Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Маскав, Суҳроб Гулов, як муҳоҷири кории тоҷик бо сарнавишти ғамангезе дучор шудааст ва хешовандонаш худро ба ҳар дар мезананд, то ӯро ба ватан бифиристанд.

Рӯзи панҷшанбе ин сокини 33-солаи Қӯрғонтеппаро, ки гирифтори бемории инсулт ва ё хунрезии мағзӣ шудааст, ба фурудгоҳ оварда ва хостаанд ба Душанбе бифристанд, аммо намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ бо назардошти бемории Суҳроб, ба ӯ иҷозаи парвозро надодаанд.

Шералӣ Сафаров, тағои Суҳроб Гулов, ки зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гиря мекард, гуфт, дар бемористони Старий Химки, ки хоҳарзодааш табобат мегирифт, ба ӯ гуфтанд, ки бемори Суҳроб ҷиддист ва бояд ӯро муддати тӯлонӣ табобат кунанд, ки ин шароитро шифохонаи онҳо надорад. Табибони рус санаде дар бораи вазъи Суҳроб Гулов додаанд, ки то дар фурудгоҳ ба онҳо иҷозаи парвоз бидиҳанд, аммо табибон гуфтаанд, бо ҳоле, ки Суҳроб Гулов дорад, наметавонад то ним сол дар ҳавопаймо парвоз кунад, зеро хатари бадтар шудани вазъи сиҳатии ӯ ва ё ҳатто марг ҳам вуҷуд дорад.

Суҳроб Гулов, ки дар сохтмоне дар Маскав кор мекардааст, ду ҳафта пеш ба хунрезии мағзӣ гирифтор шуда ва тайи ду ҳафта дар шифохонаи Старий Химки табобат гирифтааст. Шералӣ Сафаров, сокини ноҳияи Ҷомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ӯ фалаҷ аст ва ба сахтӣ ҳарф мезанад ва баъди аз фурудгоҳ баргардонданаш ба бемористон, табибон ӯро танҳо бо ин шарт қабул кардаанд, ки фақат то се рӯз метавонад, дар ин ҷо бимонад. Дигар шарт ин аст, ки барои табобати ӯ рӯзона тақрибан 60 доллар лозим мешавад, ки ба гуфтаи Шералӣ Сафаров, музди кори чандмоҳаи ӯ барои пардохтани ин маблағ кофӣ нест.

Абдулло Давлатов, табиб ва як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Шералӣ Сафаров ба онҳо низ муроҷиат кардааст ва яке аз роҳҳое интиқоли Суҳроб Гулов ба Тоҷикистон аробаи маъюбист, ки мумкин аст, аз ҳамин роҳ ба онҳо иҷозаи парвоз бидиҳанд. Аммо боз ҳам муқаррароте ҳаст, ки шояд монеъи бурдани муҳоҷири бемори тоҷик ба ватанаш шавад, аз ҷумла баъзе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ иҷоза медиҳанд, танҳо як нафарро бо аробаи маъюбӣ қабул мекунанд. Суҳроб Гулов, падари 6 фарзанд сокини рустои Озодии меҳнат дар наздикии Қӯрғонтеппа аст.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба мушкили Сӯҳроб Гулов расидагӣ хоҳанд кард, то бубинанд, аз чӣ роҳе метавонанд, ин масъаларо ҳал намоянд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG