Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷазои шавҳаре, ки бо табар зан ва ду фарзандашро кушт


Бинои додгоҳи вилояти Суғд.

Бинои додгоҳи вилояти Суғд.

Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ноҳияи Конибодомро барои қатли ҳамсар ва ду фарзандаш ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳодисаи куштор дар авоили соли ҷорӣ рух дода буд ва гуфта мешавад муноқиша сари харидани тӯҳфа сар задааст.

Баҳром Юлдошев -- сокини 38-солаи ноҳияи Конибодоми вилояти Суғдро барои қатли ҳамсар ва ду фарзанди наврасаш ба ҳукми абад маҳкум шудааст.

Як манбаъ дар додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми додгоҳ алайҳи ин мард, ки охири моҳи январ ва баъди бозгашт аз муҳоҷирати Русия зану ду кӯдакашро бо табар ба қатл расонида буд, рӯзи сешанбе содир шуд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло ҳукми додгоҳ ба ҳолати иҷро надаромадааст ва айбдоршаванда фурсат доранд, ки аз ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.

Алайҳи Баҳром Юлдошев дар моҳи январи соли ҷорӣ бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне куштор, парванда боз шуда буд. Ӯ қаблан низ бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ маҳкум шуда буд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Юлдошев рӯзи 30 январи соли ҷорӣ бо зарби табар ҳамсар ва кӯдаконашро куштааст.

Дар иттилоияи Вазорати умури дохилӣ гуфта мешуд, ки “рӯзи 30.01.2015 ҷасади Дилором Эргашева (соли таваллудаш 1976), сокини ҷамоати деҳоти Патари ноҳияи Конибодом бо фарзандонаш: Нурмуҳаммад Юлдошев, хонандаи синфи 5 ва Зарина Юлдошева, хонандаи синфи 1-уми мактаби таҳсилоти умумӣ дар хонаи истиқоматиашон бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар қисми сарашон дарёфт карда шуд.”

Маъмурони пулис баъд аз дарёфти ин хабар таъҷилӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, сабабу ҳолатҳои ҷойдоштаро омӯхтаанд: “Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар ин ҷинояти бераҳмона шаҳрванд Баҳром Юлдошев - шавҳари ҳамсари марҳум ва падари тифлакони маъсум дастгир гардид.”

Ба иттилои мақомот, муайян карда шудааст, ки Баҳром Юлдошев бо истифода аз табар ба сари ҳамсар ва фарзандони худ зарба зада, онҳоро ба ҳалокат расонидаву баъдан аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи чигуна рух додани ин ҳодиса гуфта буд, ки “ҷанҷоли оилавӣ барои маблағи пулӣ, яъне тӯҳфа харидан ба зодрӯзи бародари ҳамсар, боиси содиравшии ҷинояти мазкур гардидааст.”

Куштор ба сари худ ҷинояти хеле сангин аст, зеро ҳар чунин ҷиноят ба риштаи умри дасти кам як инсон теша мезанад. Равоншиносон чунин ҷиноятҳои бо бераҳмии гӯшношунид содиршударо аломати бераҳмтар шудани ҷомеа меноманд. Онҳо аз эҳтимоли боз ҳам бадтар шудани ин вазъ дар пайи бозгашти даҳҳо ҳазор муҳоҷири бекормонда аз Русия ҳушдор медиҳанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG