Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба даст латтаи сурх мебастанд...


Барқароршавии ҳокимияти шӯроҳо дар Тоҷикистон

Банда зодаи СССР ҳастам, аммо на он қадар хуб СССР-ро ба хотир дорам, аммо рафти пошхӯрии он ва чӣ окибатҳои ногуворе барои Тоҷикистон доштанашро хуб ба ёд дорам.

Аслан, рафти таъсиси ҳокимияти шӯроҳо дар Бухоро ҳарчанд соли 1920 шурӯъ шуд ва ба зудӣ шаҳрҳои бузурги гирду атрофи онро таҳти тассаруфи худ дароварданд.

Аз он ҷумла Самарқанд, Тошканд, Термиз, Қӯқанд ва Ҳуҷандро аммо дар бекигариҳои он ба мисли Ҳисор, Масчоҳ, Балҷувон, Кӯлоб, Дарвоз ва Қаротегин рафти таъсиси ҳокимияти шӯроҳо ба таври қунд ба пеш мерафт.

Чун муборизаи мардуми маҳаллӣ ва дарки ватандӯстӣ ва инчунин аз даст нарафтани дину оинашон мардуми маҳаллӣ яроқ ба даст гирифтанд ва ба муҳофизати номусашон бархостанд. Инчунин бинобар манотиқи қӯҳистонӣ будани Балҷувон, Дарвоз, Масчоҳ, Мӯъминобод ва Ғарм сабаб шуд, то мардум дар кӯҳистонҳо камин гиранд ва муборизаи худро то дарозо ба муқобили ҳокимияти шӯроҳо давом диҳанд.

Инчунин ин СССР сабаб гашт то бисёре аз мардуми босаводу олимони замон фирор аз ватанашон кунанд ба Афғонистон ва аз он ҷо ба давлатҳои дигар барои ҳамешагӣ ва кисме аз эшон дастгир карда шуд ва ҳамчун мухолифи ҳокимияти шӯравӣ ба қатл расид.

Ҳатто метавон дар саҳифаҳои таърих дид, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 1943 дар кӯҳистонҳои Ҳоит як гурӯҳ мардуми норозӣ аз рафтори раисону амалдорон, ки бисёре аз эшон мардҳоеро, ки занҳои зебо доштанд, ба фронт мефиристоданд ва занҳои онҳоро соҳибӣ мекарданд ва дигару дигар амалҳои эшон мӯҷиби қаҳру ғазаби як гурӯҳ чавонон гардид ва онҳо ба муқобили ҳуқумат бархостанд, аммо ки аз тарафи ҳокимияти онвақта ҳаракати босмачӣгаӣи ном гирифт ва баъди чанде аз байн бурда шуд бо ёрии ҳукумати марказӣ. Яъне аз ин бармеояд, ки Тоҷикистон охирин давлатҳои узви СССР буд, ки то соли 1943 ҳаракатҳои мухолифони СССР-ро дар худ дошт

Пешрафти СССР ва ҷиҳатҳои мусбату манфии он дар Тоҷикистон

Ва хуб дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тоҷикистон саҳми арзандаи худро барои ғалаба бар душмани СССР ба таври назаррас гузошт, ки имрӯзҳо, муттаасифона, ҳатто дар филмҳое, ки Россия оид ба рафти ҶБВ ба навор мегирад, баъзан вақт намояндаҳои дигар қавму миллатҳоро ба монанди арманӣ, тотор, қазоқ, узбек, украинӣ ва дигарҳоро мебинем, аммо аз намояндагии миллати точӣк хабаре нест.

Билохира, баъд аз ҶБВ рафти босуръати СССР сурат гирифт ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба ҷумҳуриҳои аграрӣ табдил дода шуданд. Ва Тоҷикистон яке аз он ҷумҳуриҳое буд, ки аслан сирф барои парвариши пахта равона карда шуда буд. Барои заминҳои бекорхобидаи Вахшу Хатлон бисёре аз мардумони боз ҳамон минтақаҳои қуҳӣ, аз ҷумла аз Ғарм, Дарвоз ва Масчоҳ ба ин заминҳо бо зӯрӣ кӯчонида шуданд ва аз ватани бобоиашон марҳум шуданд ва маконҳои онҳо ба як харобазор табдил шуд ва баъдтар аз чанд муддате чарогоҳи колхозу савхозҳо шуданд. Ва ин ин мардуми кӯчонидашуда, ки меҳнатӣ буданд, якҷоя бо мардуми маҳаллии ин ҷо якҷоя карда шуданд ва ин заминҳо обёрӣ карда шуда, заминҳои пахта сол то сол зиёд карда шуданд ва инчунин дар рафти зиндагии якҷоя ин мардумон тавонистанд, норасоиҳои гӯшаҳои мухталифи зиндагиашонро аз якдигар омӯхта, ҷойҳои холиро пур кунанд.

Хуб, Тоҷикистон дар қатори дигар ҷумҳуриҳои СССР оҳиста-оҳиста тараққӣ кард, ки ҳарчанд яке аз ҷумҳуриҳои қафомондаи СССР ба шумор мерафт, оҳиста-оҳиста шароити зиндагии мардум хуб шудан гирифт ва сохтмони мактабу беморхонаҳо зина ба зина дар қишлоқҷойҳо сохта шуданд ва мардум ҳам дар рафти чандин солҳои дар СССР зиндагӣ кардан ба ин давлат унс гирифтанд ва ҳатто барои ҳамешагӣ СССР-ро як давлати пойдор, пурқувват ва абадан шикастнопазир мёдонистанд. Ҳарчанд дар аввалҳо ба кундӣ дар Тоҷикистон ҳокимияти шӯроҳо таъсис ёфт, аммо Тоҷикистон яке аз тарафдорон ва шукргузорони давлати СССР буд.

Аммо аллакай берун аз хоки худ дар маконҳои таҳти тассаруфи СССР-буда норозияти мардуми аврупои шарқӣ ба авҷи аълои худ расида буд ва аллакай мардум шурӯъ карда буданд ба тазоҳуроти мардумӣ алайҳи СССР.

Аввалин нишонаҳои пошхӯрии СССР

Таҷовуз ба хоки Афғонистон ва нокомиҳои пай дар пайи артиши пурқуввати СССР дар хоки ин диёр ва фурӯ рехтани девори Берлин аллакай давлатмардони СССР ва меросхӯри СССР -- Россияро ногузир ба фикр кардан водор сохта буд, то ки хоҳу нохоҳ имрӯз ва ё фардо СССР аз ҳам пош хоҳад хӯрд. Аммо бояд чӣ кор кард, то баъд аз истиқлолият ба даст овардани давлатҳои таҳти СССР буда аз контроли Қремл берун нараванд ва бо ҳар сабабе, ки бошад дар зери итоати Москов қарор гиранд.

Ин сабабҳо буд, ки сӯхтор аллакай дар таҳти шӯрави шурӯъ шуд, дар Қаробоғи кӯҳӣ идеологияи озодӣ аз Озарбойҷон ва ба Арманистон ҳамроҳ кардани он тарҳрезӣ шуд ва мунҷар ба ҷанги байни ду давлат шуд ва Россия бо ин тавонист, ки бо ерӣ расонидан ба Арманистон ҳам ин давлатро таҳти контроли ҳамешагии худ қарор диҳад ва дар мавридҳои зарурӣ тавонад бо воситаи ин ҳам ба Озарбойҷон фишор оварад, ки дар навбати худ Озарбойҷон метавонист, бо Туркия ва Эрон, ки дорои равобити фарҳангиву таърихӣ ва забонӣ буд, робитаи хуб барқарор намояд, аммо имрӯзҳо мебинем ки дар низоъи байн ин ду давлат Россия чӣ нақши калидиеро иҷро намуда истодааст.

Дар Молдова, дар Приднестровйе чунин мушкилотро эчод кард ва имрӯз дорои имтиёзҳои зиёде мебошад.

Дар Украина, ки барои аз даст надодани Севостопол тамоми имкониятҳоро ба кор бурд то флоти баҳрии худро мустақар намояд.

Хуб дар минтақаи Қафқоз тарҳрезии Осетия ва Абхазияро ба анҷом расониданд, ки мо ҳамагӣ шоҳиди он будем, то ба чӣ анҷомид ва ҳатто ба фоидаи кӣ анҷомид.

Бо Қазоқистон барои Байконурро аз даст надодан чӣ гузаштҳоеро бояд кард, чӣ корҳоро анҷом дод
Ва билохира барои давлатҳои Осиёи Миена чӣ тарҳеро бояд ба анҷом расонид ва хуб ин тарҳ ҷараёнҳои исломгароӣ ки вобаста ба таъриху маданияти ин давлатҳо инҳо ба ислом наздик буда, инчунин ҳамсарҳад будан бо ҷумҳурии Исломии Афғонистон як идеяи сохтани ситезаҷӯёни исломиро дар водии Фарғона рӯи кор овардан хост.

Солҳои баъд шурӯъ карда КГБ дигар фаъолиятҳои касоне ки дар хонаҳои худ муллобачаҳоро таълими динӣ мёдоданд, нодида мегирифт ва шурӯъи сохтмони масҷидҳо сар то сарӣ шуръ шуд ва мардум дигар ба ислом рӯй оварданд ва дар як мӯҳлате дар аллакай дар Тоҷикистон исломро ба сиёсат омехта карда буданд.

Пошхӯрии СССР ва шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва ёддоштҳои кӯдаконаи камина
Гӯиё ки чӣ тавре огоҳии пешакӣ буд, ки пас аз баровардани артиш аз Афғонистон тазоҳуроти оммавӣ дар мамолики назди Балтик сурат гирифт, аммо дар ин вақт ман ба синфи як қадам ниҳода будам ва шеъри Мирсаид Миршакар – «Ватанам СССР, Гулшанам СССР» - ро бо шавқи кӯдакона аз бар мекардам. Аммо пас аз истиқлол ба даст овардани давлатҳои назди Балтик дигар давлатҳо ҳам зина ба зина истиқлолияти худро эълом доштанд ва ин неъмат насиби Тоҷикистон ҳам шуд, аммо ба сахтӣ.

Дар Тоҷикистон аввалин боре ки тазоҳурот шуд, инро ҳама ба хубӣ мёдонанд ин нисбати арманиҳое буд, ки бояд онҳоро ҳукумати ҷумҳурӣ ба хона таъмин мекард аммо мардуми тайи чанд сол дар навбат истода таҷаиӯъ карданд ва инро рад мекарданд. Аммо ин бо сенарияи дар боло тарҳрезишуда оғоз гардид ва билохира баҳманмоҳи хунин шурӯъ шуд ва мардум аз гирду атрофи Душанбе шурӯъ карданд барои барканории Маҳкамов, Ҳаёев ва Паллаев (ҳарчанд ишон дар барқарории ҳукумати имрӯза саҳми арзандае доштанд ва то ҳол аз машвартчиён ва поягузорони ҳукумат ба шумор мераванд). Аммо эшон ҷавоби «боло»-ро интизор буданд, аммо дар Кремл ҳис карда буданд нооромиҳоро дар Мосқов бинобар ин нақшаи як ҷангеро, ки то дарозо кашад дар ин маврид тарҳрезӣ карда истода буданд. Ва марказ онҳоро бовар мекунонид, ки ҳамаш ҳал аст ва шумо истодагарӣ кунёд.

Он вақтҳо генерал Раҳмонов мегуфтанд, ки банда кӯчак будам ва дар телевизион ёд дорам як баромади эшонро ки бо забони русӣ баромад кард ва мӯйи сари сафёд дошт ва он вақт ки забони русиро намефаҳмидам чизи гуфтааш дар ёдам нест, аммо баҳ-баҳгӯии падарам дар хотирам аст, ки мегуфт, ба тарафи мардум набояд тир холӣ кард. Ҳарчанд он генерал намехост, аммо аз кадом тарафи дигаре ки аллакай тирҳо холӣ карда шуданд сӯи таҷаммӯи мардум ва аввалин шаҳидони роҳи озодӣ қатраҳои хунашон рӯи майдони марказӣ ба алвонҷ даромаданд.

Ва ёд дорам, ки кӯчак будам ва барномаи ахборро тамошо мекардам ва аз кушта шудани Олими Заррабек барномаи ахбор ҳабар дод ва инчунин дар майдон оилаи эшонро нишон медоданд, ки рӯйканону муйканон духтараш мегирист.

Баъдан ин майдон ба исми майдони Шаҳидон ном гирифт ва мардум дигар аз ҳар манотиқи Тоҷикистон ин ҷо таҷаммӯъ мекарданд ва он рӯзҳо қалимаи МИТИНГ зиёд ба гӯш мерасид, ки баъдтар ин дар забони мардум бо исми «давраи митингҳо» бо хотир монд. Аммо боз ба муқобили ин таҷаммӯъ ҳукумати коммунистӣ майдонеро бо номи Озодӣ ташкил кард ва мардум ба ду майдони муқобил оғоз карданд.

Чуноне ки дар боло ёдовар шудем, аслан дар давраи барқарории ҳокимияти шӯроҳо мардуми ин ду минтақа яке Кӯлобу дигаре Қаротегин барои ҳифзи номуси миллӣ то оҳир истодагарӣ карданд, ки то ҳол мо Давлатбек ва Фузайл Махсумро ба хубӣ медонем ва ин ду мубориз намояндагони мардуми ин ду маҳал буданд. Инчунин мардуми минтақаи Кӯлобу Қаротегин назар ба дигар манотиқи Тоҷикистон дар давраи шӯравӣ он қадар бо намояндагони дигар миллатҳо махлут нашуда буданд ва як урфу одату дину мазҳаб доштанд. Боз ин ду маҳал ба Душанбе наздикӣ дошт, ки ин сабабҳо буданд то давлатмардони СССР тарҳрезиро дунбола карданд, то бояд ин ду маҳалро ба муқобили якдигар қарор дода, ба ду гурӯҳи мухолифи якдигар тақсим намоянд.

Ҳарчанд дар шурӯи митингҳо хости мардуми ҳар ду маҳал як буд, яъне озодӣ аз «юги ғуломии ҳафтодсолаи комунизм», аммо дертар чун диндорон оҳиста-оҳиста ба сиёсат дохил шуданд, бо шиори демократия дар майдони Шаҳидон ва инчунин ҷараён то ҷое авҷ гирифт, ки Қадриддин Аслонуф авалин шуда беиҷоза аз «боло» тавонист дар таҷаммӯи мардум ошкоро комунизмро ба охир расида эълон кунад, ки ин қаҳри намояндагони ҳизби комунистро овард ва нақшаи нобуд кардани он касро тарҳрезӣ намуданд барои баъд.

Ва он рӯзро ба хотир дорам ки дар назди телевизион тамошо мекардем, аммо кӯдаки 11-сола будам ва он қадар сарфаҳм намерафтам, ҳарчанд тамошо мекардам ин ҷараёнро сипас он рӯзро ҳам дар ёд дорам баркандани муҷасаммаи Ленин, ки аввалин касе ба рӯяш баромад, як ҷавонмарди тақрибан 30 ё 35-солае буд, ки ҷомаи хатии беқасам дошт ва дар рӯи ҳайкали Ленин ба рақс даромад,

Инчунин он рӯз ҳам дар хотирам нақш бастааст, ки як рӯзи борони буд ва борон беист меборид ва тақрибан соатҳои сеи баъд аз зӯҳр дар хона нишаста будем ва мехостем, филми тасвирии мурғобичаҳоро тамошо кунем, дар канали шабакаи яки Россия аммо дар хона намонданд, то он филми тасвириро тамошо кунем, чунки дар шабакаи телвизионии Тоҷикистон майдони Шаҳидонро нишон медоданд, ки домулло Саъдиддин баромад дошт ва он суханҳояш хуб дар ёдам ҳаст, ки мегуфт, «вақте ба ҳамроҳии Раҳмон Набиев сӯҳбат кардам, Раҳмон Набиев норозигии худро нисбате оне ки набояд давлати исломӣ шавад Тоҷикистон баён дошт ва гуфт, ки агар Тоҷикистон давлати исломӣ шавад, қамбагал мешавем, ин давлати СССР аст, ки зиндагӣ осуда аст ва ин қадар роҳҳои оҳан, роҳҳои хуб, мактабҳо, фурудгоҳҳоро бинед, ин ҳама бо шарофати давлати СССР аст. Аммо дар ҷавоб ман ба ӯ гуфтам, ки оё давлатҳои араб коммунистанд ё ки СССР-анд, ки бинед, чӣ қадар зиндагии тинҷу осуда доранд, фурудгоҳоро бинед, шароити зиндагии мардумро бинед, дар он маврид ман каллаи Раҳмон Набиевро ба як тарбузи дарунаш холӣ монанд кардам, яъне вақте тарбузро дуто карда, мағзашро мегирӣ боз ҳар ду тарафро мемонӣ пӯк мешавад ба мисли ҳамон монанд кардам...» Инро мегуфту бо ишораи даст боз мефаҳмонид.

Ва прокурори ҷумҳурӣ Ҳувайдуллоевро дар хотир дорам, ки дар назди таҷаммӯи майдони Озодӣ дар сар тоқии кӯлобигӣ сӯҳбат дошт. Инчунин дар ёд дорам, ки як зани миёнсол дод мезад ва мегуфт, « Ҳой Қозӣ, канӣ ту, баро ба назди мардум!».

Ва ин ҳамаро мушоҳида мекардам аз телевизион ва ҳар рӯза дар кӯча ҳама мардум боз ин рафтро бо ҳам табодули назар мекарданд. Дар ёд дорам, касеро, ки мегуфт, давлати демократӣ месозем, чаро ки деҳқон аз субҳ то шом дар саҳро кор мекунад, шаст сӯм маош мегирад, аммо муаллим назди печкаи гарм шаш соат дарс медиҳад -- 170 сӯм. Бояд ҳама баробар шаванд ва ину он сабаб шуд, то авҷи ҷанги шаҳрвандӣ сурат бигирад ва ҷанг то дер давом кунад.

Ва ин ҳама сабаб шуд, то ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шавад дар Тоҷикистон ва дар ин кор саҳми КГБ-и Россия бо андоза зиёд аст, ки тавонист бо дар ихтиёр доштаи дивизияи 201-юм мардумро бо аслиҳа таъмин намояд ва инчунин Раҳмон Набиев бо фармони «боло» бисёре аз маҳбусонро боз кард ва соҳиби яроқ кард, ки инро ҳам дар телевизион нишон доданд ва инчунин чаро ки генерал Грачев ба мустақиман ба наздди Сангак Сафаров меҳмон шуду на ин ки ба назди давлатмардони онвақта ҳукумат ва ё ки КГБ-и Узбакистон, ки тавонист бо ёрии зархаридони ҳукумати Россия дар муноқишаи байни тоҷикон иштироки густардаеро рӯи кор бигирад
Ин ҳам ба хотири пеш аз ҳама аз пешгирӣ кардани истиқлолияти комили Тоҷикистон буд, то аз ҷараёнҳо дар Тоҷикистон тавонад пешгирии таҷаммӯъҳои тоҷикони Узбакистонро боз дорад ва аз он бим дошт ки тоҷикони Узбакистон даъвои озодӣ накунанд.

Ва агар дар хотир дошта бошед, ҳукумати Узбакистон ниҳоят барномаи устувореро рӯи кор гирифта буд то аз тазоҳуротҳо ҷилавгирӣ кунад. Чун чанде аз донишҷӯён таҷаммӯъ карданд ва дар як рӯз зиёда аз сад нафарашонро ба қатл расониданд ва чун хостанд, Ислом Каримовро гунаҳкор кунанд гуфт «Бигузор сад кас бимирад, аммо ба ҳазор нарасад.»
Аммо мақсади Россия ин Тоҷикистонро ба ҳеч ваҷҳ аз даст додан намехост, чун ҳамсарҳад будан бо Россия бо Афгонистон ва авҷ гирифтани муҳорибаҳои ҷангсолорон Россияро маҷбур месохт, то контроли сарҳадро дар даст дошта бошад то тавонад озодона фурӯши аслиҳаро ба ҷангсолорон давом диҳад ва сарҳадро транзити қочоқи маводи мухаддир ба Россия ва аз он чо ба Аврупо рӯи кор гирад. Яъне рӯғани хубе хобиди буд дар сарҳади Тоҷикистон ва инчунин бо дар таҳти контрол доштани Тоҷикистон осонтар аст, то дар таҳти қонтрол доштани давлатҳои минтақа минҷумла Водии Фарғона.

Билохира Фронти Халқӣ ба Душанбе ворид шуд ва мардум ба ҳар тараф пароканда шуданд, қисме ба Афғонистону қисме ба ноҳияи Ғарм.
Дар ёд дорам, боз ҳамон баромадҳои Мулло Саъдиддинро, ки дар телевизиони ноҳиявӣ боз мегуфт, «ҳе мардум, ҳеч ташвиш накашед, мо стингер овардагӣ сар кӯҳ хобондагием, дар мавриди зарури самалетҳоро нобуд месозем.» Инчунин Ризвон Содиров дошт фиқри ӯро тасдиқ мекард, аммо ҳавапаймоҳо доштанд парвоз мекарданд болои осмони Ғарм.

Ва ё купруки Кабудҷарро таркониданд, то аз ҳуҷуми тонкҳо ҷилавгирӣ кунанд, аммо ин фикрро надоштанд, ки боз роҳҳои дигаре вуҷуд дорад. ( Пас аз чанде фаҳмидам, ки ҳарчанд мардуми Тоҷикистон хизмат мекарданд дар артиши шӯравӣ, фақат дар СТРОЙБАТ. СССР ба ин роҳ мехост, мардуми ғайрирусро дар ҳоли нодонӣ аз дониши кифоягии ҳарбӣ нигоҳ дорад. Ба монанди Салими Хатлонӣ низ дар стройбат ҳизмат намудааст.)

Билохира моҳи феврали соли 1993 ҳавопаймоҳо шурӯъ карданд ба бомборони ноҳия ва ман дар ёд дорам дар нимишабӣ мардуми деҳ як байраки сурхи қалонеро дар симходаи байни деҳаамон заданд, ки яъне “мо вовчик нестем, мо қомунистем!” чун фиқр мекарданд мардум, ки агар ҳавопаймо байрақро бинад, шояд дигар бомба наандозад. Ва билохира артиши Ҳуқумат ба Гарм ворид гашт ва аввалин коре мардум мекарданд дар даст латтаи сурх мебастанд, яъне ин тарафдори коммунист ва ҳуқумат буданро мефаҳмонид.

Бо эҳтиром
Мирзоев Абдулло,
сокини ноҳияи Рашт
XS
SM
MD
LG