Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили тифли дар батни модар 15 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи вилояти Хатлон.
Додгоҳи вилояти Хатлон.

Як сокини ноҳияи Данғара, ки бо зарби корд фарзанди 7 моҳаашро дар батни модар кушта буд, барои 15 сол равонаи зиндон шуд.

Додгоҳи вилояти Хатлон Акбар Шарифов, як сокини ноҳияи Данғараро, ки бо зарби корд фарзанди 7 моҳаашро дар батни модар кушта буд, 15 сол равонаи зиндон кард. Ин ҷавон тибқи моддаи 104 қисми 2 (одамкушӣ) ва моддаи 32 қисми 1 (суиқасд)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд.

Акбар Шарифов дар пайи як муноқиша бо ҳамсараш Дилороми Раҳматулло, ки дар батнаш кӯдаки 7 моҳа дошт, бо корд ба ӯ ҳамла мекунад. Аз се зарби корд ба шиками ҳамсараш як корд ба қалби фарзандаш, ки дар батни ҳамсараш буд, мерасад. Пизишкони ноҳияи Данғара Дилоромро аз марг наҷот медиҳанд, аммо тифли 7 моҳаи ӯ ҳалок мегардад.

Наздикони ҷавон талош карданд, то бо бемории рӯҳӣ доштани Акбар ва бистарӣ кардани ӯ дар шифохонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ, ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ раҳо кунанд, аммо дар ниҳоят додгоҳ ӯро солим шинохта, ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Изатулло Табаров, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон мегӯяд, ҳарчанд, дар маводҳои парванда зикр шуда буд, ки ин ҷавон бар асари хуруҷи бемории рӯҳӣ ба чунин амал даст зада бошад ҳам, аммо ташхисҳо ӯро солим нишон доданд.

«Ӯ дар нишондодҳояш навиштааст, ки вақте аз кор омад, дид, ки ҳамсараш бо як марди ҳамсоя дар кӯча сӯҳбат дорад ва дар сараш чунин андеша омад, ки ҳамсараш бо ӯ хиёнат кардааст. Аммо пас аз се корд задан худаш рафта ба милиса ҳодисаро нақл карда, таслим мешавад.»

Ҳукми ин ҷавон дар ҳоле содир шуд, ки чанде пеш Дилороми Раҳматулло ба Радиои Озодӣ аз он шиква кард, ки мақомот бо бемории рӯҳӣ нишон додани ҳамсари собиқаш ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ раҳо карданианд.

Ҳарчанд, ҳоло ҳам наздикони Акбар Шарипов бародари худро гирифтори бемории рӯҳӣ медонанд ва ҳукми додгоҳ дар нисбат ба ӯро ноодилона мехонанд.

Ишқ миёни Дилороми Раҳматулло, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Акбар Шарипов тариқи телефонии мобилӣ оғоз гардид, ки ду соли пеш онҳо издивоҷ карданд. Аммо ин ишқ бо зарари ҷисмонии вазнин ба саломатии Дилором, ҳалокати фарзанди 7 моҳа дар батнаш ва 15 соли зиндонӣ шудани Акбар анҷомид.

XS
SM
MD
LG