Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳре пур аз масҷиду казино


Қадамҷои паёмбар?

Дар осорхонае бо номи «Қасри топкапӣ» дар шаҳри Истанбули Туркия аз ҳама ҷои сертамошобин осорхонаи паёмбарон буд. Дар ин ҷо барои намуна, мисле, ки кулоҳи ҳазрати Юнус, асои ҳазрати Мусо, санги тавофи Каъба ва нақши пои паёмбари ислом, Ҳазрати Муҳаммад (с) гирдоварӣ шуда буд.

Паёмбари ислом то Туркия омада буд ё на ва чӣ гуна нақши пои ӯро то ҳол
...онҳое, ки ҳиҷоб надоранд, мусулмонанд ва худро мусулмон медонанд...
туркҳо ҳифз кардаанд, бароям номаълум буд. Аммо ҳаминаш маълум, ки туркҳо бо созмон додани ин осорхона диққати садҳо ҳазор сайёҳони мусалмону ғайримусалмонро ба он ҷо ҷалб кардаанд.

Воқеан, дар ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон ҳам мардум ҷоеро ҳамчун қадамҷои Ҳазрати Алӣ, домод ва яке аз ёрони паёмбари ислом медонанд, вале он ҷо бо вуҷуди зиёраткунандаи зиёдаш нообод аст.

Осорхонаи «Қасри топкапӣ» хеле бузург буд ва осорхонаи осори паёмбарон яке аз гушаҳои ин осорхона буд. Дар ин осорхона, ки ба назар дар Қасри пешини шоҳони Туркияи усмонӣ бунёд шудааст, либосҳои гуногуни ҷангии туркҳо, кандакориҳои туркҳо ва дигар асбобҳои атиқаи ин мардум гирдоварӣ шудааст.

Ҳиҷоб мушкил надорад

Воқеан, ба назар чунин мерасид, ки туркҳо ба сохтани як давлати дунявии мусулмон муввафақ шудаанд. Дар Истанбул, яке аз шаҳрҳои қадимии ин кишвар касе на барои ҳиҷоб доштан сарзаниш мекард ва на касе барои либосҳои урупоӣ ба бар кардан. Замони намозҳо аз ҳар хиёбони ин шаҳр садои муаззин баланд мешавад ва касе тақводор аст, рӯ ба масҷид меорад ва боқӣ бо роҳи худ равон аст. Аммо бо ин вуҷуди озодиҳо шумори нафарони либосҳои исломӣ ба бар намуда, дар нисбат ба онҳое, ки либосҳои урупоӣ доранд, хеле кам буд.

Умар, як ҳамсӯҳбатам дар ин бора гуфт: «Дар мо интихоби либос мушкиле надорад. Даҳ сол пеш дар ҳақиқат шумораи духтарони ҳиҷобпӯш зиёд буд, аммо шояд тарғиби бештари фарҳанги аврупоист, ки ҳоло ин шумора кам шудааст. Ба ҳар ҳол дар Туркия тақводорон зиёданд. Муҳим аз ҳама онҳое, ки ҳиҷоб надоранд, мусулмонанд ва худро мусулмон медонанд.»

Шаҳре, ки ҳама ҷояш бозор аст

Тақрибан тамоми кӯчаҳои шаҳри Истанбул дӯконҳои фурӯши маҳсулоти гуногун аст. Дар ин шаҳр тамоми маҳаллот ба маҳаллаҳои косибӣ ҷудо шудааст. Дар маҳаллае, ки зиндагӣ мекардам, ҳама меҳмонхона буд ва камее дуртар аз ин маҳаллаи меҳмонхонаҳо дуконҳои матоъфурӯшӣ воқеъ буд. Чун дигар зеҳн мондам, тақрибан ҳамаи Истанбул ба маҳаллаҳо косибӣ ҷудо шудааст. Дар маҳаллае танҳо қисмҳои эҳтиётии мошин мефурӯхтанд ва дар дигар маҳал фақат қолин буд.

Дар шаҳри Кӯлоб ҳам маҳаллаи Нонбой ва Чармгарон вуҷуд дорад, вале таасуфан ба ном. Шояд дар Тоҷикистон ҳам агар дар маҳаллот ҳар хонаводаеро ҳунар омӯхта ба он банд кунанд, ба манфиати кор бошад. Ба фикрам бунёди чунин маҳаллоти косибӣ ва ҳунармандӣ ба манфиати мардум ва давлат аст.

«Курд бояд серфарзанд бошад.»

Дар ошхонае бароям «Искандаркабоб», хӯроки маъмулӣ ва дӯстдоштаи туркҳо пешниҳод мекунанд, вале онро интихоб намекунам. Пешхизмат ҳайрон мешвад ва мепурсад, ки Иронии ҳастӣ. Чун одати тоҷикона ба саволаш бо суол посух медиҳам, ки чаро. Ӯ гуфт, аслан Искандаркабобро бештари ирониҳо намехӯранд, зеро номи Искандарро хуш надоранд. Чунки Искандар рафт, тахти Ҷамшедашонро ба хок яксон кард. Инро мегӯяду аз ман хоҳиши интихоби ғизоӣ дигарро мекунад.

Дар ин шаҳр шумори курдҳо низ хеле зиёд аст. Курдҳо аслан, дар ошхонаҳо ва меҳмонхонаву бозор бо корҳои пасттаре дар нисбат ба туркҳо машғуланд. Давоми чанд рӯзи будан бо ҷавони курде, ки дар як ошхона кор мекард, ошноӣ пайдо кардам. Аксари калимаҳои курдӣ бо калимаҳои забони форсӣ-тоҷикӣ монанданд ва ин забон низ аз шохаҳои забонӣ иронист.

Ба хонанда ин нуктаро бояд рӯшан кунам, ки шумори курдҳо дар саросари ҷаҳон беш аз 40 миллион аст, вале онҳо давлат надошта, дар дохили давлатҳои Эрон, Ироқ, Сурия ва Туркия ба сар мебаранд. Наҳзати истиқлолхоҳии ин миллат дар ҳама кишварҳо, аз ҷумла дар Туркия ҳамеша бераҳмона пахш карда мешавад.

То кунун дар ҳудуди кишварҳои номбаршуда, барои давлати худро доштан садҳо ҳазор курд кушта шудааст. Ишора ба ин ин ҷавон мегӯяд, «барои курд издивоҷ бо миллати дигаре мумкин нест.» Ӯ худ, ки моҳе аз хонадоршавиаш гузаштааст, мегӯяд, ки тасмим дорад, даҳ фарзанд дошта бошад. «Ин миллат бояд бо сар буриданҳо тамом нашавад»,- мегӯяд ва чунин мебинад, ки роҳбари туркаш меояд, зуд бо ман худоҳофизӣ мекунад.

Наҷибсардорро касе намешиносад

Чун сафарам ба Туркия ба вақте рост омад, ки дар Тоҷикистон силсилафилми туркии «Ҳомиён» маъруф гашта буд, аз чанд ҳамсӯҳбатам хостам дар бораи ин филм маълумот бигирам. Аммо давоми як ҳафта нафареро наёфтам, ки ин филм ва қаҳрамонони онро бишносад.

Аслан, тамоми мардуми Истанбул бо коре машуғланд ва шояд вақти филмтамошокунӣ ҳам надошта бошанд, вале аҷиб буд, ки ҳатто дар дуконҳои фиттафурӯшӣ ҳам ин филм ба назар намерасид. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳоло дар Тоҷикистон ин филм тарҷума шуда, бо теъдоди зиёде фурӯхта мешавад. Шояд туркҳо ин филмро махсус барои мо омода кардаанд?

Аксҳои ҷолибро дар ин бора дар Нигористон бубинед.
XS
SM
MD
LG