Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯҳонии 63-солае аз деҳаи Бердикободи ноҳияи Шуғнон шаби гузашта аз тири афроди номаълум ҷароҳат бардоштааст.

Додситонии Шуғнон ба таҳқиқи ҳамлаи мусаллаҳона болои як муллои рустои Бердикободи ноҳияро шурӯъ карда, баёноти худи ҷабрдидаро ҳам гирифтааст.

Озодбек Асматбеков, рӯҳонии 63-солаи сокини деҳаи Бердикободи ноҳияи Шуғнон шаби 17-уми сентябр аз тири афроди номаълум дар манзили зисташ ҷароҳат бардоштааст. Шоҳидон ба Радиои Озодӣ қисса карданд, ки ин ҳодиса соати 9 ба 10-и шаби гузашта дар саҳни манзили зисти ин рӯҳонӣ рух додааст.

Афроди ношинос, ки дари манзили ӯро кӯфтаанд, аз ин рӯҳонӣ нахуст гӯгирд пурсидаанд ва вақте ӯ мехост барояшон гӯгирд диҳад, ба сӯяш се тир кушоданд. Тир ба сутунмӯҳра, даст ва шуши ин мард расидааст. Шабонгоҳ Асматбековро гурӯҳе аз табиботи хориҷӣ, ки дар бемористони шаҳри Хоруғ буданд, ҷарроҳӣ карданд. Як табиби ин беморхона дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар нимаи дуюми рӯзи 18 сентябр ҳолати Озодбеков мӯътадил шуд. Бо ӯ намояндагони додситонӣ ҳам сӯҳбат карда, шарҳи ҳодисаро пурсиданд. То кунун касе боздошт нашудааст.

Як ҳамсояи ин рӯҳонӣ бо номи Исмоил дар сӯҳбати телефонӣ аз деҳаи Бердикобод дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, се марди ношинос шабонгоҳ ба назди ҳавлии мулло омада аз ӯ гӯгирд мехоҳанд. "Вай дар ин лаҳза аз хона берун шуда мехостааст таҳорат кунад. Вақте мардони ношинос гӯгирд мепурсанд, мехоҳад хоҳиши онҳоро иҷро кунад, вале онҳо тир холӣ карда фирор мекунанд. Азбаски хона дар назди кӯчаи калони мошингард ҷойгир аст, садои баланди мошинҳои убуркунанда сабаб мешавад, ки садои тирро на ҳамсоя ва на фарзандаш, ки дар дохили хона будааст, нашуниданд. Бо ҷароҳатҳои вазнин мулло як бало карда то хона мерасад, писарро хабардор мекунад, ки тир хӯрдааст ва баъди ин, писараш ва дигарон ӯро ба беморхонаи Хоруғ мерасонанд", гуфт Исмоил.

Ҳамдеҳаи дигари Асматбеков дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар шарҳи ин ҳодиса лаҳзаҳои аввали рух додани тирандозӣ мулло ба писараш гуфтааст, ки ин мардонро намешинохт ва сабаби ин ҳамларо ҳам намедонад, ки чӣ будааст. Тафтишот ҳам ҳоло бо мушаххас кардани ҳамин масъала машғул аст, ки афроди ҳамлагар ва далели тирандозии онҳо чӣ будааст ва то куҷо ин ҳодиса ба фаъолиятҳои Асматбеков - як муллои маҳаллӣ иртибот мегирад?

Ба гуфтаи сокинони русто, Асматбеков гоҳо "бо илму амал" ҳам машғул буд ва ҳоло дар баъзе ба ин фикранд, ки ҳамлагарон метавонанд "муштариёни" ӯ бошанд, ки "интизороташон аз дуоҳои ӯ" бароварда нашудааст.

Дар ҳоле, ки тафтиш тоза шурӯъ шуда, худи Асматбеков дар бемористон аст, таъкид мешавад, ки ин ҳодисаи дуюми истифодаи силоҳ дар нисбати сокинони Бадахшон дар ду моҳи охир аст.

Дар як ҳодисаи 29 июли имсол дар ноҳияи Рӯшон ҷавони 20-солаи маҳаллӣ, донишҷӯи донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ Бадавлат Кименов аз

Бадавлат Кименов, ҷавоне ки дар тирандозии ноҳияи Рӯшон рӯзи 28 июл кушта шуд

Бадавлат Кименов, ҷавоне ки дар тирандозии ноҳияи Рӯшон рӯзи 28 июл кушта шуд

​тири туфанг кушта шуд. Дар паи ин ҳодиса нӯҳ нафар сокини Бадахшон боздошт шуданд. ВКД Тоҷикистон гуфт, куштори Кименов баъд аз он рух дод, ки ӯ ва ҳашт тан аз дӯстону ҳамроҳонаш дар назди бинои "Тоҷиктелеком"-и Рӯшон ронандаи худрави тамғаи "Ланд-Крузер" Асрат Ёқубов (1978)-ро латту кӯб намудаанд. Тафтишот мегӯяд, ки Ёқубов зарари ҷисмонӣ бардошта, рафта аз хонаи истиқоматиаш таппончаи тамғаи “Макаров”, ки ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, гирифта ба назди “Тоҷиктелеком” баргашта, ба тарафи ҷавонони номбаршуда тир холӣ кард. "Дар натиҷа шаҳрванд, Кименов Б. қисмати сараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст".

Ин ҳодисаҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки баъди нооромиҳои соли 2012 дар Хоруғ мақомоти Бадахшон мавзӯи халъи силоҳро дар минтақа ҷиддӣ гирифта буданд. То охири соли 2012 аз аҳолӣ наздик ба 325 яроқи оташфишон ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ ҷамъоварӣ шуд. Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар панҷ соли ахир аз сокинони вилояти Бадахшон ба миқдори 1 ҳазору 222 адад силоҳи оташфишон мусодира шудааст.

Вале бо ин вуҷуд, эҳтимол меравад, ки силоҳ дар дасти баъзе аз афроди маҳаллӣ ҳамоно вуҷуд дорад ва дар баъзе ҳолатҳо садои он дили инсонҳоро ҳадаф қарор медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG