Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Депутати рус бо шеър гузориш дод


Як вакили парлумон дар Русия гузориши худро дар бораи корҳои дар муддати ним соли вакилӣ иҷрокардааш ба интихобкунандаҳо бо шеър тақдим кард.

Александр Муҳаммадқулов (Мухаметкулов), ки 37 сол дошта, вакили парлумони шаҳри Тюмени Русия мебошад, дар шеъри худ мегӯяд, акнун ҳар ним сол дар бораи корҳои кардааш гузориш медиҳад. Дар гузориши худ, ки ба шакли бадеҳаи миёни Интихобкунанда ва Депутат иншо шуда дар сайти интернетии Думаи Тюмен нашр шудааст, Муҳаммадқулов мегӯяд, дар муддати чанд моҳи кораш 96 номаи сокинони шаҳрро дастрас кардааст. Вай мегӯяд, талош мекунад масъалаҳои ин мардумро ҳал карда инчунин дар мулоқоти рӯбарӯ низ бо онҳо ҳамсӯҳбат шавад.


​Аз гузориши ӯ бармеояд, ки барои таъмири комили як манзили бисёртабақа дар шаҳри Тюмен тавонистааст дар пайдо кардани 14 миллион рубл аз буҷа
Александр Муҳаммадқулов
Александр Муҳаммадқулов
мусоидат кунад. Аз рӯи иттилои ӯ, дар навбати бозсохт боз 10 сохтмони фарсудаи қадима қарор дорад. “Бачаҳоро ба кӯдакистон ҷо дода, ба оилаҳои камбизоат кӯмаки молӣ мекунем”, мегӯяд вай. Дар поёни шеъраш депутат менависад, ки ҳар кас метавонад бо ӯ тавассути сайти интернетии маҷлиси Тюмен тамос гирифта, бо адреси ишорашуда ба наздаш биравад.
Худи Александр Муҳаммадқулов дар сайти интернетии думаи шаҳрии Тюмен навиштааст, ки гузориши худро махсус ба ин шакл тақдим кардааст, то ки иттилои “хушку арқоми тӯлонии зиёд” ба мухотабонаш дастрастар ва қобили қабул бошад.

Александр Муҳаммадқулов бо ихтисоси иқтисоддон нахуст донишгоҳи давлатии Тюменро хатм карда, баъдан унвони номзади илмҳои иқтисодиро дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии нафту гази Маскав ҳимоя кардааст. Ба курсии депутатӣ аз ҳизби “Русияи воҳид” соли 2012 баъди 7 соли кор дар мақоми директори генералии ширкати сохтмонии “Завод БКУ” роҳ ёфтааст.


Вакилони тоҷик ҳам қолабшиканӣ мекунанд?

Оё дар парлумони Тоҷикистон, ки вакилонаш ҳамчунин бояд соле ду бор дар мулоқот бо интихобкунандаҳояшон гузориш диҳанд, дар муошират бо онҳо ба қолабшиканӣ роҳ медиҳанд?

Низом Қосим, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар парлумони Тоҷикистон, ки як шоири маъруф низ ҳаст, гуфт, шахсан худаш
Низом Қосим
Низом Қосим
дар мулоқот бо мардум ҳатман “шеър мехонад”.


"Дар парлумон одамон хушқзавқу шӯхтабиату латиф зиёданд, вале ингуна мавриде набуд, ки бо шеър ба интихобкунандаҳои худ муроҷиат кунанд. Умуман вакилон кӯшиш мекунанд, ки сӯҳбатҳояшон қолабиву дилгиркунанда набошад".


Низом Қосим гуфт, дар парлумони Тоҷикистон вакилон маъмулан дар бораи мушкилоти мардум тавассути номаҳои катбӣ ва дар сӯҳбатҳои рӯбарӯ хабардор мешаванд. Таҷрибаи муоширати электронӣ бо мардум, ки аз роҳи имейл ва Интернет сурат мегирад, ҳанӯз ба таври густарда ба роҳ монда нашудааст.

  • Мо, ки асосан бо мардуми деҳот вомехӯрем, аксари сӯҳбатҳои худро рӯбарӯ анҷом медиҳем. Кӯшиш мекунем, ки дарди онҳоро ба мақомот расонем. Масалан, сентябри порсол мо бо сокинони Вахш сӯҳбате доштем ва онҳо шикоят карданд, ки “аз даврони шӯравӣ ба ин сӯ дар касалхонаи ноҳия як дастгоҳи рентген надоранд”. Мардум барои рентген ба касалхонаи Қӯрғонтеппа мерафтанд. Мо омада ба мақомоти вилоятӣ ва ҳам вазорати тандурустӣ хабар додем ва аз рӯи шунидамон, рӯзҳои наздик бояд ба он ҷо дастгоҳи рентген фиристода шавад, - гуфт ӯ.

Вай гуфт, ки ҳама депутатҳои парлумони Тоҷикистон ба компютер ва Интернет дастрасӣ доранд, вале муоширати миёни вакилон низ, ки тамоми рӯз ҳамдигарро мебинанд, ҳанӯз аз роҳи имейлу Интернет фаъол нашудааст. Вай гуфт, эҳтимолан, дар оянда баъзе масоили хурду резаи кориро депутатҳо дар мукотибаҳои имейлии байни худ ва кумитаҳои парлумонӣ ҳаллу фасл кунанд. Ба иттилои ӯ, корҳои коғазиву фанниро дар ҳар кумитаи парлумон шахсиятҳои масъул анҷом медиҳанд ва танҳо баъзе аз вакилон, мисли худи Н.Қосим, тамоми кори компютеру дарёфти иттилоъ дар Интернетро мустақилона анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG