Пайвандҳои дастрасӣ

Як таронаи тозаэҷоди Фарҳоди Дарё, сарояндаи афғон, ки чанд рӯз пеш расман дар сомонаҳои интернетӣ пахш шуд, баҳсҳои зиёдеро сари оҳанги он ба миён овардааст.

Оҳанги таронаи нави Фарҳоди Дарё аз оҳангҳои қаблан сурудашудаи ин сароянда ба куллӣ тафовут дорад. Ин таронаи сароянда аз гузаштаҳо ёд мекунад ва ба як бор шунидани он як орзуеро дар дили сароянда мефаҳмонад, ки дар гузашта мардум осоишта ва дар лабҳо ханда зиндагӣ мекарданд.
Фарҳоди Дарё дар ин таронаи худ мегӯяд:

Ҷавоно Аҳмад Зоҳир месуруданд,
Кӯдако барги чинор месуруданд.
….
Ҳанӯз аз ишқу ихлос баракат буд дар бозор,
Ҳанӯз заминои Худо гандум медод на кукнор…


Воқеан таронаҳои Фарҳоди Дарё то ин замон ба замони оняда суруда шуда буд ва аз гузашта ёд кардани Дарё дар зеҳни бисёре аз шунавандаҳо суолҳоеро тавлид кардааст. Чунки дар таронаи мазкур аз гузаштаи хуш ёд кардаву яъсу ноумедӣ дар дили сароянда мушоҳида мешавад.

Аммо дар робита ба муҳтавои ин тарона Фарҳоди Дарё дар мусоҳибае бо радиои «Ошно»-и Афғонистон гуфтааст, ки бо эҷоди ин оҳанг хостааст «ду оинаро ба муқобили ҳам» гузорад. «Ман гуфтам, ки мардум бубинед, ки мо дар гузашта чӣ рӯзҳое доштем ва ба сари худ чӣ рӯзҳоеро овардем. Чизҳои соддаву зебое доштем, ки имрӯз надорем, ва ҳамчунин чизҳеро ки имрӯз доштем дирӯз надоштем. Ду оинаро муқобили ҳам қарор додам то одам фикр кунад».

Ба гуфтаи Фарҳоди Дарё бо сурудани ин тарона шунавандагон, хусусан мардуми афғонро ба фикр кардан водор кардааст, ки то бори дигар дарк кунанд, ки имрӯз дар куҷо қарор доранд. Фарҳоди Дарё ҳамчунин гуфтааст, ки дар ҷашни байналлмиллаи Наврӯз таронаи наверо пешкаши мухлисон мекунад.

Гуфта мешавад сабти клипи ин тарона дар даштҳои ноҳияи Ёвони Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст.

Таронаи тозаэҷоди Фарҳоди Дарё ин аст:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG