Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарҳо аз Тоҷикистон ба ҳаводиси Қирғизистон


Сӯҳроб Шарифов, раиси Маракзи таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон
Сӯҳроб Шарифов, раиси Маракзи таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон

Бархе аз соҳибназарон таҳаввулоти Қирғизистонро ба фаъолияти ниҳодҳои мадании он кишвар рабт медиҳанд. Вале иддае дигар онро пайомади сиёсати нодурусти Қурбонбек Боқиев медонанд.

Сиёсате, ки тақрибан дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам монанд аст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки ҳаводиси Қирғизистон то куҷо метавонад ба муносиботи Тоҷикистон ва Қирғизистон таъсири манфӣ расонад. Бахусус, дар иҷрои тарҳҳои энергетикии ин ду кишвар.

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳур мегӯяд, ки ҳаводиси Қирғизистон наметавонад монеи сохтмонҳои стратегӣ шавад ва ҳар қувваи наве ҳам вориди саҳнаи сиёсӣ мегардад, аз иҷрои ин лоиҳаҳои сарнавиштсоз, ба монанди нерӯгоҳи барқи обии «Қамбарота-2» даст нахоҳад кашид.

Оқои Шарифов афзуд: «Ба амнияти сулҳу суботи Тоҷикистон хатар надорад. Чунки давлати мо ва омилҳое, ки дар кишвар аст омилҳои устувории суботро таъмин мекунад ва аксарияти мардум аз сиёсати давлат розӣ ҳастанд».

Ба гуфти Сӯҳроб Шарифов вазъи ноороми Қирғизистон метавонад то ба як муддати кӯтоҳ вуруди сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷиро мутаваққиф намояд.

Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон дар сохтмони нерӯгоҳи барқи “Қамбарота-2” ва Тоҷикистон дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба сармоягузориҳои хориҷӣ эҳтиёҷ доранд.

Баъзе шореҳони тоҷик бо ишора ба мавқеи ҳамсони Тоҷикистону Қирғизистон дар татбиқи барномаҳои обу барқи минтақа мегӯянд, ташаннуҷ дар Қирғизистон имкон дорад, на танҳо сохтмони нерӯгоҳҳоро ба таъхир гузорад, балки мавқеи Тоҷикистону Қирғизистон дар муқобили кишварҳои ба истилоҳ поёноб, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Туркманистонро заъифтар кунад.

Иброҳим Усмон, устоди Донишгоҳи миллӣ ба ин назар аст, ки ҳаводиси кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон бетаъсир буда наметавонад.

Иброҳим Усмон афзуд: “Мо ба воситаи Бадахшон ҳеҷ чиз ба Тоҷикистон оварда наметавонем. Яъне аз Ош ба Помир ва бадин васила ба сохтмони Роғун, гумон намекунам чизе меоварда бошем. Дар сарҳади шимолии Тоҷикистон мо марзи мустақил бо Қирғизистон надорем ва ин тариқи Ӯзбакистон меравад. Ва мо хоҳем - нахоҳем ба Ӯзбакистон ба Қирғизистон пайваст мешавем”.

Дар ҳоле, ки Ӯзбакистон ба убури садҳо вагон бори Тоҷикистон аз қаламраваш монеа эҷод намудааст ва баъзе шореҳон роҳи Қирғизистонро ҳамчун алтернатива ба Ӯзбакистон арзёбӣ мекунанд, ба гуфти Иброҳим Усмон, дар ҳоли ҳозир Қирғизистон аз иҷрои чунин нақши калидӣ намебарояд.

Абдуазими Абдуваҳҳоб, як хабарнигори тоҷик бар ин назар аст, ки ҳарчанд роҳбарияти ҳукуматҳои кишварҳои минтақа аз пайомади ҳаводиси Қирғизистон, чашм мепӯшанд, вале таъсири он дер ва ё зуд ба ин кишварҳо низ мегузарад.

Ӯ бо ишора ба мавҷи эътирозҳои собиқаи қирғизҳо мегӯяд: «Ин аз доштани огоҳии сисёии бештари мардум далолат мекунад. Зеро ин бори аввал нест, ки миллати қирғиз ба майдон мерезанд ва бо таври осоишта талабҳои худро дар назди ҳукумат мегузоранд. Онҳо ҳуқуқҳои худро бо ҳар роҳе набошад, аз ҳукумат талаб мекунанд. Ва ин аз озодиҳои миллати қирғиз гӯвоҳӣ медиҳад».

Абдуфаттоҳ Воҳидов, таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки инқилобҳои пайдарҳами миллати қирғиз бозгӯи рӯҳияи озодихоҳии мардум ва ҳушдор ба ҳукуматҳои яккатози Осиёи Марказӣ аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки ошӯбҳои оммавии миллати қирғиз, ба тарҳҳои стратегӣ ва муносибатҳои ҳасана бо кишварҳои ҳамсоя латма занад.

Ӯ мегӯяд: «Миллати қирғиз худаш Қурбонбек Боқиевро дар натиҷаи чунин эътирозҳо нисбати сиёсати Аксар Акаев сари қудрат овард. Аммо Боқиев хостаҳои ин мардумро иҷро накарда, боз худи мардум истеъфои онро мехоҳанд».

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, марзбонони тоҷик низ то кунун дар марз бо Қирғизистон кадом тадбири изофӣ наандешидаанд.

Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, ҳаводиси имрӯзи Қирғизистон нав нест, ки кишварҳои ҳамсояашро, аз он ҷумла, Тоҷикистонро ба ташвиш биорад. Чанд сол инҷониб боз ин ҳаводис идома дорад ва ин аз фаъол будани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар башорат медиҳад.

Аммо ҳукумати Қурмонбек Боқиевро душвор аст, ки бо ин қишри калони эътирозгар сари як миз нишинад. Зеро ин эътирозгарон танҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳо иборат нестанд, балки мардум ҳастанд, ки нисбати вахим шудани вазъи иҷтимоӣ ва аз сиёсатҳои Боқиев ба майдон рехтанд.
XS
SM
MD
LG