Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои тақсими "себ" байни Big Apple ва Daf Entertainment


Масъулини ширкати Big Apple Music Awards (ИМА) таҳдид карданд, ки аз болои ширкати тафреҳии Daf Entertainment (Олмон) шикоят мекунанд.

Масъулини ширкати Big Apple Music Awards (ИМА) таҳдид карданд, ки аз болои ширкати тафреҳии Daf Entertainment (Олмон) шикоят мекунанд. Мавзӯи баҳс ин аст, ки гӯё Daf Entertainment ғайриқонунӣ аз рамзи тиҷоратӣ ва исми ҷоизаи мӯътабари мусиқии Big Apple Music Awards-BAMA истифода кардааст.

Daf Entertainment аз оғози моҳи январ эълон кардааст, ки маросими имсолаи ҷоизасупорӣ ба беҳтарин овозхонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Ховари Миёнаро таҳти номи “BAMA” рӯзи 27 август дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор мекунад. Президенти шӯрои бунёди Big Apple Music Awards дар шаҳри Ню-Йорк Стелла Бояҷон мегӯяд, ки бренди онҳо аз соли 2004 маъруф аст ва истифодаи онҳо аз ин бренд як “тақаллуб” аст.

Стелла Бояҷон дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Ню-Йорк бо радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар Олмон вакил гирифта аз болои Daf Entertainment шикоят хоҳанд кард: “Онҳо рамзи тиҷоратии моро ғайриқонунӣ истифода карданд. Ин чиз овозхонҳоро гиҷ мекунад ва онҳо шояд фикр мекунанд, ки гап дар бораи Big Apple Music Awards аст. Фарз кардем, агар шумо исми Gucci-ро дар ҷое навишта истифода кунед, ин ба он маъно нест, ки шумо Gucci-и ҳақиқӣ ҳастед”.

шабнами Сурайё бо ҷоизаи Big Apple Music Awards
шабнами Сурайё бо ҷоизаи Big Apple Music Awards

Стелла Бояҷон гуфт, ҳамкории онҳо дар маросими ҷоизасупории соли 2015 дар Ҳамбурги Олмон, ки барои аввалин бор берун аз Ню-Йорк барпо шуд, якдафъаина буд ва ҳоло ширкати Daf Entertainment бидуни иҷозати ҷониби Амрико мехоҳад озмуни худро зери ҳамин ном барпо кунад.

“Азбаски онҳо дар қаламрави ИМА ҳузури ҳуқуқӣ ва ҳеҷ моликияте надоранд, пирӯзии мо дар додгоҳи Амрико ба мо чизе намедиҳад. Мо мехоҳем, ки тавассути вакилон дар Олмон онҳоро ба ҷавобгарӣ кашем ва ҳадди аққал онҳоро ба пардохти ҷубронпулӣ водор кунем”, гуфт Стелла Бояҷон.

Дар навбати худ, масъулини ширкати Daf Entertainment суханҳои Стелла Бояҷонро рад мекунанд. Дар номаи вакили дифои ин ширкат, ки қазияро омӯхтааст, омадааст, ки ширкати Daf Entertainment бренд ё рамзи тиҷоратии BAMA MUSIC AWARDS-ро ғайриқонунӣ истифода накардааст.

Анетт Кокк-Швартс менависад, ки бунёди Big Apple Music Awards дар қаламрави Аврупо ҳеҷ ҳақи муаллифии бренди тиҷоратиро сабтином накардааст ва ҳамингуна Daf Entertainment ҳам танҳо дар ҳудуди Аврупо трейдмарки BAMA MUSIC AWARDS-ро ба номи худ сабт кардааст.

Ҳуқуқшинос мегӯяд, ки ҳама ҳунармандони хостори ширкат дар маросими ҷоизасупории рӯзи 27 август дар Ҳамбурги Олмон метавонанд бидуни дудилагӣ ин корро анҷом диҳанд.

Рӯъё Нодӣ, раҳбари ширкати Daf Entertainment дар посух ба саволҳои радиои Озодӣ аз Олмон бо тасдиқи ин гуфтаҳо таъкид кард, ки ширкати онҳо ният дорад дар посух ба иддаоҳои бунёди Big Apple Music Awards ҳамчунин ба додгоҳ шикоят карда, Стелла Бояҷонро дар кӯшиши бурдани обурӯи ширкати худ муттаҳам кунанд. Вай гуфт, барномаи ҳунарии ин ширкат сирфан дар Аврупо ва бо ҳадафи тақдиру таҳсини ҳунармандони форсизабон, аз ҷумла Тоҷикистон баргузор мешавад. Вожаи “BAMA”, ба гуфтаи Рӯъё Нодӣ, ибораи форсии “бо мо” аст ва ҳеҷ рабте ба Big Apple Music Awards надорад.

Дар ин барнома, ба гуфтаи ӯ, овозхонҳои мухталиф метавонанд ариза диҳанд ва таронаҳои онҳо ба раъйдиҳии интернетӣ гузошта мешавад. Ҳадаф, мегӯяд ӯ, муаррифии овозхонҳои мухталиф аз кишварҳои форсизабон аст, то ки ин навбат на танҳо чеҳраҳои шинохташудаву ҷоизагирони собиқадор, балки шахсиятҳои наву ноошно ҳам рақобат кунанд.

Зимнан, барои ширкат дар барномаи ҳунарии нави “BAMA 2016 Music Awards” гурӯҳе аз овозхонҳои тоҷик, мисли Меҳрнигори Рустам, Нозияи Кароматулло, Ҷонибек Муродов, Валиҷон Азизов ҳам даъват шудаанд.

Беҳрӯз Зеваров
Беҳрӯз Зеваров

Беҳрӯз Зеваров, продюсери тоҷик, ки гурӯҳи овозхонҳои ҳамкори худро барои сафар ба Ҳамбург тавсия додааст, мегӯяд, онҳо ҳанӯз ҳафтае пеш аз Daf Entertainment даъвати ирсоли аксу пешниҳодҳои ҳунармандони тоҷикро ба ин озмун дарёфт карда, он вақт дар бораи вуҷуди баҳси корӣ миёни ду ширкати дар гузашта ҳамкор хабаре надоштанд.

Бо ин вуҷуд, мегӯяд Зеваров, ҷониби Тоҷикистон шонси ширкат дар маъракаҳои бонуфузи мусиқии ҷаҳониро талош мекунад аз даст надиҳад, чун ингуна маъракаҳо пеш аз ҳама ба манфиати худи овозхонҳои тоҷик аст. Вай гуфт, ҳунармандони тоҷик ҳамин чанд соли пеш даричаи бозори ҷаҳонии мусиқии форсизабонро барои худ боз карданд ва бархе ҳанӯз дар орзуи ин ҳастанд, ки пой ба ин бозори бекарони мусиқӣ ва тиҷорат гузоранд.

Ба шарофати ингуна барномаҳои ҳунарӣ овозхонҳои тоҷик на танҳо ба консерт, балки дар барномаҳои телевизионии форсизабон роҳ меёбанд, бархе пешниҳоди бардоштани клипи мусиқиро дар хориҷа дарёфт мекунанд ва ҳамаи ин ҳамкориҳо танҳо ба манфиати ҳунару мусиқии тоҷик аст, ки дар бозори ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ шавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки баҳси миёни ширкатҳои Big Apple Music Awards ва Daf Entertainment бо чӣ меанҷомад. Вале ширкати аввалӣ ҳам дар сайти интернетиаш хабар додааст, ки ният дорад моҳи сентябри имсол дар шаҳри Дубай маросими ҷоизасупории навбатии худро бо ширкати ситораҳои ҳунар барпо кунад.

Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед дар Ҳамбург
Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед дар Ҳамбург

Аз ҳоло маълум аст, ки аз Тоҷикистон дар ин барнома Шабнами Сураё, хоҳараш Фарзонаи Хуршед ва ҳамсари ӯ Фаридуни Хуршед даъват шудаанд. Ин ширкат, ки соли 2004 таъсис шудааст, мегӯяд, ҳадафаш тарғиб, шиносоӣ ва ҳам қадрдонии ҳунармандону овозхонҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Ховари Миёна аст.

Зимнан, ҳарду ҷониби баҳс таъкид мекунанд, ки ҳадафи онҳо аз баргузории барномаҳои ҳунарӣ дар Амрико ва Олмон - даромади молӣ нест, балки кӯмак дар барномаҳои хайрия ва дастгирии моддиву маънавии ҳунармандон аст. Онҳо мегӯянд, танҳо билетҳои консерт аст, ки даромад меорад, вале ҳамаи ин пулҳо ба ҳадафҳои хайрия равона мешаванд.

XS
SM
MD
LG