Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони тоҷик худро "бекас" мешуморанд


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

13 сол қабл СММ бо ҳадафи ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилаӣ ба мушкилоти ҷавонон ва талоши ҳалли онҳо, ин санаро чун Рӯзи ҷавонон эълон кард.

Ва Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба ин сана ташкили чорабиниҳои мухталифи иттиллотиву омӯзиширо тавсия дод. Ин дар ҳолест, ки ҷавонон аз 4 як ҳиссаи нерӯи кории ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва ҳудуди 50 дарсади онҳо бо мушкили бекориву нодорӣ мувоҷеҳанд.

Дар Тоҷикистон ҳам, ки тибқи оморҳо беш аз 50 дар сади аҳолиашро афроди то 17 сола ташкил медиҳад, айнан ҳамин мушкилот гиребонгири ҷавонон аст ва ин қишр бештар аз ҳама аз набуди ҷойи кори мувофиқ азият мекашанд. Гуфта мешавад, беш аз 60 дар сади бекорони кишвар ҷавононанд ва ҳамин мушкил аз нигоҳи таҳлилгарон, боиси боло рафтани нишондодҳо дар масоиле мисли мӯътодӣ ба маводи мухаддир, танфурӯшӣ ва ҷинояткорӣ гаштааст.

Бо ин ҳол, аксар ҷавонон тоҷик аз таҷлили 12 август, чун Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон хабар надоранд. Бахшида ба ин рӯз ҳам дар кишвар чорабиниҳои вижаи идона мушоҳида нашуд, ба ҷузъ аз як нишасте, ки зери унвони «Ҷавонон ва ҷаҳони муосир», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии икшвар ва бо ширкати донишҷӯён баргузор баргузор гардид.

Дар сӯҳбат бо «Озодӣ» бештари ҳамсӯҳбатони ҷавони мо гуфтанд, ки давлат ба қадри кофӣ ба онҳо ва мушкилоташон расидагӣ намекунад. Вале масъулони давлатӣ бошанд, дар бештари маврид ин иддаои ҷавононро бепоя мехонанд ва мегӯянд, ҳукумат бо қабули барномаҳои хос талош дорад, ки зина ба зина шароит ва имконоти хуберо барои ҷавонони кишвар фароҳам созад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Малика Ҷӯрабекова, фарҳангшиноси тоҷик, ки давраи ҷавонияш ба солҳои 60-уми қарни гузашта рост меояд, аз он солҳо чун замони тиллоӣ ёд мекунад. Ӯ мегӯяд, хубии он давра дар ин буд, ки ҷавонон медонистанд, ки ҳукумати пуштибон доранд. Хонум Малика афзуд:

«Маро ба хондан ба Маскав фиристода буданд ва ба ғайр аз он, ки идрорпулӣ мегирифтем, ҳамчунин аз тарафи ҷумҳурӣ як маблағи муайян ҷудо карда буданд. Ва мо дар даваи донишҷӯӣ ҳамеша ғамхориро ҳис мекардем, яъне мо соҳиб доштем. Аз вазорату сафорат ҳамеша аз аҳволи мо пурсон мешуданд. Мо ҳамчунин медонистем, ки баъд аз хатми донишкада ба куҷо ба кор меравем ва чӣ кор хоҳем кард, яъне ояндаи аниқ доштем. Хубии он давра дар ин буд, ки давлати бузургамон ояндаи аниқи моро муайян кардаву аз дастамон гирифта ба сӯи ҳамон оянда мебурд. »

Ба бовари хонум Ҷӯрабекова, бартарии даврони истиқлол дар он аст, ки ба ҷавонон имкониятҳои бештар медиҳад ва онҳо имкони таҳсил дар хориҷи кишвар ва дар донишгоҳҳои дилхоҳи худро доранд. Малика Ҷӯрабекова мегӯяд, «ҷавонони имрӯза агар лаёқат доранд имконият доранд, дар донишгоҳҳои Фаронса ва ҳам Оксфорду Кембриҷ таҳсил кунанд, ки мо ҳатто орзӯяшро ҳам намекардем. Яъне, интихоби саводомӯзӣ ва интихоби касб барояшон хеле васеъ аст. »

Вале Рустам Маҷидов, ҷавони 26-солаи тоҷик мегӯяд, дуруст аст, ки ҳоло барои ҷавонон интихоби рушд маҳдуд нест, вале, барои амалӣ намудани ҳамин интихоб ва хоҳишҳои худ мушкилоти зиёд пешорӯст. Рустам гуфт, «аз як ҷиҳат ҷавони имрӯз таҷриба ва имконоти молии кофӣ барои рушд ва амалӣ кардани хостаҳои худ надорад ва ниёзманди дастгирист. Қабл аз ҳама чунин дастгирӣ бояд аз сӯи ҳукумат шавад, чунки бо маблағгузории рушди ҷавонон, ҳукумат ояндаи худро месозад. Аз ҷониби дигар, дар маҷмӯъ иқтисод ва иҷтимоиёти кишвар ба ҷое рафта, ки барои ояндасозӣ ва сохтани як активи кадрӣ камтар фикр мекунанд. Аз ин хотир ба назари ман дар шароити имрӯз ҷавон будан, он қадар кори осон ҳам нест.»

Ба ин тартиб, бештари ҳамсӯҳбатони ҷавони мо таваҷҷӯҳи ҳукуматро ба тақдири ҷавонон нокифоя мехонанд. Онҳо мегӯяд, ҳукумат аз ҷавонон танҳо замони баргузории интихобот ва ё чорабиниҳои бузурги расмӣ ёд меорад. Зеро бист сол мешавад, ҳазорҳо хатмкардаҳои донишгоҳҳои олӣ наметавонанд дар кишвар барои худ шуғли муносиб пайдо кунанд. Бо ин ҳама бештари соҳбназарон бар инанд, ки дилшикастагиву рӯҳафтодагии ҷавонон аз сиёсати давлатӣ, аксаран онҳоро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва мазҳабҳои тозапайдо мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG