Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари дурӯғи бомбагузорӣ пирмардеро ба маҳбас бурд


Қазоқистон - Додгустар Аслон Муканов ҳукми Жакислик Батановро мехонад. Оқтеппа, 23 феврали соли 2017.
Қазоқистон - Додгустар Аслон Муканов ҳукми Жакислик Батановро мехонад. Оқтеппа, 23 феврали соли 2017.

Сокини 69-солаи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон Жаксилик Батанов барои маълумоти дурӯғ дар бораи бомбагузории идораи шабакаҳои барқи шаҳр ба ду соли зиндон маҳкум шуд.

Бо назардошти се моҳи ҳабси хонагӣ ва қонуни ахири афв додгоҳ мӯҳлати ҷазои Жаксилик Батановро то 10 моҳу 16 рӯз кам кард.

Намояндаи додситонӣ Асилхон Сарсенов гуфт, Батанов рӯзи 11 ноябри соли гузашта аз манзилаш ба идораи барқи Оқтеппа занг зада, гуфт, дар зери бино бомба гузоштааст. Дар пасманзари ҳамлаҳои мусаллаҳонаи моҳи июни соли 2016 ин хабар дар тамоми шаҳр воҳима ба бор овард. 43 корманди полис дар 16 мошин ба ҷойи воқеа шитофтанд. Ҳамчунин даҳҳо корманди ниҳодҳои вазъи изтирорӣ ва ёрии фаврии тиббӣ ба он ҷо фиристода шуданд.

Дар ин замина додситон барои Батанов 3 соли зиндонро талаб мекард. Айбдоршаванда гуноҳи худро пурра ба зимма гирифт ва гуфт, аз ҳамкорони собиқаш дар идораи барқ орзурдагӣ дошт ва дар ҳоли сархушӣ даст ба чунин кор задааст.

XS
SM
MD
LG