Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Пешовари Покистон як хонавода талош дошт духтари 12-солаи худро дар ивази 2 ҳазор доллар бифурӯшад. Вале мақомоти интизомӣ аз ин кор огаҳӣ ёфтанд ва падари духтар ва ду марди дигар аз дастандаркоронро бо як зани даллол боздошт намуданд.

Мақомоти Покистон аз талоши фурӯхтани як духтари 12-сола дар шаҳри Пешовар ҷилавгирӣ намуда ва падари ин духтар ва ду марди дигарро боздошт намуданд.

Амин Мудаққиқ, коршинсои умури Покистон дар Радиои Озодӣ гуфт, ин хонавода дар минтақаи Чорсадаи Пешовар зиндагӣ мекунад ва Нушини 12-соларо падараш мехост ба як нафар аз аёлати Панҷоб бифурӯшад. Чорсада минтақаи дурафтода аст ва аҳолии ин минтақа аксаран дар ҳолати фақр ба сар мебаранд.

Бо вуҷуди фақр хонаводаҳо таваллудро дар хонаводаи худ танзим намекунанд ва бештари хонаводаҳо то даҳ фарзанд ба дунё меоранд. Чун тарбия ва таъмини онҳо мушкил аст ва хонаводаҳо даромади кофӣ надоранд, мавридҳои фурӯши фарзанд мушоҳида мешавад. Падари ин хонавода пештар ҳам ду духтари дигари худ ва ҳатто хонуми худро низ фурӯхта будааст. Бо вуҷуди ин, ҳоло ин мард фурӯши ду духтар ва хонуми худро дар ҷараёни бозпурсиҳо инкор мекунад. Мақомоти расмӣ аз ифшои номи падари ин хонавода худдорӣ кардаанд.

Дар қонунҳои мавҷудаи Покистон барои ин аъмол ҷазо пешбинӣ шудааст. Оқои Мудаққиқ мегӯяд, қонун фурӯши инсонро то ба муҷозоти марг дар назар дорад. Вале қонун риоят намешавад ва дар баъзе минтақаҳои дурафтода озодона духтарон хариду фурӯш мешаванд. Қочоқи инсон на танҳо дар дохили Покистон, балки ба хориҷ низ сурат мегирад. Гунаҳгорон бо пардохти ришва аз муҷозот дар канор мемонанд. Барои ҳамин онҳо ҷуръат пайдо мекунанд ва даст ба ин кор мезананд. Яке аз сабабҳои аслии боқӣ мондани фурӯши инсон, ба вижа духтарон ҳамин аст.

Дар қазияи кунунӣ низ ба ҷуз аз падар ва ду марди дигари ҳамдасташ як зани дигар ҳам бо номи Адолат боздошт шудааст. Ба ҷуз аз номи ин зан номҳои дигарро то ҳол ифшо накардаанд. Чун ин зан созмондиҳандаи асосии фурӯши Нушин аст ва барои ин кори худ 70 ҳазор рупия низ гирифтааст, номи вайро эълон карданд. Адолат маъмулан занони дигарро пайдо ва дар миёна барои ҳар ду ҷониб даллолӣ мекардааст.

Далели севвуми рух додани чунин ҳодисаҳо, набуди эҳтиром ба зан дар ҷомеаи Покистон аст. Дар издивоҷҳо занро чун ғуломи хонавода мешиносанд ва мисли мол хариду фурӯш мекунанд. Зан барои онҳо колоест, ки агар хост нигоҳ медорад ва агар нахост вайро мефурӯшад.

Оқои Мудаққиқ мегӯяд, шуури иҷтимоӣ дар ҷомеа заиф аст. Бо вуҷуди ин ки дар ҷомеаҳои исломӣ ҷойгоҳи зан муътабар аст ва ислом мақоми болоеро барои зан қоил аст, аммо ҷаҳл, нодонӣ, бехабарӣ аз дин сабаб шудааст, ки мардум занро мавҷуди камарзиш бишносанд.

Харидор ҷониби дигари қазия мебошад. Барои онҳо низ қонун ҷазо пешбинӣ кардааст. Аммо дар мавриди фурӯши Нушин шахсе, ки бояд духтарро харидорӣ мекард, дар аёлати Хайбар Паштунхоҳ зиндагӣ намекунад. Пулиси ин аёлат наметавонад дар Панҷоб гунаҳгорро бигирад, зеро номи ин “харидор” то ҳол барои пулис маълум нест. Вай ҳанӯз ҷурмро содир накардааст, яъне духтарро нагирифтааст. Барои ҳамин имкон дорад, ки вай ба осонӣ ҷурми худро инкор кунад ва бигӯяд, ки дар ҳақи вай тӯҳмат бофтаанд.

Номҳои баъзе афроди дастдошта дар ин қазия номаълум аст, вале пулис гуфтааст, ки ҳамаи гунаҳгорони ин қадияро аз сӯҳбатҳои телефониашон метавонад пайдо кунад ва ба муҷозот кашонад. Ба гуфтаи оқои Мудаққиқ, ин ҳодисаи аввал нест. Соли гузашта қочоқчиён ба баҳонаи таҳсили духтарон дар як мадрасаи Карочӣ 23 духтарро аз падару модарашон гирифта буданд ва мехостанд дар он ҷо онҳоро бифурӯшанд.

Вале пулис аз ин кор огаҳӣ ёфт. Хабарнигори бахши Машъали Радиои Озодӣ низ ба кӯмаки ин хонаводаҳо шитофт ва онҳоро бо гузориши худ аз ин қазия огоҳ намуд. Духтарон раҳо шуданд. Вале касе намедонад, ки шумораи духтарони қочоқшуда ё фурӯхташуда чӣ қадар аст, зеро ин задубандҳо гоҳо пинҳон мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG