Пайвандҳои дастрасӣ

Зӯҳро Маҳмуродова, ҷавонзани 25-солаи сокини Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд.

Худкушии боз як модари ҷавон бо чаҳор фарзандаш, ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Ин бор модар ҳам наҷот наёфт ва бо чаҳор фарзанди хурдсол аз дунё даргузашт.

Зӯҳро Маҳмуродова, зани 25-сола аз деҳаи Дӯстии шаҳри Норак баъд аз зуҳри рӯзи 5-уми феврал бо фарзандони хурдсоли худ Кибриёу Хадиҷаи дусола ва Маърифату Рафоат, ки яке шашсола ва дигари хурдтар будааст, худро аз болои як пул дар маркази Норак, ба дарёи Вахш партофт.

Ба гуфтаи масъулони ҳукумати шаҳри Норак, ҳарчанд модар ва кӯдаконро аз дарё ба зудӣ берун оварданд, аммо бинобар сардии оби дарё, ҳама дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ҷасади ин модар ва чаҳор фарзандаш рӯзи 6-уми феврал ба хок супурда шуданд.

Сайлӣ Расулова, раҳбари бахши кор бо занони шаҳри Норак рӯзи 6-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Зӯҳро ягона келин дар хонаи хушдоман будааст ва дар сӯҳбате, ки масъулини шаҳр бо ҳамсояву ҳамдеҳаҳои Зӯҳро доштаанд, маълум шудааст, ки хонаводаи ӯ зиндагии ором доштааст. Шавҳари Зӯҳро, ки дар Идораи обу корезии Норак фаъолият мекард, чанде пеш аз кор ихтисор шуда будааст.

Вай гуфт, ки “ҳоло дар бораи худкушии ин зан бо фарзандон фарзияҳои мухталиф аст, ҳоло ҳама ниҳодҳои масъул талош доранд сабаби ҳодисаро муайян кунанд. Ӯ ягон бор ба мо, ба бахши занон муроҷиат накардааст, ҳар касе ба мо муроҷиат мекунанд, махсусан заноне, ки мушкил доранд, дар навбати аввал дарди онҳоро мешунавем.”

Сабабҳои аслии худкушии ин модар ҳоло дақиқ нест ва дар ин робита парванда боз шудаву тафтишот идома дорад, аммо ҳамдеҳаҳо ва наздикони Зӯҳро Маҳмуродова мегӯянд, ин зани ҷавон рӯҳан солим буд ва сару садое ҳам дар бораи кадом як мушкили хонаводагиаш дар деҳа шунида намешуд.

Хабари худкушии боз як модар бо чаҳор фарзанд аксар сокинони Норак ва дигар манотиқи кишварро, ки ҳанӯз ду чунин ҳодисаи дигарро аз хотир набаровардаанд, ҳайрону ваҳшатзада кардааст. Айнан бо ҳамин шева, моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарё андохт. Модар наҷот ёфт, вале 3 фарзандаш аз даст рафтанд.

Пештар аз ин ҳодиса, дар моҳи июл сокини Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё андохт. Дар ин ҳодиса ҳам кӯдакон фавтиданд ва модар зинда аз об берун шуд. Парвина, яке аз ин ду модар, ки бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд, дар додгоҳ гуфт, “дар ин ҳодиса танҳо худаш гунаҳкор аст ва бояд худаш ҷавоб гӯяд, на каси дигар ”

Дар ҳар ду ҳодиса ҳам гуфта мешуд занон зиндагии пурмушкиле доранд ва ин эҳтимолият ҳам буд, ки бар асоси муноқиша бо ҳамсарони худ дар ҳолати афсурдагии сахти равонӣ, ба ин кор даст задаанд. Зарина Кенҷаева, равоншинос ва корманди маркази “Бовари ба фардо” мегӯяд, бетарафии атрофиён, махсусан ҳамсарон боис ба рӯҳафтодагии занон ва қасди ҷони худ кардани онҳо мешавад.

Хонум Кенҷаева аз ду фоҷеаи қаблӣ ёд оварда мегӯяд, сангандозӣ ба ин модарон ва таҳлилу дарк нашудани ҳолати онҳо аз сӯи ҷомеа, боис ба такрори боз як чунин ҳодиса шуд: “Вақте шунидем, ки занон фарзандони худро куштанд, гуфтем, ин модар нест, вале вазъ беҳтар шуд? Баръакс ҳодиса такрор шуд ва ин бор зан талош кард, ки худаш ҳам зинда намонад. Ман фикр мекунам айб дар бепарвоии мардон ва ҷомеа аст.”

Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба оморҳо, беш аз 400 зан ба ҷони худ қасд мекунанд. Се ҳодисаи ахири худкушӣ, ки бо фавти кӯдакон ва як модар анҷом ёфт дар вилояти Хатлон рух додааст. Танҳо дар 4 моҳи аввали соли 2015 дар ин минтақа 10 нафар занон худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ намудаанд. Аммо ҳоло бештар аз ҳама ҷомеа аз он нигарон аст, ки модарон зимни қасди худкушӣ фарзандонашонро ҳам бо худ мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG