Пайвандҳои дастрасӣ

Омбудсмени тоҷик Зариф Ализода дар посух ба суол роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар зиндонҳои кишвар гуфт, шароити маҳбусон дар маҷмӯъ хуб аст ва шиканҷа ҳам авҷ нагирифтааст.

Зариф Ализода, ки рӯзи 31 июл дар нишасти хабарии идораи омбудсмен сӯҳбат мекард, гуфт : «Аз он ҷое ки мо таҳлил гузарондем ва ман аз зиндонҳо дидан кардам, шиканҷа авҷ нагирифтааст. Ва аз он оморе ки мавҷуд аст, бармеояд ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ 3 парванда нисбати шиканҷа оғоз карда шудааст ва гунаҳкорон дар назди қонун ҷавоб мегӯянд

Ваколатдори ҳуқуқи инсон меафзояд, танҳо мушкил бинои маҳбасҳоянд, ки дар замони Шӯравии пешин сохта шудаанд ва ба фарсудагии онҳо ҳатто Хуан Мендес, гузоришгари СММ дар умури ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон , ҳангоми сафараш ба кишвар ишора кардааст. Ба гуфтаи ҷаноби Ализода, ҳеҷ кадоме аз онҳо ҳамчун маҳбас тарҳрезӣ ва сохта нашудаанд ва аз ноилоҷӣ ба зиндон табдил дода шудаанд.



Хабари тозае, ки дар ин нишаст тасдиқ шуд, роҷеъ ба сохтмони маҳбаси нав дар Тоҷикистон аст. Ҳусниддин Нидоев, муовини сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи шаҳрвандиву сиёсӣ гуфт, аз соли 2008-ум дар шаҳраки Ваҳдат сохтмони маҳбаси наву муосир оғоз шудааст. Вай афзуд, ин як маҳбаси замонаӣ хоҳад шуд: «Дар ин маҳбас сохтани чойхона, қаҳвахона, мағоза, толори варзишӣ дар назар гирифта шудааст. Ҳоло дар зиндонҳо танҳо намуди лагерӣ вуҷуд дорад, аммо дар маҳбаси нав ҳам шакли лагерӣ ва ҳам камеравӣ хоҳад буд. Вақте дар маҳбас ин гуна шароит муҳайё мешавад, маҳбусон ҳам худро хуб ҳис хоҳанд кард. Масалан, онҳо озодона ба варзишу китобхонӣ машғул мешаванд, дар чойхона сӯҳбатҳои хосаи худро анҷом медиҳанд, яъне ин ҳама ба рӯҳияи онҳо таъсири мусбат хоҳад расонд. »

Ҷаноби Нидоев мегӯяд, дар ин зиндони нав, ки бо пули ҳукумат сохта мешавад, беш за 1000 маҳбус нигаҳдорӣ хоҳад шуд, аммо мӯҳлати ба истифода дода шуданаш ҳанӯз дақиқ нашудааст.


Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик бар ин аст, ки бо сохтмони боздоштгоҳҳои мувақатт ва зиндони нав Тоҷикистон наметавонад масъалаи шиканҷаро дар ин муассисаҳо аз байн бубарад, аммо бешак ба вазъи саломатии маҳбусон таъсиргузор хоҳад буд, «зеро зиндонҳоеро ки ман дидаам, масалан, дар Қӯрғонтеппа, воқеан ҳам хеле кӯҳна ҳастанд. Ҳатто дар ҳавои гарм намии зиёд дорад ва барои зиндагии маҳубсон дуруст намеояду ба саломатияшон зарар дорад. Аммо ин чизро бо шиканҷа, бо заду кӯфту вайрон кардани ҳуқуқи онҳо вобаста кардан лозим нест

Хонум Бобоназарова меафзояд, бояд зиндонҳо ба меъёрҳои муайяншуда мувофиқат кунад, зеро таъйини ҷазо ба хотири ислоҳ шудани афроди ҷинояткор аст, аммо ин ба он маънӣ нест, ки онҳо бояд саломатии худро дар зиндонҳо аз даст диҳанд ва хашмгину нороҳат аз он ҷо берун оянд.

Ба ақидаи зебоишиноси тоҷик Малика Ҷӯрабекова, агар зимни сохтани зиндонҳо аз рангҳои рӯшани сурху сабзу кабуд истифода ва дохили ин муассисаҳо низ ба таври зебо ороиш дода шавад , чунин фазо ба ислоҳи маҳбусон бештар мусоидат хоҳад кард: «Боре аз телевизион як зиндони хориҷиро дида, гумон кардам, ки як истироҳатгоҳ аст. Боғи зебо, гулҳои рангоранг, ҷойи хобу истироҳаташон ва зебоии дохили биноро намегӯед. Яъне ин маҳсбусон аз шароити инсонӣ дур набуданд. Инсон бояд ҳамеша дар зебогӣ бошад, дар ин ҳолат ӯ кӯшиш мекунад, ки интизомро хубтар кунад, меҳрубон ва беҳтар бошад. Яъне маҳбусон низ бояд худро рӯҳан озод эҳсос намоянд, то барои тезтар ислоҳ шудану ба озодӣ расидан талош кунанд. »

Бино бар омори расмӣ, ҳоло теъдоди зиндониён дар Тоҷикистон наздик ба 11 ҳазор нафар аст, аммо созмонҳои байнулмилалӣ ин рақамро то 14 ҳазор мегӯянд. Ба гуфтаи Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 30 маҳбус аз бемориҳои мухталиф ҷон бохтаанд.

"Русия бо мо машварат кунад"

Зариф Ализода дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик гуфт, ки "дар сафари ахирамон ба Русия пешниҳод кардем, ки ҳар тағйироте, ки нисбати масоили муҳоҷират мешавад, бо ҷониби Тоҷикистон машварат шавад."

Вай гуфт, ҳамчунин дар ин дидорҳо ба ҷониби Русия пешниҳод кардем, ки "созишномаи ҳамкорӣ дар масоили муҳоҷират миёни Тоҷикистон Русия аз сари нав қабул карда шавад."

Зеро ба таъкиди Ализода, ин созишнома 11 соли пеш қабул шуда ва ҳамакнун мақомоти Русия бештари қарорҳое, ки дар заминаи муҳоҷират амалӣ мекунанд, берун аз ҳамин созишнома аст. Бо ин ҳам ҷаноби Ализода мегӯяд, вазъи муҳоҷироне, ки бо ҳуҷҷат кору зиндагӣ доранд, хуб аст.

Қазияи Зайд Саидов


Мулоқоти Зариф Ализода бо Зайд Саидов дар боздошт. 23 май

Мулоқоти Зариф Ализода бо Зайд Саидов дар боздошт. 23 май


Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ӯ дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов ширкат хоҳад кард.Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода рӯзи 31-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар бораи Зайд Саидов гуфт, ки "ман бо ӯ вохӯрдам ва албатта тафтишот аст ва ман ҳаққи дахолат кардан надорам ва танҳо дар бораи буду бошаш сӯҳбат шуд ва вай шикоят надорад."

Омбудсмен афзуд , ки "дар вақти мулоқоти ман ягон нафар аз мақомоти тафтишот набуд ва танҳо вакилони мудофеи вай ҳузур доштанд ва сӯҳбат озодона сурат гирифт ва таъсиррасонии мақомот ба мушоҳида намерасид."

Аммо оқои Ализода гуфт, ки "албатта гунаҳкор будан ё набудани Зайд Саидовро додгоҳ муайян мекунад". Оқои Ализода гуфт, ки шахсан худаш дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов ширкат хоҳад кард.

Соҳибкори маъруф ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав Зайд Саидов рӯзи 19 май боздошт шуд. Ализода рӯзи 23 май бо Саидов мулоқот карда буд.

Омбудсмен мегӯяд, арзу шикояти сокинон кам шудааст

Омбудсмен гуфт, ки арзу шикояти сокинон дар нимаи нахусти соли ҷорӣ кам шудааст: "Дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ 259 муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон ворид шудааст."

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои омбудсмен, дар нимаи аввали соли гузашта аз мардум 278 шикоят гирифта буд. Ба гуфтаи ҷаноби Ализода, аз ҷумлаи муроҷиатҳо, 131 аризаву шикояти хаттӣ ва 128 муроҷиати шифоҳӣ будааст.

Зариф Ализода афзуд, ки дар 8 минтақаи Тоҷикистон қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ фаъоланд, ки дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ ин муассисаҳо 732 арзу шикояти сокинонро қабул карданд. Ба гуфтаи Ализода, бештари ин арзу шикоятҳо марбут ба масоили қитъаи замин, маош, алимент, таъини нафақа. гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ ва ғайра мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG