Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзгор ва муносибати Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо ҳамсари собиқаш Людмила мавзӯи китоби рӯзноманигори рус Олга Кучкина мебошад.

Ҳаёти шахсии Владимир Путин бузургтарин рози давлатӣ аст-- шояд ӯ издивоҷ кардааст, шояд ӯ соҳиби чанд кӯдаки хурдсол аст. Ба назар мерасад, ки ҳамсари пешини ӯ дубора издивоҷ кардааст. Кремл ҳеҷ гуна тавзеҳе намедиҳад ва ин хало барои фантазия фазои фарохеро фароҳам мекунад.

Нависанда Олга Кучкина китоби нави худ «Шабҳои пешхизматҳо”-ро ба саргузашти ошноӣ ва издивоҷу талоқи Владимир Путин ва Людмила ихтисос додааст. Кучкина барои солҳои дароз шореҳи рӯзномаи "Комсомольской правды" кор кардааст ва ахиран кори худро тарк намуд. “Шабҳои пешхизматҳо” як таҳқиқоти журналистӣ нест ва тибқи таъбири муаллиф, романи мустанад аст. Чӣ тавре дар пешгуфтори он омадааст, “аз сӯи ҳамдаврони хеле огоҳ” навишта шудааст.

Аммо ин китоб дар асоси ахбори "хабаркашҳо" навишта нашудааст. Олга Кучкина дар навиштан аз манбаъҳои боз истифода карда, дар баъзе мавридҳо, қиссапардозӣ кардааст ва аммо персонажҳои қиссаи ӯ ном надоранд. Қаҳрамонзан Дружочек (ҳамон тавр, ки Путин ҳамсарашро ном мебурд) ва қаҳрамон Ҷоконда ном доранд.

Таърихи ин издивоҷ аллакай мавриди баррасии бадеӣ қарор гирифтааст. Дар соли 2002 филми “Бӯса на барои матбуот” ба навор гирифта шуд, ки дар он Андрей Панин нақши Путин ва Даря Михайлова нақши ҳамсари ӯро бозӣ карданд. Ин филм шаш сол намоиш дода нашуд ва дар соли 2008 дар ДВД-ҳои алоҳида мунташир шуд. Эҳтимолан ин ҳолат боиси норизоии Кремлин шуда бошад.

Романи “Шабҳои пешхизмат” низ тақдири ҳамсон дорад: Маҷаллаҳои адабӣ ва нашриётҳое, ки китобҳои дигари Олга Кучкинаро нашр карда буданд, дастнависи ин романро аз тарси интиқоми Кремлин қабул накарданд. Ин китоб танҳо дар фурӯшгоҳҳои онлайнӣ ё интернет дастрас мебошад.

Дружочек ва Ҷоконда ба ин қарор меоянд, ки замони издивоҷи онҳо ба сар омадааст. Пеш аз ҷудоӣ, дар сӯҳбати дарози шабона, қаҳрамонон, гузаштаи тӯлонии худро, ки анҷоми ғамангезе дорад, ба ёд меоранд.

Олга Кучкина дар мавриди тарҳи ин китоб:

Ҳолат комилан сеҳрнок аст: Як инсон ба шавҳар мебарояд, бо ӯ 33 сол зиндагӣ мекунад ва сипас ба таври ногаҳонӣ эълом мекунад, ки ҳама ин поён ёфт. Мисли ин, ки як корхона дар барномаҳои худ рушд мекунад, онҳо низ ҳамин ҷур тибқи барнома пеш рафтанд ва ҷудо шуданд.

Радиои Озодӣ: Як ҳолати хеле оддӣ аст, ин гуна издивоҷҳо ҳар панҷ дақиқа аз ҳам мепошанд.

Олга Кучкина: На, аммо ба ин шакл не: дар рубарӯи камера ҳама чиз аз қабл таҳия шуда, омода, лабханд, ҳамаи калимаҳое, ки бояд гуфта шаванд, санҷидашуда – ин на ҳар рӯз рух медиҳад. Ин ҷуфт ба ҳар ҳол, нодир аст. Он давлатро раҳбарӣ мекунад.

Радиои Озодӣ: Воқеан ҳам дар таърихи Русия ин гуна иттифоқ науфтода буд.

Олга Кучкина: Вақте Путин сари ҳокмият омад, як одами ба ман наздик физиогномисти хуб гуфт: бо ин ҷаноб мо хеле ашк хоҳем рехт. Ман ин ҷанобро мушоҳида мекардам, чунки ҳамчун нависанда ба ман хеле ҷолиб буд. Ҳоло ҳам ҷолиб аст. Персонажи хеле кунҷков аст! Мушоҳида карда, пайхас намудам, ки дар робита ба бисёр паҳлуҳои ӯ навиштанд, вале қиссаҳои ишқварзӣ канор мондааст. Ман ба ин кор даст задам ва қурбон шудам: касе намехоҳад китоби маро нашр кунад.

Радиои Озодӣ: Ҳарчанд ин асар мустанад нест, аммо романе ҳаст, ки хонанда бояд ростро аз бофта ҷудо кунад. Барои мисол, дар он ингуна саҳна аст: Путин, ки дар шаҳрдорӣ бо раҳбарии Собчак кор мекунад, барои худ хонаи бошукӯҳе месозад. Аммо оташсӯзие сар мезанаду ва ӯ наметавонад ҷомадонеро бо долларҳояш наҷот диҳад. Оё ин воқеият дорад ё бофтаи Шумо аст?

Олга Кучкина: Бале, ин рост аст.

Радиои Озодӣ: Албатта, шумо ба қаҳрамонзани роман симпатия доред: Қаҳрамони шумо хуб таҳсилдида аст, нарм, ва дар ҷавонияш аз ҳар ҷониб хеле хуб будааст ва шумо менависед, ки ӯ тарзи фикрронии мардона дорад – мантиқӣ ва сахтгирона.

Олга Кучкина: Бале, аммо ман инро бофтам, ин хеле шуғли шавқовар аст – одамонро бисозӣ ва авзое ки онҳо дар он қарор доранд, бибофӣ. Дар онҷо чанд бобе ҳаст, ки аз номи шахси аввал меравад. Яъне дар онҷо ӯ ҳаёти худро қисса мекунад.

Радиои Озодӣ: Шумо исрор меварзед, ки на Путин, балки ҳамсараш ташаббускори талоқ шуд?

Олга Кучкина: Ман маълумотеро дорам, ки ташаббускори ин иқдом зан аст.

Радиои Озодӣ: Сабаб чист?

Олга Кучкина: Косаи сабри зан лабрез шуда буд, чунки ӯ (Путин) аллакай бо Людмила набуд. Ман хеле кӯтоҳ дар ин бора мегуям, дар онҷо танҳо се ҳолате аст, ки дар мавриди зани дигар, гуфта мешавад. Ман бар ин будам, ки набояд то ба сатҳи овоза поин рафт .

Радиои Озодӣ: Аммо вақте шумо дар бораи Ленин навиштед, дар мавриди маъшуқаи ӯ Иннесе Арманд хеле таваҷҷуҳ кардед.

Олга Кучкина: Аз он чизҳое, ки ман навиштам, аз ҳама асосиаш қиссаи Сталин ва Надежда Аллилуева аст. Чунки инро навиштан хеле осон буд, зеро онҳо аллакай дар қайди ҳаёт нестанд, аммо дар инҷо дар бораи зиндаҳо навиштам. Дар ин маврид ман бояд аз дами корд мегузаштам. Яъне, бояд тарзе менавиштам, ки дар он овозае ҷой надошта бошад. Ин кори хеле душвор ва заҳматталаб буд.

Радиои Озодӣ: Шумо ёдовар мешавед, ки вақте хонаводаи Путинҳо ба Дрезден рафта буд, дугонаи олмонитабори Людмила ба ӯ як китоб таҳти унвони “Занони қобил дар сояи мардони бузург” тақдим карда буд. Оё он зан тӯфҳаи дуруст интихоб карда буд? Яъне Людмила қобил ва Путин бузург?

Олга Кучкина: Путин барои баррасӣ ва тасвир шахсияти хеле ҷолиб аст. Аммо дар мавриди Людмила Путина, ман ӯро бофтам: ӯ таҳқиқношуда аст ва танҳо маҳсули тахаюл аст. Ман намедонам, ки дар асл ӯ чигуна аст. Ман танҳо як маротиба имкон доштам ӯро бубинам. Ин як конфронсе буд дар Бунёди Горбачёв ва дар айни танаффус, ӯ омада буд. Дар наздикии ман нишаст ва ман ӯро мушоҳида мекардам. Мо аз рӯи касбамон, аз рӯи як ҳаракат, як ибора, симои зоҳирӣ ва баъзе ҷузъиётҳои дигар, қисса меофарем. Албатта дар инҷо мешавад сахт иштибоҳ кард, дуруғ гуфт. Ба ин маъно, ман метавонам сахт пешпо хурам, ҳарчанд чанд ҷузъиятҳои аниқе ҳаст, масалан, забондонии ӯ. Дар ин китоб, худи ӯ бо ин ҷолиб аст, ки боронро бо испанӣ, фаронсавӣ ва ғайра мегӯяд. Дар оғоз ӯ либосҳои хубе намепӯшид ва дар ин робита салиқаи хубе надошт. Аммо баъдтар, беҳтар шуд --- ин рост аст. Аз ҳамин ҷузъиётҳо, ман характери ӯро бофтам. Барои ман зарур буд, ки бо Путин на як зани беирода ва назаргогиреро муқобил гузорам --- ин гуна тасвир албатта иштибоҳ мебуд. Дар ҳақиқат, Людмила хеле боирода аст. Чигуна ӯ замоне ӯ ба садама афтод, чигуна рафтор кард, чигуна хонаашро идора мекард, чунки тамоми хона бар ӯҳдаи ӯ буд. Ҳамин тавр каму беш, ман ин образро офаридам.

Олга Кучкина.

Олга Кучкина.

Радиои Озодӣ: Шумо мегӯед, ки вай (зан) бо Путин муқобилият нишон медод. Шумо муносиботи онҳоро дар солҳои ахири издивоҷ ҳамчуни муқобилият шарҳ медиҳед?

Олга Кучкина: Фикр мекунам, ки ҳамин тавр аст ва талоқ исботи он аст.

Радиои Озодӣ: Кай дар муносибатҳои онҳо рахна ба вуҷуд омад?

Олга Кучкина: Барои ман мушкил аст инро гуфтан, инро ман намедонам.

Радиои Озодӣ: Шумо менависед, ки Людмила ҳамеша дуо мекард, ки Путин мағрури қудрат нашавад.

Олга Кучкина: Қудрати Путин бештар мешуд, ва Людмила бояд дурӯғеро, ки дар давлат паҳн мешавад, эҳсос мекард. Ман фикр мекунам, ки қаҳрамони ман бояд ба ин чиз ягон вокунише нишон медод. Фикр мекунам, ин ба ҳақиқат наздик аст. Чунки бар замми занҳое, ки Путин пайдо кард, ҳодисаҳое, ки бо киштии зерибобии “Курск” ва Беслан иттифоқ афтод, низ, хеле муҳим ҳастанд. Людмиларо низ ин ҳодисаҳо бояд ба ташвиш меоварданд.

Радиои Озодӣ: Ва шумо чӣ фикр мекунед, ки ӯ ин рафтори шавҳарашро қобили қабул намедонист?

Олга Кучкина: Бале, қаҳрамони ман, инро қабул надошт.

Радиои Озодӣ: Дуруст аст, ки Путин аз занаш хабареро, ки Елтсин ӯро ҷойгузини худ таъйин мекунад, пинҳон дошта буд?

Олга Кучкина: Дуруст аст.

Радиои Озодӣ: Агар Путин ин китобро хонад, албатта худашро ба дор намекашад, лекин ин китоб табъи ӯро хира хоҳад кард.

Олга Кучкина: Бале, мумкин аст. Барои ҳамин, намехоҳанд онро чоп кунанд. Метарсанд, ки табъи раҳбарамонро хира кунанд. Нашриётҳое, ки бо ман дӯст ҳастанд, ошкоро гуфтанд, ки метарсанд ин китобро нашр кунанд.

Радиои Озодӣ: Бале, бо дарназардошти ҷунуни Путин...

Олга Кучкина: --- Интиқомҷӯии ӯ, хислати хеле душвори вай. Бо назардошти авзои кунунӣ, ки албатта “хизмат”-и ӯ аст, қассос метавонад хеле ҷиддӣ бошад: яъне на танҳо ҳабс, балки бадтар аз он. Зиндагии инсон қадре надорад.

Радиои Озодӣ: Метарсед, ки аз шумо интиқом мегиранд.

Олга Кучкина: Ман аз ҳеҷ чиз наметарсам. Ҳарчанд мумкин метарсам... Намедонам, шумо ба ҳамин порчае аз китоб эътибор додед ва ё не: вақте ин оила дар Олмон зиндагӣ мекард, бозсозӣ шурӯъ шуд ва онҳо дар ҳалқаи маҳдуди хеш ба худ бисёр чизҳоро иҷозат медоданд.

Радиои Озодӣ: Ҳатто суҳбатҳои зидди шуравиро низ...

Олга Кучкина: Бале, ӯ он вақт гуфта буд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ – кишвари беқонун аст. Аз Амрико бояд ибрат гирифт, ки дар он системаи идеалии ҷомеа сохта шудааст. Вақте ман инро хондам, ҳайратзада шудам, ки чигуна инсон метавонад тағйир ёбад.

Радиои Озодӣ: Шумо менависед, ки ӯ он замон ва ҳоло ҳам, ба он шуғл дорад, ки бар одамони дигар тасаллути пинҳон дошта бошад. Ҳамин чиз то ба ҳол бетағйир мондааст.

Олга Кучкина: Бале ин аз вижагиҳои ӯ аст.

Владимир Путин ва ҳамсараш дар тобистони соли 2013ба зиндагии оилавии худ хотима доданд. Владимир Путин ва Людмила бо ҳам амалан 33 сол зиндагии хонаводаӣ доштанд. Онҳо 28 июли соли 1983 бо ҳам арусӣ карда буданд.

Пеш аз арӯсӣ фамилияи Людмила Шкребнёва буд. Вай мактаби миёнаро дар Калиниград хатм кард. Муддате хаткашон ё почтальон кор мекард, сипас шогирди харрот ва сипас ҳамшираи шафқат ва стюардесса буд. Дар соли 1986 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Лениградро хатм кард.

Владимир ва Людмила бо номҳои Мария ва Катерина ду духтар доранд.
Баъд аз расидан ба мақомҳои баланди давлатӣ Путин намехост, ки дар бораи зиндагии хонаводаиаш ҳарф занад. Ба суоли рӯзноманигорон дар бораи зиндагии оилавӣ доим кӯтоҳ ҷавоб медод. Замоне дар матбуоти хориҷӣ мақолае ҳам ба нашр расида буд, ки зани Путин ҳангоми кори шавҳараш дар КГБ дар Олмон аз осори лату кӯб ва хиёнат ба ҳамсар шикоят кардааст.

Охирин бор Путин бо ҳамсараш Людмила тобистони соли 2013 ба тамошои балети "Эсмеральда" рафтанд. Ин балет дар Кохи давлатии Кремл ба намоиш гузошта шуда буд. Ва балети "Эсмеральда" ба рамзи ҷудоии раиси ҷумҳури Русия аз занаш табдил ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG