавзеи насби ин нерӯгоҳи хурдро, ки аз кор бозмондааст, мушахас накардаанд. Вале масъулон идораи "Барқи тоҷик" мегӯянд, дар ҷустуҷӯи мавзеъе ҳастанд, ки ҳам об дошта бошад ва ҳам сокинонаш инро истифода карда тавонанд.

Нерӯгоҳи обии барқӣ баъди ҷашнвора аз фаъолият монд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

XS
SM
MD
LG