Пайвандҳои дастрасӣ

“Шабе дар осорхона” – анъанае, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон роиҷ шуда, бахше аз таҷлили Рӯзи байнулмилалии музей аст, дар Тоҷикистон низ ҷойгоҳи худро пайдо мекунад.

Тамоми шаб осорхонаҳои Тоҷикистон боз ва вуруд ба онҳо барои ҳар хоҳишманд ройгон буд. Бузургтарини ин маросим дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷараён гирифт.

Вале маросим танҳо аз тамошои сарватҳои ин музей иборат набуда, балки дар толорҳои осорхона маҳфилу ҳамоишҳои зиёде ҷараён гирифт. Аз ҷумла тарроҳи либос Хуршед Сатторов охирин намунаҳои кори худро намоиш дод. Дар ин кор ба ӯ студияи New Era Model кӯмак намуд.

Ин соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон маросими “Шабе дар осорхона” баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG