Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилола барои кӯдаки тоҷик мубориза мебарад


Ҳилола Егорова бо писари тоҷикаш Михаил
Ҳилола Егорова бо писари тоҷикаш Михаил

Зане дар як додгоҳи Маскав барои ҳаққи модарӣ ба тифли партофташудаи тоҷик мубориза мебарад. Рӯзи 20 сентябр дар додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав марҳилаи ниҳоии даъвои миёни Ҳилола Егорова, шаҳрванди Русия ва консулгарии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Вақте кӯдакро дидам, танҳо ҳамин масъалаи шаҳрванди Тоҷикистон буданаш каме нигарон кард. Чунки дар мактаби волидони фарзандхон гуфта буданд, ки кӯдакони шаҳрванди Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ба таври автоматӣ шаҳрвандии ин кишварро доранд.

Мавзӯи баҳс – тифли шашмоҳаест, ки як шаҳрванди Тоҷикистон ба дунё оварда, аммо аз ӯ даст кашидааст. Даъво бар асоси он шурӯъ шуд, ки навзод аз ҷониби идораи васоят ва парастории вазорати маорифи вилояти Маскав бидуни мувофиқати мақомоти Тоҷикистон дар Русия ба тарбияи фарзандхонҳо гузашт.

Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон, кӯдаки ятими тоҷик бидуни ризояти сохторҳои дахлдори ин кишвар наметавонад ба парастории шаҳрванди Русия гузарад. Асноди додгоҳии консулгарии Тоҷикистон собит мекунад, ки дар ҷараёни фарзандхонӣ ва зиндагии баъдии ин тифли шашмоҳа ҳадди ақалл ду дафъа қонун нақз шудааст. Аввалан, дар ҳолати содир кардани қарори ба фарзандонхонӣ додани тифли тоҷик мавқеи ҷониби Тоҷикистон пурсида нашудааст ва дувум, бар пояи ҳамин асноди фарзандхонӣ ба кӯдак шаҳрвандии Русия тақдим шудааст.

Кӯдак 11 марти соли 2016 аз модари тоҷике бо номи Кулулаева М.Н. таваллуд шуда, ҳоло шаҳрванди Русия аст ва исми наваш Михаил Егоров шудааст. Вакили дифоъ ва ҳам худи Ҳилола Егорова роҳ ёфтани иштибоҳ ба ҳангоми таҳияи санадҳои фарзандхониро аз ҷониби шӯъбаи васоят ва парастории вазорати маориф эътироф мекунанд, вале аз додгоҳ ва ҳам мақомоти тоҷик дархост доранд, ки ба ин иштибоҳҳо чашм пӯшанд ва гузоранд, ки тифл дар дасти волидони нав дар шароити муносиб тарбия шавад.

Ҳилола Егороваи 36-сола, шаҳрванди Русия, ки дар як ширкати Маскав ба ҳайси хазинадор кор мекунад ва ҳоло барои тарбияи писархондаш дар рухсатии модарӣ қарор дорад, гуфт, дар 10 соли ҳамзистӣ бо ҳамсари 45-солааш натавонистааст соҳиби фарзанд шавад. Онҳо аз мақомоти дахлдор дар шаҳру вилояти Маскав дархости расмии фарзандхонӣ кардаанд. Баъди аз фарзанд даст кашидани модари биологиаш, ба Егоровҳо пешниҳод мешавад, ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кунанд.

Ҳардуи онҳо дар ин муддат дарсҳои махсуси падару модариро ҳам гузашта, аз назари фикрӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ барои қабули фарзанд омода шудаанд. Ҳилола Егороа гуфт, "вақте кӯдакро бори аввал дидам, танҳо ҳамин масъалаи шаҳрванди Тоҷикистон буданаш маро каме нигарон кард. Чунки дар мактаби волидони мактаби фарзандхонӣ гуфта буданд, ки кӯдакони шаҳрванди Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон вақти таваллуд ба таври автоматӣ шаҳрвандии ин кишварро доранд. Дар идораи парасторӣ ба мо баъд гуфтанд, ки ҳеҷ мушкил аз ин назар намешавад. Идораи парасторӣ гуфт, ки консулгарии Тоҷикистонро дар ҷараён мегузорад ва ман ҳам аз паи дигар санадҳо шудаму кӯдакро ба қайд гирифта, шаҳрвандии Русияро додем. Мо ҳарду бо шавҳарам кор мекунем, хона тоза таъмир шудааст, шароитамон хуб аст. Як хонаи берунишаҳрӣ ҳам дорем. Қарори фарзандхонии кӯдак аз рӯзи 31 май ҳукми қонуниро гирифт, вале 15 июн аз Тоҷикистон нома гирифтем, ки кӯдак бояд ихроҷ шавад".

Баъд аз ин, Ҳилола Егорова ва ҳамсараш ба додгоҳ муроҷиат карданд. Дар тамоми ин муддат, мегӯяд зан, ҳеҷ нафар аз хешовандони эҳтимолии кӯдак пайдо нашуд ва барои кӯдак даъво накард. Дар Консулгарии Тоҷикистон ба волидон гуфтаанд, ки дар сурати вуҷуди равобити хешутаборӣ онҳо метавонанд ба тифл соҳибӣ кунанд, вагарна кӯдак бояд аз дасти онҳо гирифта шуда ба тарбияи ятимхонаи Тоҷикистон фиристода шавад. Ҳоло Ҳилола умед дорад, ки дар додгоҳ бо мақомоти тоҷик мешавад ба созиш расид ва қазияро ба манфиати кӯдак ҳал кард.

"Ба кӯдак раҳмам меояд. Ҳоло ӯ нимсола аст. Ӯро агар аз дастам гиранд, ҳафтмоҳа мешавад, баъд чӣ мешавад? Ӯ аллакай гаваккашон мегардад, падарашро “баба” мегӯяд. Тифли дӯстдоштаи мо аст. Ҳамеша дар ҳавои тоза дар аробачааш мегардонем, ҳама кору зиндагӣ ба хотири ҳамин кӯдак аст. Мо гунаҳкор нестем, ки вазъият ингуна шуд" - гуфт ӯ.

Ҳуқуқшинос ва вакили дифои Ҳилола Егорова Арам Балк дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, умед дорад, ки дар ниҳояти кор додгоҳ ва ҳам ҷониби даъвогар бо назардошти манфиати кӯдак амал мекунанд. Вай гуфт, "бо тамоми эҳтиром ба қонун ва давлати Тоҷикистон", шароити ин кишварро "ҳама медонад ва бисёри шаҳрвандони ин кишвар ба хотири рӯзии беҳтар ба Русия барои кор мераванд ва шояд, ки шароити ятимхонаи Тоҷикистон барои ғамхории дурусти ин кӯдак муносиб набошад". Ба гуфтаи Балк, дар сурати рад шудани дархости онҳо, талош мекунанд то баландтарин зинаҳои додгоҳӣ – додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башар бираванд, вале дар ин сурат, мегӯяд ӯ, як-якуним сол мегузарад ва агар кӯдакро аз дасти волидон бигиранду ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд, саравишт ва ҳолати равонии ӯ чӣ мешавад.

Маросими ба Тоҷикистон фиристодани ятимони тоҷик дар Маскав. Сафорати Тоҷикистон, январи соли 2013
Маросими ба Тоҷикистон фиристодани ятимони тоҷик дар Маскав. Сафорати Тоҷикистон, январи соли 2013

Сафорати Тоҷикистон пайваста барномаҳои бозгардони атфоли ятиму партофташудаи тоҷикро аз ятимхонаҳои Русия роҳандозӣ мекунад. Ҳафтае аз ин пеш чор тифли ятим ба Тоҷикистон фиристода ва ба тарбияи ятимхонаҳои ин кишвар гузаштанд. Мояи январи соли 2013 дар маросими гусели чор тифли ятими тоҷик ба ватан, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав барпо шуд, сафири собиқ Абдулмаҷид Достиев гуфта буд, ки "Тоҷикистон фарзандони нодаркор надорад."

Тоҷикистон мегӯяд, интиқоли кӯдакон ба ватан тибқи муқаррароти Конвенсияи Кишинёв сурат гирифтааст. Дар солҳои истиқлолият даҳҳо тифли ятим ва партофташудаи тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфта, бархеи онҳо дар Тоҷикистон ба тарбияи волидони нав ва ё зери назари хешовандони худ гузаштанд. Сафорат мегӯяд, танҳо дар Тоҷикистон 800 оилаи бефарзанд дар навбати фарзандхонӣ истодаанд.

XS
SM
MD
LG