Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати ҳукуматӣ: фаъолияти IRS қонунист


Вазорати нақлиёт ва ва коммуникатсияи Тоҷикистон бо нашри як баёния иддаъои ғайри қонунӣ будани фаъолияти ширкати IRS-ро, ки ба ҷамъоварии малбағ дар роҳи Душанбе - Чанак машғул аст, рад карда, фаъолияти онро дар ростои қонун ва манофеъи давлатии Тоҷикистон эълон кардааст.

Дар изҳороти матбуотии вазорати нақлиёти Тоҷикистон омдааст, ахиран дар дар матбуот ва байни мардум ҳангомаҳо дар хусуси мутобиқати кардан ва ё накардани системаи ҳаракати пулакӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанак ба вуҷуд омадааст.

Бинобар ин дар аввали моҳи июн ҳукумат ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, вазорати молия, вазорати адлия, вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва хадамоти зиддиинҳисорӣ супориш дод, ки шартномаи байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» - ро, ки дар ҳамин мавзўъ ба имзо расидааст, мавриди санҷиши коршиносон қарор диҳанд.

Ва хулоса мекунад:

Дар вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ҷаласаи намояндагони вазоратҳо ва кумитаҳои номбурда баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои таҳлилу санҷишҳои гузарондашуда муҳокима гардиданд.

Ҷаласа қарор кард, ки шартномаи консессионии байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар доираи ваколату кафолатҳои Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва қабул шудааст.

Шартномаи мазкур ҳамчун санади байналмилалӣ эътироф гардида, афзалияташ дар мутобиқ будани он ба талаботи қонунгузориҳои байналхалқӣ мебошад.

Нахустин таҷрибаи роҳи пулакӣ

Душанбе – Чаноқ нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, ки пулҷамъкунӣ дар масири он зимни ифтитоҳи расмии он дар аввали моҳи апрел оғоз шуд.

Тибқи нархномаи қаблӣ роҳи Душанбе-Чаноқ, қимати убури ҳар як километри роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шуда буд.

Истифода аз ин шоҳроҳ барои васоити нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул хоҳад хоҳад буд. Роҳи Душанбе –Чаноқ пас аз баррасиҳо дар парлумони кишвар ва қабули як қонун пулакӣ эълон шуд.

Шоҳроҳи мазкур 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд поён меёбад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз пулакӣ кардани ин роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин аст, ки дар навсозии шоҳроҳ масраф шудаанд.

Роҳи Душанбе-Чаноқро ширкатҳои чинӣ бо сармояи 281 миллион доллар навсозӣ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар оянда як қатор шоҳроҳҳои дигари кишварро низ тармим ва пулакӣ кунанд.

Innovative Road Solutions - дар паноҳи кист?

Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки худро як ширкати Бритониёӣ муаррифӣ мекунад, системаи хидматрасонии толингии роҳи Душанбе – Чаноқро бар ӯҳда дорад. Фаъолияти ин ширкат тибқи созиши он бо ҳукумати Тоҷикистон, ки ба тасвиби порлумон низ расидааст сурат мегирад.

Ин ширкат ба иддаъои худаш як ширкати бонуфузи хориҷст, ки бо чандин давлати дунё ҳамкорӣ дорад. Аммо мақомоти он аз ифшои шарикони хориҷии худ худдорӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар маълумотҳое мавҷуд аст, ки ин ширкат дар соли 2009 дар минтақаи офшори ҷазираҳои Верҷиния номнавис шуда ва таҷрибаи кории собиқа надорад. Ва муассисони он ҳам аслан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ҳадсу гумони фарзияҳои фаровоне роҷеъ ба робитаи моликони ин ширкат ва мақомоти Тоҷикистон низ дар расонаҳо ва миёни мардум ҳамчунон сайр дорад.

IRS бар Амонулло Ашӯр пирӯз шуд?

Баъди сару садо дар мавриди ғайриқонунӣ будани низоми пулчинӣ дар ҷодаи Душанбе - Чанак Амонулло Ашӯр, раиси хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон гуфта буд, ки фаъолияти ин ширкат, дар воқеъ баъд аз 1 -уми май ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад.

Ҳатто комиссияи вижаи ин хадамот қарор кард, ки пулчинӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ аз сӯи IRS қатъ шавад. Аммо ин ширкат
қарори комиссияи махсусро иҷро накард.

Акнун бо нашри хулосаи кори ҳайати ҳукуматӣ, ин суол матраҳ мешавад, ки хулосаи мазкур ба чӣ маъност? Оё дар воқеъ суханони раиси хадамоти зидди инҳисорӣ беасос буданд? Ва ё пуштибони IRS қавитар аз хадамоти ҳукуматии Тоҷикистон аст?

Ва ё ба таъбири мардумӣ IRS бар Амонулло Ашӯр, яъне бар ниҳоди ҳукуматӣ пирӯз шуд?
XS
SM
MD
LG