Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсир ё беасарии синфи миёна (Бахши 1)


Дар Тоҷикистон омӯзгорон худро ба синфи миёна мансуб медонанд.
Дар Тоҷикистон омӯзгорон худро ба синфи миёна мансуб медонанд.

Дар саросари Авруосиё аз Балкан то Русия ва Афғонистон онҳое, ки худро намояндаи синфи миёна мешуморанд, рӯзгори худро базӯр пеш мебаранд ва барои тағйири шакли ҳукуматдорӣ дар кишварҳои худ дасти кӯтоҳ доранд.

Суол ин аст, ки чаро синфи миёна дар ин қаламравҳо ба ин андоза заъиф аст ва барои таҳкими он чӣ кор бояд кард?

Дар давлатҳои Ғарб синфи миёна сутуни нирӯманди ҷомеаҳои демократӣ ва пешрафта арзёбӣ мешавад.
"Онҳо воқеан ҳам парвои демократия ва либерализм надоранд...


Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико синфи миёна 60 дар сади аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад. Кормандони ҳирфаии соҳаҳои мухталиф, аз муаллим гирифта, то ходими пулису соҳибкор, ҳамагӣ ба ин синф шомил мешаванд. Онҳо ба давлат миллардҳо доллар молиёт месупоранд, дар интихобот аксарияти райъҳоро ташкил медиҳанд ва умуман дар таъини сиёсати ҳукумат таъсир доранд.

СИНФ Ё ФАҚАТ ГУРӮҲ?

Аммо ончӣ дар саросари Авруосиё - аз Балкан то Русия ва Афғонистон синфи миёна номида мешавад, як гурӯҳи заъиф аст, ки мавқеи собит надорад. Як иллати заъфи синфи миёна дар ин давлатҳо, нобасомониҳоест, ки дар пайи шикасти як низоми мӯътадил ва гузор ба низоми дигар пеш омадааст.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз хокистари суқути коммунизм синфи хурд, аммо нирӯманди соҳибкорон ба майдон омад, ки аз ҷиҳати боигарӣ шабеҳи синфи миёнаи Ғарб аст, аммо арзишҳои иҷтимоияш фарқ мекунанд.

Борис Дублин ҷомеъашиноси мустақили рус вазъи кишвари худро ин гуна тасвир мекунад: "Онҳо воқеан ҳам парвои демократия ва либерализм надоранд. Онҳо аз ҳамон сохторҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ пуштибонӣ мекунанд, ки дар тӯли солҳои 2000- ум дар Русия ташаккул ёфтаанд. Ҳамон низоми худкома, ки таври маълум дар он ҳукумат аз бизнеси хусусӣ ҷудо нест ва бузургтарин самоядорҳо низ намояндагони ҳукуматанд."

ТАРКИБ ВА ТАЛОШҲО


Ба гуфтаи Дублин, ин синф аз 4 то 5 дар сади аҳолии кишварро ташкил медиҳад ва аз пуштибонҳои қавии режими феълии Русия аст. Умдатан, мегӯяд ӯ, инҳо аслан ҷавонҳоеянд, ки дар шаҳрҳои бузурги Русия ба сар мебаранд.

Аммо гурӯҳи дигар - рӯшанфикрони шӯравӣ, рассомон, кормандони ҳирфаии ғайридавлатӣ, ки интизор мерафт, синфи миёнаи Русияро ташкил диҳанд, дар ниҳояти амр дар сояи гурӯҳи аввалӣ нопадид монданд.

Набуди синфи миёна дар кишварҳои дигар сабабҳои гуногун дорад. Барои намуна, синфи миёнаро дар Эрон инқилоби исломӣ аз байн бурд. Баъд аз инқилоб то 3 миилон нафар, асосан мардуми таҳсилдида аз Эрон ба кишварҳои Аврупо, Амрико ва Халиҷи Форс кӯч бастанд.

Сутуни синфи миёнаро дар минтақаи Балкан, Ироқ ва Афғонистон ҷанг ва кӯч бастани мардум аз ин кишварҳо валангор кард. Дар авҷи шӯришҳои Ироқ ҳадди ақал 40 дар сади синфи миёна аз кишвар хориҷ шуд. Ин гуна ҳодисоти такондиҳанда чархи демократия ва рушду нумӯъро дар саросари Авруосиё аз гардиш боздошт. Ва Ғарб, ки дар пешбурди арзишҳои демократӣ ба синфи миёна такя мекунад, дар ин минтақаҳо бедастёр монд.

БЕ СИНФИ МИЁНА

Пайомади ин дасткӯтоҳӣ рӯшан аст. Раҳбарҳои худкома ҳукуматҳоро бидуни ҳамагуна чолиш, то дами марг дар даст нигаҳ медоранд. Бо ин ҳол шикофи байни синфи доро, яъне элитаи ҳукмрон ва аксарияти бебизоат то рафт бузургтар мешавад.

Агар дар Русия нирӯи пешсаф соҳибкорони пуштибони ҳукумат бошад, дар кишварҳои дигар синфи миёна рӯ ба инқироз овардааст ва ҳамоно орзуи мардуми оддӣ боқӣ мемонад. Аз ронандаи таксӣ то кормандони ҳирфаӣ ва соҳибкорони хурд мехоҳанд, бахши босуботи синфи миёна бошанд. Ва аксари арзишҳои онҳо шабеҳи арзишҳои синфи миёна дар давлатҳои Ғарб аст.

Пажӯҳиши ахири Маркази омӯзишии Пью, бо дархости маҷаллаи "Экономист" соли гузашта муайян кард, ки дар кишварҳои рӯ ба рушд, онҳое, ки худро синфи миёна унвон мекунанд, дар маҷмӯъ пуштибони демократия будаанд.

Барои намуна, 65 дар сади синфи миёна дар Украина баргузории интихоботи одилонаро бисёр муҳим арзёбӣ кардаанд. Дар муқобил мардуми камбизоати ин кишвар ба "демократия" камтар аҳамият додаанд. Таваҷҷӯҳи синфи миёнаи Русия ба интихоботи одилона камтар аст. Танҳо 51 дар сад. Аммо дар муқобили посухи ҳамранги 37 дар сади бебизоат боз ҳам ин рақам хеле чашмрас аст.

Пас, аломатҳои синфи миёна чист ва кӣ метавонад ба ин синф шомил бошад?

НИШОНАҲОИ СИНФИ МИЁНА

Пажӯҳишгарони маркази Пью мегӯянд, онҳое ба ин синф шомил мешаванд, ки солона бештар аз 4 ҳазору 286 доллар ба даст биёрад. Сохторҳои молии ҷаҳон, бо шумули Бонки Ҷаҳонӣ низ ин маблағро барои шинохти синфи миёна муносиб шумурдаанд.

Аммо дар бисёр кишварҳо бо пули камтар аз ин ҳам худро намояндаи синфи миёна мешуморанд. Барои намуна, русҳо дар шинохти синфи миёна сифати зиндагиро муҳим мешуморанд на ҳаҷми маблағро. Соҳибкор Денис Молотков мегӯяд, намояндаи синфи миёна бояд моҳонаи бештар аз ҳадди миёна, моликияти хусусӣ ва мошин дошта бошад.

Фарзияҳои дигар низ мавчуданд. Масалан, нафароне, ки ки шуғли зеҳнӣ доранд, на ҷисмонӣ, бо вуҷуди маоши кам, худро намояндаи синфи миёна мегӯянд. Ба ин рӯйхат мешавад устодони макотибу донишгоҳҳоро шомил кард.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон дар байни кормандони ҳирфаӣ пофессор аз ҳама маоши кам мегирад ва аксари онҳо дар тобистон, вақте ки мактаҳбо баста мешаванд, барои кор ба Русия мераванд. Тобистон, ки ба поён расид онҳо дубора ба кори маъмулии худ бармегарданд ва боз худро намояндаи синфи миёна мехонанд.

Муаллими тоҷик Ҳалим Шукруллоев чунин мегӯяд: "Кор дар мактаб маблағе надод, ки зиндагиро пеш барем. Аз ин сабаб сафари Маскав кардем. Маоше, ки мо дар ин ҷо дарёфт мекунем, назар ба Тоҷикистон хеле бештар аст. Нияти мо ин аст, ки ягон маблағ дарёфт кунему баргардем ба мактаби худ."

Бо моҳонаи кам ва барои пешбурди зиндаги номуносиб, Ҳалим Шукруллоев ва ҳамкасбони дигари ӯ бовар доранд, ки ояндаи кишварро сармоягузорӣ мекунанд. Онҳо ин боварро ба шогирдони худ низ таълим медиҳанд, ки ноумед набошанд, зеро фардо зиндагӣ беҳтар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG