Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро шавҳарон болои ҳамсарон "корд мекашанд"? CАДО


Додгоҳи вилояти Суғд ҳафаи гузашта Бахтиёр Худойбердиев, сокини 47-солаи деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшанро барои қатли ҳамсари ҷавонаш ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, Худойбердиев ҳамсарашро бо 17 зарби корд ба қатл расонидааст. Аз ин зан ном бурда намешавад, аммо мақомоти додгоҳ гуфтанд, ӯ 26 сол дошта, соҳиби як тифл аст.

Як манбаи наздик ба парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, Бахтиёр Худойбердиев соли 2015 аз муҳоҷират баргашта, ҳамсарашро ба хиёнат муттаҳам кард. Ҷанҷоли байни онҳо тақрибан як сол баҳс идома доштааст. Ба қавли манбаъ, “дар яке аз ин мавридҳо, ки рӯзи 22 сентябри имсол дар хонаи хоҳари Худойбердиев рух дод, ӯ ба ҳамсараш ҳамла кард ва 17 корд зад.”

Додгоҳ Бахтиёр Худойбердиевро дар заминаи“куштори махсусан бераҳмона” муҷрим эълон кард. Додгоҳ гуфт, баъд аз қатли ҳамсар ӯ мехост худкушӣ кунад, вале кормандони пулис ҳозир шуда, аз ин кор ҷилавгирӣ карданд.

Кушторҳои барқасдона рӯ ба афзоиш аст...

Бино ба омори расмӣ дар нимсолаи аввали 2016 бист ҷинояти “куштори барқасдонаи инсон” ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соле пеш 3 адад зиёд мебошад. Манобеи пулиси Суғд мегӯянд, ҳафтаи гузашта низ як марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳини ҷанҷоли оилавӣ, ба ҳамсари худ бо корд ҳамла карда ва ӯро аз ноҳияи пояш захмӣ кардааст. Ҳоло ин зан дар бемористон табобат мегирад ва мақомот алайҳи шавҳараш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

20 куштор дар натиҷаи хушунати хонаводагӣ дар Суғд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00
Линки мустақим

Ин танҳо ду мавриди ҳамлаи мардон ба ҳамсарон дар минтақаи шимолии Тоҷикистон дар соли равон аст. Бино ба омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 20 ҷинояти “куштори барқасдонаи инсон” ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соле пеш 3 адад зиёд мебошад. Бархе аз онҳо куштори зан аз сӯи шавҳар ё шавҳар аз сӯи зан аст. Бештари ин ҳодисаҳо, дар заминаи сабабҳои зоҳиран ночиз, мисли рашку ҳасад ва ҷанҷолҳои хонаводагӣ рух додааст.

Таҳлилгар: "Фарҳанги оиладорӣ коста шудааст"

Сабоҳат Бобоҷонова, корманди масъули созмони занони “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ба ҷони ҳам қасд кардани сарони оила нишонаи костани ахлоқ, фарҳанги оиладорӣ ва зиёд шудани хушунату зӯроварӣ дар хонавода аст.

Ӯ меафзояд: “Ҷабрдидаҳо одатан назди мо, Кумитаи кор бо занон, шӯъбаи корҳои дохилӣ, беморхона ё кумитаи маҳалла меоянд. Бояд, ки корбарӣ ба таври дастҷамъона бошад. Бояд мо ҳама бар зидди зӯроварӣ дар оила аз як гиребон сар бароварда, кор барем. Ғайр ин ин, мо бояд бо воситаҳои ахбори умум ҳамкории зич дошта бошем. Чунки як сабаби асосии ҷой доштани хушунат дар оила ва ҷомеаи мо, аз надонистани қонун ва ҳуқуқҳои худамон аст.”

Таҳлилгарону равоншиносони маҳаллӣ зиёд шудани ҳодисаҳои қатли одамони ба ҳам наздикро ҳамчунин аз бераҳм шудани одамон дар зери фишори мушкилоти иҷтимоӣ, бепарвоии ҷомеа ва масъулон медонанд.

"Саҳнаҳои бераҳмӣ, ҷомеаро бераҳм мекунад"

Моҳира Раҳимзод, коршиноси маҳаллӣ дар умури оила мегӯяд: “Имрӯз ҳама, хурдсолону калонсолон чизе, ки хоҳанд, филмҳои дорои саҳнаҳои бераҳмӣ, қатлу кушторро аз телевизион ва интернет тамошо карда метавонанд. Он саҳнаҳо ба одамоне, ки фарҳанг ва маънавиёти паст доранд, таъсири манфӣ мерасонад ва онҳоро тамошо карда, ба он амалҳои бераҳмона тақлид мекунанд.”

Вай афзуд, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон сокинон аз тарси муҳокимаву таънаи атрофиён мушкилоти оилавии пинҳон медоранд. Бархе ҳам аз сабаби он, ки ҳамсояҳову пайвандон ва мақомот мушкилоти онҳоро аз нодида мегиранд, аз муроҷиат ва ёрӣ хостан худдорӣ мекунанд..

XS
SM
MD
LG