Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хуҷанд мақомот бозори мардикоронро аз маркази шаҳр ба канори он кӯч дода, расмӣ кардаанд ва барои аҳли ин бозор шароити беҳтареро фароҳам овардаанд.

Бозори нави расмии мардикорӣ дар қисми шимолии Хуҷанд, дар наздикии автовокзали “Абрешим” ҷой гирифтааст. Аз субҳ канори роҳ даҳҳо мардикорони синну солашон гуногун чашм ба роҳи кордиҳандаанд. Ҳам ҷавонон, ҳам миёнсолон. Яке аз онҳо дар сӯҳбат бо Озодӣ чунин гуфт: “Ман Шодмон, аз ноҳияи Ҷаббор Расулов омадам. Ман касбам мардикорӣ. Корҳои сохтмон, бетонрезию дигар корҳо аз дастам меояд. Ин ҷо аз Панҷакенту Ғончӣ, Исфараю Хуҷанд, аз ҳама ҷо ҳастем. Рузбаъй ба 40 – 50 сомонӣ кор мекунем.”

Мусоҳибам афзуд, мардикорон музди худро аз дасти кордеҳ меёбанд. Ба гуфтаи вай, онҳое кори хуб меёбанд, ки таҷрибаву шиносҳои кордиҳанда ва ихтисоси баланди сохтмонӣ доранд. Вале мисли Шодмон ҷавонони навомада ба хандаи бахту корҳои тасодуфӣ умед мебанданд.

Ба ин тартиб, бори аввал мақомот бо таъсиси бозори расмии мардикорӣ дар Хуҷанд вуҷуди мушкили нерӯи корӣ ва зарурати шакл додани бозори онро дарк кардаанд. Ба гуфтаи як мақом аз ҳукумати Хуҷанд, ҷамъ шудани мардикорони зиёд, ки байни онҳо афроди ҷиноӣ ҳам буданд ва баъзе ба ҷои мардикорӣ ба оворагардӣ машғул буданд ва ин ба зиндагии сокинон мушкил эҷод мекард, аз ин рӯ мақомот тасмим гирифтанд, онҳоро ба ҷойе дуртар аз маркази шаҳр кӯч диҳанд.

Интиқоли бозори мардикорон аз марказ ба канори Хуҷанд дар пайи кушта шудани як устоди донишгоҳ аз сӯи мардикорони ин бозор сурат гирифт.

​Додгоҳи Хуҷанд ахиран ду мардикореро, ки муовини декани факулаи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - Мунирхон Хоҷаевро вақи баргаштан аз ҷойи кораш шомгоҳон дар маҳаллаи Гулисон, собиқ ҷойи таҷаммӯи мардикорон ба хотири ғорат зери мушту лагад кашида, кушта буданд, 14 сол ба зиндон фиристод. Ин ҳодиса боиси баланд шудани сару садоҳо байни сокинон бо пешниҳодҳои кӯч додани бозори мардикорон ба ҷойи дуртар аз маркази шаҳр ва таҳти назорат гирифани ин қишри осебпазири ҷомеа гардид.

Ҳамакунун дар канори бозори нерӯи кории нав дар маҳаллаи 34 –и Хуҷанд як марказе ҳам барои мардикорон бо чанд утоқи хоб ва чойхонаву ошхона бунёд шудааст. Соҳиби он ҷо – Абдукарим Воҳидов - дар сӯҳбат бо Озодӣ чунин гуфт: “Дар ошхона барои мардикорон ба се сомонӣ хӯроки арзон тайёр мекунем. Оши ҷуворӣ ва чойу нон. Боз ба 3 сомонӣ дар як шаб ҷойи хоб медиҳем. Як хонаро барои намозхонӣ дуруст кардем, ки намозхонҳо он ҷо бемалол намозашонро мегузоранд. Боз ният дорем, ҳукумат замин диҳад, барои мардикорон ҳаммому соябон дуруст мекунем.”

Пештар мардикорон дар маҳаллаи “Гулистон”-и Хуҷанд, ки фурӯшгоҳҳои зиёди маводи сохтмонӣ дорад ва наздик ба бозори Панҷшанбе, ҷамъ меомаданд. Онҳо канори роҳ саф меоростанд ва ба ҳаракати нақлиёту низоми таълим дар факултаҳои канори донишгоҳ халал мерасониданд. Саъю талошҳои батакрори пулис барои рондани мардикорон аз он ҷойи писандидаашон натиҷаи муассир намедод. Ин навбат мақомот бо роҳи дигар, таъсиси бозори махсус барои мардикорон ба ҳалли ин мушкил даст заданд.

Ҳарчанд расман дар вилояти Суғд ҳудуди 30 ҳазор бекор ба қайд гирифта шудааст, вале ҳамасола ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтани ҳудуди 250 ҳазор сокини минтақа баёнгари ҷойи кор надоштани қисмати қобили мулоҳизаи сокинони Суғд аст. Манобеъи ғайрирасмӣ шумораи муҳоҷирони кории Суғдро бештар аз омори расмӣ ва 350 – 400 ҳазор медонанд. Қисме аз ин афроди бекор, ки шароити иқтисодӣ ё оилаашон иҷоза намедиҳад рӯ ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷ аз ватан оранд ё таъми талхи мардикориву беҳуқуқӣ дар Русияро чашида, аз ғурбат дилсард шудаанд, дар диёри худ кор меҷӯянд. Ба гуфтаи мардикорони Хуҷанд, дар бозор умдатан онҳое ҳастанд, ки тахассуси баланд надоранд ва ба “корҳои сиёҳ”, мисли шудгор ё ҳамвор кардани қитъаҳои замину бор кардани масолеҳи сохтмон ба мошин умед мебанданд.

Аммо афроди соҳибтахассуси мардикор, ба қавле “дастонашон гул” дар бозор роҳи кордиҳанда намепоянд, балки кордеҳ ба ҷустуҷӯи онҳо меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG